РОҲБАРОНИ СЕКТОРҲО ТАҶРИБАИ БУЛУНҒУРРО ОМӮХТАНД

Аз соли гузашта инҷониб таҳти ташаббуси ҳокимияти вилоят барои роҳбарони секторҳои шаҳру ноҳияҳо ва котибони онҳо бахшида ба натиҷадории корҳое, ки бобати беҳсозии сифати фаъолияти секторҳо, рушди иҷтимоиву иқтисодии минтақаҳо амалӣ мегарданд, семинарҳо гузаронида мешавад.

Семинари нахустини имсола дар ноҳияи Булунғур баргузор гардид.
Дар оғоз роҳбарони секторҳо аз мавзеи Ӯзбекистони Нав дидан карданд.
Барои мавзеи нав 24 гектар майдон ҷудо ва дар он ҷо бунёди 56-то манзили истиқоматии бисёрошёна, 2 мактаб барои 990 донишомӯз, 2 ташкилоти таълими томактабӣ барои 120 нафар, бинои маҳалла, поликлиникаи оилавӣ ва майдончаҳои варзишӣ муқаррар гардидааст. Ҳоло корҳои сохтмон идома ёфта, дар соли 2025 пурра ба анҷом расонидани онҳо дар назар аст.
Иштирокдорон аз корхонаи коркард ва хушконидани маҳсулоти сабзавот, ки Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Metan business fruits» дар мавзеи Ғӯбдин дар асоси барномаи инвеститсионӣ ба кор даровард, боздид намуданд. Дар корхона дар натиҷаи татбиқи лоиҳаи 25,9 миллиард сӯмина 20 ҷойи нави корӣ ташкил гардидааст. Инчунин, соли 2022 аз ҷониби таъсисдиҳандаи корхона тавассути ҷорӣ кардани низоми обёрии боронии заминҳо парвариши зироати ғалладона ва лӯбиёӣ роҳандозӣ карда шуд.
Дар доираи тадбир дар маҳаллаи Олмазор ташкилоти таълими томактабии нав барои 120 нафар, ки дар асоси шарикии давлатӣ ва хусусӣ бунёд гардидааст, мавриди истифода қарор гирифт.
Роҳбарони секторҳо дар Хона-музейи Фозил Йӯлдош баромадҳои ансамбли халқии фолклорӣ-этнографии «Чавқӣ»-ро тамошо карданд, бо лоиҳаҳое, ки дар минтақа амалӣ мегарданд, шинос шуданд.
Баъд роҳбарон бо таҷрибаи ноҳия бобати истифодаи босамари замини наздиҳавлигии аҳолӣ дар асосии тамоюли «Як маҳалла – як маҳсулот» ошно гардиданд. 
Соли 2022 Сарвари давлатамон дар мисоли маҳаллаи Қамашии ноҳияи Касбӣ дар ҳар як ноҳияи ҷумҳурӣ ташкил кардани як «Маскани маҳаллаи обод» супориш дода буд. Барои ин дар ноҳия маҳаллаи Мингчинор интихоб гардид. Ҳоло дар маҳалла бахши булунғурии «Amr-ul Baxr VMJ» кор пеш мебарад. Дар ин ҷо пойафзорҳои чармин истеҳсол мекунанд. 
Роҳбарони секторҳо бо фаъолияти ин ҷамъияти масъулияташ маҳдуд ва корхонаҳои «Daka intex» ва «Garden plast»-и ноҳия шинос гардиданд.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик» 
дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: