ПАРВАРИШИ КИРМИ ПИЛЛА

Кирмакпарварӣ шуғли азалии мардуми мост.

Одамон бештар дарахти тут мекоштанду баҳри кирмак ҳамчун ғизо – барг мечиданд. Давраҳои аввалу сонии парвариши кирми абрешим паси сар мешуд. Ва оҳиста-оҳиста ба танидан оғоз мекард. Ҳамин тавр ҳосили пилла мебардоштанд. Аз нахи пурбаҳои он барои маишати рӯзгор ва хонаву ҷой ҳаргуна ашё мебофтанд.
Баробари рушди иқтисодиёт ба ҳосили пилла низ ниёз афзудааст. Ба аҳолӣ ва хоҷагиҳо қуттиҳои кирми пилла медиҳанд. 
Аз ҷумла, дар ноҳияи  Фориш ба аҳолӣ 875 қуттӣ кирми абрешим расонида доданд. Имсол дар назар аст, ки 56 тонна ҳосил гиранд.
Кирми пилларо дар 539 оила ва 237 хоҷагии фермерӣ парвариш мекунанд.
Агар порсол ба як килограмми он 27 ҳазор сӯмӣ пардохта бошанд, имсол ба 40 ҳазор сӯм расид. 

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти ҶИЗЗАХ. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: