РОҲЕ, КИ БА НАКӮӢ ҲИДОЯТ МЕКУНАД

Фарзанди Одам аз пайдоиши ҳаёт то ҳозир ба сӯйи рӯшноӣ роҳ мепаймояд.

Фарзанди Одам аз пайдоиши ҳаёт то ҳозир ба сӯйи рӯшноӣ роҳ мепаймояд. Дар замири урфу одат, анъана ва маросимҳои мардуми мо хайру саховат, некӣ ва инсонпарварӣ ҷойгузин аст. Бо риоя ба амалҳои ҳадис мефаҳмем, ки мазмуну моҳияти онҳо ба ҳаёти равшану зебои мо нигаронида шудаанд. Аз тарҷумаҳои китоби муқаддаси Қуръон ҳамонро мефаҳмем, ки Офаридгор инсонро аз ҳама мукаррам ва азиз офаридааст.  
Баробари омӯхтани маданияти ислом ва бо арзишҳои миллӣ аз наздик ошно гардидан, гувоҳи он мегардем, ки мардуми мо аз азал ба оила, никоҳ, тарбияи фарзанд эътибори ҷиддӣ додааст. Баъзан тарбияи фарзандро чунин мепиндоранд, ки гӯё яке аз амалҳои оддии ҳаррӯзаи модарон бошад. Дар асл, парваришу тарбияи кӯдак ва соҳиби маънавият гардондани он аз волидон тамоми умр масъулият ва вазифадориро талаб мекунад.
То ақламро шинохтам, аз тарбияи момоям баҳра бардоштаам. Момоям панду насиҳат ва одатҳои худро ба мо меомӯзонд ва иҷрои онҳоро аз мо талаб мекард. Баъзан рӯзҳои сарди зимистон оббозӣ карданро намехостем. Бо умеди гарм шудани рӯз шустушӯйро ба ҳафтаи оянда мегузоштем. Момоям таъкид мекард, ки ҳар ҳафта рӯзи ҷумъа бояд шустушӯй кунем.– Ҷумъа рӯзи муқаддас, бояд тозаву озода шуд,– гуфта обдастаю тағораро гирифта моро ба ҳаммом мебурд. Ба шустушӯйи бетартибона, исроф кардани об роҳ намедод. Мӯямонро ба тартиб дароварда, аз мобайни сар ба ду тараф баробар фарқ мекушод. Аз болои фарқи сар об мерехт. Аввал ба китфи рост, пас ба китфи чап об рехта пичирросзанон дуо мехонд. «Мункарнакир, Раҳмон, Раҳим» ва боз дигар номҳоро ба забон меовард.
– Момоҷон, инҳо ба шумо кӣ мешаванд?
– Инҳо назораткунандагонанд, фариштаҳоеанд, ки ҳамаи аъмоли моро навишта мегиранд.
– Момоҷон, аъмол чист?
– Аъмол корҳои нек ва бади мо мебошад, тоза ва пок нагаштан ҳам кори бад аст. Фариштае дар китфи ростамон нишаста, корҳои хуб ва дигараш дар китфи чап нишаста корҳои бади моро навишта мегирад. Агар тозаву озода ва сариштакор набошед, «ин бача дангоса будааст» гуфта дар китобаш менависад.
– Момоҷон, мактаб нахондаед, ин гапҳоро аз куҷо медонед?
– Кӣ гуфт мактаб нахондаам? Чунин гапҳоро ба ман низ момою бобоям фаҳмондаанд, китобҳои пешина низ инсонро ба илмомӯзӣ даъват намудаанд. Ман дар мактаби кӯҳна хондаам, аз коғаз, қалам, сиёҳ, лавҳ истифода бурдаем.
– Дар мо ҳам ин чизҳо ҳастанд, аммо лавҳ нест.
– Чаро лавҳ набудааст, дар парта нишаста менависи-ку?
Момоям суҳбаткунон сачоқро гирифта, бадан ва мӯйҳои маро пок мекард. Баъд бо шонаи чӯбин мӯямро шона мекард, аз пушти гӯшам сар карда майда мебофт, бофтаҳоро бо риштаи сиёҳ ба якдигар гузаронда пайваст мекард ва боз ҳикояашро давом медод.
– Дар мактаби духтарбачаҳо мехондам, дар саҳни ҳуҷра бурё партофтагӣ буд. Модарам аз латтакуҳна кӯрпача дӯхта буд, дар баъзе духтаракон ҳамон ҳам набуд. Китобҳоямонро ба рӯйи лавҳ монда мехондем. 
Момоям ба мо дар хусуси одатҳои шаръӣ –  ғусл, таҳорат, таяммум, намоз ҳарф мезад. Ӯ ниҳоят эҳтиёткор буд, пеш аз  фаҳмондани ин амалҳо аз маҳкам будани занҷири дари дутабақаи ҳавлӣ хабар мегирифт. Пардаи тирезаро аз ду тараф мепӯшонд. Суҳбати мо асосан шабҳо, баъди ҳама хоб кардан қӯр мегирифт.
– Ҳамаи навиштаҳои китобҳои муқаддас инсонро ба накӯӣ, инсонпарварӣ, меҳру оқибат, дурӯғ нагуфтан, ғайбати касро накардан, эҳтироми калонсол, ҳурмати падару модар ҳидоят мекунад. Дар мактаби куҳна ба мо ҳаминҳоро ёд додаанд.
– Ҳамон мактаб ҳоло дар куҷо?
– Норҷонмоморо, ки ба хонаи мо зуд-зуд меомад, мешиносӣ?
– Ҳа, момои мӯяш дарозро мегӯед?
– Худи ҳамон, ӯ дар мадрасаи занону духтарони шаҳр дарс додааст. Ман дар мактаби куҳна се сол хондам. Аз муаллими сонӣ ҳам кам-кам медонам.
– Муаллими сонӣ кист?
– Аз муаллими сонӣ алифбо ва ҳарфҳоро меомӯхтем. Бо чор шакл навиштани як ҳарфро агар навишта ё хонда натавонем, ба сарамон бо калтак мезад...
Момоям мегуфт, аз оби зарфе, ки якчанд рӯз рӯяш кушода аст, нанӯшидан, хӯроки се-чоррӯзаро тановул накардан, шустани дегу табақро ба таъхир наандохтан, хонаи нарӯфта, шабона либосҳои шустаро дар берун намондан ва ғайра макруҳ (нораво, манъшуда) ҳисоб меёбад. Ба ғайр аз ин, меҳр, саховат, эҳсон, худоӣ, инсонпарварӣ барин одатҳои мо мавҷуд.  Аммо ин фазилатҳо ҳам меъёр доранд. Баъзе шахсон ҳастанд, ки худ ночор зиндагӣ мекунанду аз хӯрду пӯшидани фарзандонашон захира карда, бо мақсади худнамоӣ саховат карданӣ мешаванд, ки ин кори савоб ҳисоб намеёбад. Хӯрдану нӯшидан, дилхушӣ, истироҳат, хоб... ҳамаи ин ҷоиз. Аммо аз меъёр зиёд хоб кардан, тановул кардан, ба меҳнати ҷисмонӣ машғул нашудан ба саломатии инсон зарар дорад. 
Дар ҳар давру замон ба таълиму тарбия, ғайр аз китобҳои таърихӣ ва адабиётҳо, бобою момоҳои мо бо гуфтаҳои худ низ ҳисса гузоштаанд, ки барои ҳар яки мо панди ҳаёт мебошад.

Собира БӮЛДИЕВА,
узви Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: