Президенти Ӯзбекистон ба Русия сафари корӣ анҷом медиҳад

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 8-9 май бо сафари корӣ ба Маскав меравад.

Роҳбари кишвари мо бо даъвати Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин дар ҷамъомади навбатии Шӯрои олии иқтисодии Авруосиё дар мақоми роҳбари давлати нозир ва чорабиниҳои тантанавӣ ба муносибати 79-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳон ширкат хоҳад кард.

Мувофиқи барномаи будубош баргузории як қатор мулоқотҳои дуҷониба низ ба назар гирифта шудааст.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: