«ОМАД БА ЛАБИ БОМАКИ МО ФАСЛИ БАҲОР...»

Дар ҳар давру замон мардуми мо мувофиқи сохти зиндагиашон дарду ғам, шодӣ ва комёбиву бурду бохти худро бо рубоӣ, байту суруд, зарбулмасалу мақол ифода намудаанд.

Дар ҳар давру замон мардуми мо мувофиқи сохти зиндагиашон дарду ғам, шодӣ ва комёбиву бурду бохти худро бо рубоӣ, байту суруд, зарбулмасалу мақол ифода намудаанд. Онҳо натанҳо завқу орзуву омол, душвории зиндагиро сурудаанд, балки вобаста ба маҳал, табиат, фасли сол, машғулият низ гӯяндагӣ кардаанд. Ҳар рубоӣ қисмате, рӯзгоре ва дардеву шодиеро инъикос мекунад. Бахусус, фасли зебои табиат – баҳори оламафрӯзро бо як хушнудию фараҳмандӣ пешвоз мегиранд.
Бо омадани баҳор майса аз замин рӯида, ба гилеми сабзи густурда монанд мешавад, духтаракон сатилу коса гирифта лаб-лаби сой пудина мечинанд, аз гулу алаф гултоқӣ бофта ба сар мегузоранд.
Кӣ гуфта метавонад, ки гули аввалини баҳорро аз кадом гулзор чидааст? Кӣ ёд дорад, ки бори аввал кадом таронаро суруда, афсонаеро, ки ҳамеша дар хотираш мондааст, бори аввал аз кӣ шунидааст? Ҳазорҳо сол пеш ҳам аз шунидани байти ҳузновар чашмҳо пуроб мешуданд, ҳамеша душмани зиндагӣ – марг, душмани шодӣ – ғам, душмани вафо – хиёнат буд ва имрӯз низ ҳаст.
Мардум ҳаёти талху ширини худро дар маросиму ҷашнҳои мардумӣ бо байту суруд ва дубайтиҳо ифода намудаанд. Аз ҷумла, борони баҳорро, ки ба дашту дара ва гулу себарга баъд аз сармои тӯлонии зимистон ҷон бахшидааст, борони баҳорро ба ду дидаи намноки худ монанд карда чунин сароидаанд:
Борони баҳору дидаи 
намнокам,
Борон ту бибор, 
сабза дамад дар хокам.
Борони баҳор сабзаро 
сероб кунад,
Сад сол бигардам, оқибат 
дар хокам.
Ё ки:
Дар лабаки ҷӯ дамида 
садбарги қатор,
Омад ба лаби бомаки мо 
фасли баҳор.
Се моҳи зимистонаю се 
моҳи баҳор,
Гул дар ғами боронаю мо 
дар ғами ёр.
Модарон ба истиқболи баҳор гандум рӯёнда, бо нияти нек дар деги калон то субҳ сурудхонон суманаки хушрангу ширадор мепазанд. Духтарон дар пайравии онҳо мерақсанд, бо нияти нек деги суманакро мекобанд. Наврӯз ба хонадонҳо нуру сафо, ба дилҳо меҳру вафо меоварад. Мардум ба истиқболи Наврӯз бо орзуву умеди нав либоси нав ба бар мекунанд, хонаву дар метаконанд, рӯ ба покию покшавӣ мениҳанд:
Мо булбулему рӯ ба 
гулистон дорем,
Кай парвои барфои 
зимистон дорем.
Мардум ҳамагӣ ғами 
зимистон бихуранд,
Мо дастбадаст рӯ ба куҳистон 
дорем.
Ҷавондухтарон ва ҷавонписарони қадрас ба якдигар номаҳои ишқӣ ирсол менамоянд:
Ин бар беду он бар бед, 
миёнаш садабед,
Ошиқ шудаам ба бачаи 
куртасафед.
Э, куртасафед, куртаякат 
баргаки бед,
Ман дил ба ту додаам, 
ҳастам баумед.
Наврӯз иди меҳр, сулҳу ваҳдат ва ҳамбастагии инсонҳост. Онҳо ёру дӯст, рафиқу бародар ва наздикони худро дар ин рӯзҳои фараҳбахш ёдовар мешаванд:
Кабкак сари шоху нолааш 
дар бӯстон,
Ғариб сари мо, 
ҷудо ай ёру дӯстон.
Ҳам фасли баҳор бошаду 
ҳам тобистон,
Ду булбули паршикаста 
дар чӯлистон.
Эҷодиёти даҳонакии халқ чашмаи хушкнашаванда аст. Манзараҳои нотакрори баҳор манбаи илҳоми на танҳо шоиру нависандагону рассомон, балки онҳо қалби одами оддиро низ ба ҷӯш меоваранд, эҳёи табиат ҳар як касро бори дигар ба ҳаёт дилгарм месозад.    

Саодат РӮЗИЕВА.        

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: