“САВТИ МУНОҶОТ” — ДАР МАКТАБИ ЭҶОД

Дар мактаби эҷодии ба номи Ҳалима Худойбердиева бахшида ба 579-умин солгарди мавлуди шоир ва мутафаккири бузург Алишери Навоӣ таҳти унвони “Савти муноҷот” тадбири адабиву мусиқӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ сенатор, роҳбари шуъбаи Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон дар вилояти Сирдарё, шоира Ҳаётхон Ортиқбоева, Ҳунарпешаи шоистаи Ӯзбекистон Асатилло  Холиқов, хонандагони мактаб ва дигар меҳмонон иштирок карданд.
Тадбирро директори мактаб, шоир Муҳаммад Исмоил бо суханҳои зерин ифтитоҳ кард: 
– Роҳи зиндагии ин абармарди инсонпарвар саропо намунаи ибрат аст. Ӯ ҳамчун шоир ва мутафаккир  ба хазинаи тамаддуни ҷаҳон саҳми арзанда гузошт... Аз ин ҷост, ба мероси адабии Алишер Навоӣ на танҳо олимону муҳаққиқони Шарқ, балки шарқшиносони Ғарб низ таваҷҷӯҳ зоҳир кардаанд. Омӯхтани мероси адабии шоир аз ҷониби шарқшиноси Фаронса Катрмер ва олимони рус И. Березин, М. Никитский далели ин фикр аст.
Шоира Ҳаётхон Ортиқбоева низ доир ба шуҳрати ҷаҳонии эҷодиёти Алишер Навоӣ ва аҳамияти имрӯзаи асарҳои шоир сухан гуфт.
Хонандагони мактаб С.Холбоева, К. Синдорова, З.Мингбоева, Ҳ. Ҳасанова ва дигарон намунаҳоро аз ғазалиёти шоир бо маҳорати тамом қироат карданд. Сарояндаи хушовоз Асатилло Холиқов сурудҳоро бар матни ғазалҳои Алишер Навоӣ бо маҳорати тамом иҷро кард. Махсусан суруди “Савти муноҷот”-и ӯро иштироккунандагони тадбир бо хушнудӣ истиқбол карданд.

Т. БОҚИЕВ, 
хабарнигори 
“Овози тоҷик” дар вилояти Сирдарё.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: