Меҳмонони озарбойҷонӣ бо маҳсулоти Ӯзбекистон шинос шуданд

  • Меҳмонони озарбойҷонӣ бо маҳсулоти Ӯзбекистон шинос шуданд

Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев дар ҳамроҳии роҳбари давлатамон бо фаъолияти Технопарк дар Тошканд шинос гардид.

Зимни гуфтугӯҳои имрӯз дар қароргоҳи «Кӯксарой» ба вусъат бахшидани ҳамкории саноатии ду мамлакат эътибори алоҳида нигаронда шуд. Майдони муносиб барои ин минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва технопаркҳои мамлакатамон ба шумор мераванд.

Дар Технопарки пойтахт 17 лоиҳа ба миқдори 365 миллион доллар ҷой гирифтааст. Ҳоло татбиқи 13 лоиҳа ба анҷом расида, дар доираи онҳо истеҳсоли ҳисобкунакҳои электронии газ, яхдон, кондитсионерҳои саноатӣ ва василаҳои хунуккунӣ, лифт ва эскалатор, насосҳои обкашӣ, василаҳо барои дару тиреза ба роҳ андохта шудааст. Ин маҳсулот мавқеи худро дар бозорҳои минтақа мустаҳкам менамояд, зеро зери назорати брендҳои хориҷӣ истеҳсол мегарданд.

Соли ҷорӣ корхонаи истеҳсоли маҳсулоти изолятсионӣ, таҷҳизоти обгармкунӣ, техникаи ошхона ва ҳамчунин маркази логистика ба роҳ андохта мешавад.

Ба Президенти Озарбойҷон ва меҳмонон дар бораи бартариҳои маҳсулоти тавлидии ин ҷо нақл карда шуд.

Роҳбарони давлатҳо ба идораҳои соҳавии ду мамлакат таҳия намудани лоиҳаҳои муштарак, андешидани чораҳо доир ба васеъ намудани ҳамкории саноатӣ ва тиҷоратӣ супоришҳо доданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: