Президенти Ўзбекистон бо Раиси Ҳукумати Русия музокирот анҷом дод

  • Президенти Ўзбекистон бо Раиси Ҳукумати Русия музокирот анҷом дод

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, ки бо сафари расмӣ дар Маскав қарор дорад, 6 октябр бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустин музокирот анҷом дод.

Мулоқот дар Маркази ҳамоҳангсозии Ҳукумати Русия сурат гирифт.

Масъалаҳои муҳими рӯзномаи дуҷонибаи иқтисодӣ баррасӣ шуданд.

Сарвари давлатамон аз ташкил ва баргузории бомуваффақияти Форуми сеюми ҳамкориҳои байниминтақавӣ, ки дар натиҷаи он байни минтақаҳои ду кишвар ба маблағи 3,5 миллиард доллар ҳуҷҷатҳо ба имзо расид, истиқбол кард.

Ба нигоҳ доштани динамикаи гардиши мол ва густариши робитаҳои ҳамкорӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд. Барои ҳамоҳангсозии самараноки корҳо оид ба амиқсозии кооператсияи саноатӣ Гурӯҳи муштараки корӣ таъсис дода шудааст.

Масъалаҳои якҷоя татбиқ намудани лоиҳаҳо дар соҳаи рақамисозии тандурустӣ, таълим, инчунин ҷорӣ кардани тиҷорати электронӣ дар Ӯзбекистон баррасӣ шуданд.

Имкониятҳои васеъ барои рушди минбаъдаи шарикии амалии минтақаҳои ду кишвар ва бо лоиҳаҳои мушаххас ғанӣ гардондани он қайд карда шуданд.

Дар бораи ташкили мубодилаи таҷриба дар соҳаи шаҳрсозӣ ва азнавсозии фонди манзил созиш ҳосил гардид.

Дар поёни музокирот Президенти кишварамон Раиси Ҳукумати Русияро даъват кард, ки бо сафари расмӣ ба кишвари мо ташриф оварад.

Сипас ҳайати Ӯзбекистон бо кори Маркази ҳамоҳангсозии Ҳукумати Русия шинос шуд. Михаил Мишустин ба Сарвари давлатамон дар бораи фаъолияти ин ниҳоди доимӣ, ки бо мақсади таъмини фаъолияти фаврӣ ва ҳамоҳангшудаи мақомоти иҷроия таъсис ёфтааст, муфассал маълумот дод.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: