ПРЕЗИДЕНТ ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ БА ҚАРОҚАЛПОҚИСТОН ТАШРИФ ОВАРД

Президент Шавкат Мирзиёев ба мақсади шиносшудан бо рафти ислоҳоти иҷтимоӣ, татбиқи лоиҳаҳои бузург дар маҳалҳо, мулоқот бо халқ 21 сентябр ба Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ташриф овард.

Президент Шавкат Мирзиёев ба мақсади шиносшудан бо рафти ислоҳоти иҷтимоӣ, татбиқи лоиҳаҳои бузург дар маҳалҳо, мулоқот бо халқ 21 сентябр ба Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ташриф овард.
Сарвари давлатамон аввал ба мақбараи Мусо Ерниязов дар қабристони «Шорша баба»-и шаҳри Нуқус ташриф овард. Сурае аз Қуръон қироат карда шуд.
Мусо Ерниязов солҳои зиёд вазифаи Раиси Ҷоқарги Кенеси Қароқалпоқистон, муовини Раиси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистонро бар ӯҳда дошт. Ба вай унвони Қаҳрамони Ӯзбекистон дода шуд. 
Бо супориши Президенти кишварамон ба ифтихори хотираи марҳум мақбара бунёд гардид. Имрӯз ин ҷо  ба яке аз зиёратгоҳҳои обод табдил ёфт.
Президент Шавкат Мирзиёев ба ноҳияи Бӯзатов омада, ба хонаи сокини маҳаллаи «Ёшлик» Жугинис Ҷуманазаров ташриф овард.
Жугинис оға бо ҳамсараш Салимаапа панҷ духтарро тарбия кардааст, ки имрӯзҳо онҳо дар соҳаҳои маориф, фарҳанг, кишоварзӣ ва иқтисод кор мекунанд. Духтари хурдиаш Улзода Ҷуманазарова чемпиони Ӯзбекистон оид ба каратэ мебошад.
Сарвари давлат ба тарзи зисти оила ва дар мисоли он – шароити зист дар Бӯзатов таваҷҷӯҳ зоҳир намуд.
Оила аз боғ самаранок истифода мебарад. Гармхона мавҷуд буда, дарахтони мевадиҳанда ва маҳсулоти полизӣ рӯёнда мешаванд.
 — Дар Бӯзатов аз азал одамони кордон зиндагӣ мекунанд, — гуфт Шавкат Мирзиёев. — Заминаш  ҳосилхез буда, шӯр пахш накардааст. Аммо солҳои тӯлонӣ имконот дар ин ҷо таҳлил карда намешуданд, ноҳия каме аз эътибор дур монда буд. Хулласи калом, мо аз сокинони Бӯзатов қарздорем. То маркази наздиктарин — ноҳияи Кегейлӣ тақрибан 100 километр буд. Ҳоло мо кӯшиш мекунем, ки дар ин ҷо шароит фароҳам оварем, хидмати давлатиро ба роҳ монем, ҷойҳои корӣ ташкил кунем. Агар мо соҳибкоронро бовар кунонда, субсидия диҳем, инфрасохторро беҳтар намоем ва кӯчидани аҳолиро ба ин ҷо ҷалб кунем, ноҳияи мазкур имкониятҳои бузург дорад.
Ноҳияи Бӯзатов бо ташаббуси сарвари давлат соли 2019 аз нав ташкил шуда буд. Дар ду соли охир дар ин ҷо биноҳои баландошёна, марказҳои савдо, амфитеатр барои ҳазор ҷойи нишаст, майдончаи варзишӣ, Маркази ҷавонон сохта, роҳҳо таъмир карда шуданд. Корхонаи бофандагӣ ба кор сар кард.
Ҳангоми баромадан аз хонадон бо экологҳои Бӯзатов ва сокинони маҳаллӣ суҳбат сурат гирифт.
— Агар шумо захираҳои дохилии худро истифода набаред, сахт кор накунед, натиҷа нахоҳад буд. Аз ин рӯ, мо ният дорем, ки оид ба рушди ноҳияи Бӯзатов қарори алоҳида қабул кунем. Масалан, дар вилоят 11 ҳазор гектар замини ҳосилхез истифода намешавад. Мо ин заминҳоро ба яке аз вилоятҳои пешрафта вогузор хоҳем кард, насосҳоро барқарор мекунем, беҳтарин зоту навъҳоро меорем, низомеро фароҳам меорем, ки он маҳсулоти ҷамъоваришударо мехарад, — гуфт Президент.
Сокинони Бӯзатов тағйироти дар ноҳия ба амаломадаро қайд карда, барои таваҷҷӯҳ ба сарвари давлат изҳори сипос карданд.
Дар Бӯзатов Шавкат Мирзиёев бо интихобкунандагони қароқалпоқистонӣ вохӯрд.
Президент Шавкат Мирзиёев ба клиникаи бачагонаи назди Донишкадаи тиббии Қароқалпоқистон ташриф овард.  
Чор сол пеш сарвари давлати мо барои таҳкурсии ин муассиса санги асос гузошта буд. Маҷмӯъ ҳамин моҳ ба истифода дода шуд.
Клиника дар шароити статсионарӣ ба 3,6 ҳазор ва амбулаторӣ 22,4 ҳазор нафар хидмат мерасонад. Дар ин ҷо бар асоси технологияҳои баланд ба кӯдакони гирифтори бемориҳои модарзодӣ ва доимӣ ташхис гузошта ва онҳо табобат карда мешаванд. Шуъбаҳои ҷарроҳии дилу раги кӯдакон, ҷарроҳии инвазивии хурд, нейрохирургия, офталмология, оториноларингология, ҷарроҳии манаҳу рӯй, ортопедия ва гинекология бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз мебошанд.
Дар беморхона тақрибан 300 нафар кор мекунанд. Профессорон ва омӯзгорон, кормандони тиб таҷрибаи худро дар клиникаҳои пешбари кишварҳое ба мисли Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон, Австрия, Русия баланд бардоштанд.
Президент кӯдаконеро, ки дар ин ҷо табобат мегиранд, аёдат намуда, бо модарон сӯҳбат кард.
— Фарзанд саодати модар аст. Мо саъй хоҳем кард, ки ин хушбахтиро нигоҳ дорем, то кӯдакони бемор зуд шифо ёбанд ва кӯдакони солим бемор нашаванд, — гуфт Шавкат Мирзиёев.
Сарвари давлат инчунин бо донишҷӯёни донишкада, ки дар ин ҷо таҷриба меомӯзанд, мулоқот намуд. Зарурати зиёд кардани шумораи дарсҳо оид ба технологияҳои иттилоотӣ дар соҳаи тиб таъкид шуд.
Президент Шавкат Мирзиёев ба Ҷашнвораи ҷавонон дар шаҳри Нуқус ташриф овард.
– Ҳоло дар бозгашт аз ноҳияи Бӯзатов аз ҷашнвораи ҷавонон хабардор шудам ва қарор намудам, ки бо шумо мулоқот намоям. Барои он ки ба куҷое наравам, ҳамеша кӯшиш мекунам бо ҷавонон суҳбат намоям. Маҳз дар чашмони шумо, донишатон, бовариатон ба фардо ман Ӯзбекистони Нав, Қароқалпоқистони Навро дида, аз ин қувваи бузург мегирам, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Дар соли дастгирии ҷавонон ва мустаҳкамсозии саломатии аҳолӣ дар Қароқалпоқистон корҳои васеъмиқёс анҷом дода шуданд. Дар шаҳру ноҳияҳо 14 мактаби нав, 4 мактаби олии нав кушода шуд.
– Ман ҳамеша дар бораи ҷавонон, оиди аҳамияти таҳсил, ба даст овардани дониш ҳарф мезанам. Дониш дар оташ намесӯзад ва дар об фурӯ намеравад. Ҳар қадаре дониш дошта бошем, ояндаи мо беҳтар мешавад. Мо дар назди худ мақсад гузоштем, ки ба Эҳёи сеюм асос мегузорем. Ин таҳкурсиро кӣ бунёд мекунад? Танҳо ҷавонони босавод, – гуфт Президент.
Таъкид гардид, ки корҳое, ки ба фароҳам овардани имкониятҳо барои ҷавонон нигаронда шудаанд, идома хоҳанд ёфт. Аз ҷумла, 55 мактаби нав, барои 187 мактаб бинои иловагӣ сохта мешавад, 135 мактаб аз таъмири асосӣ бароварда хоҳад шуд.
Президент таъкид намуд, ки дар панҷ соли наздик дараҷаи фарогирӣ бо таълими олӣ ба 50 фоиз мерасад, барои он дар Қароқалпоқистон филиалҳои 6 мактабҳои олии бонуфузи мамлакатамон ва давлатҳои хориҷӣ кушода мешавад.
Дар панҷ соли оянда ба беш аз 100 ҳазор ҷавонон дар марказҳои ҷавонон ва мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии ҳар як шаҳру ноҳия забони хориҷӣ ва IT-технологияҳо  омӯзонда мешаванд. Хобгоҳҳои нав барои 6 ҳазор ҷой сохта мешаванд.
Ҷавонон Президентро гарму ҷӯшон истиқбол намуданд.
Бо ҳамин сафари Президент Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ба охир расид.

Зиёдулло ҶОНИБЕКОВ,
Авазбек ХУДОЙҚУЛОВ,
Абдулазиз МӮСАЕВ,
хабарнигорони ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: