ШАСТИ СИРОҶИДДИН ИКРОМӢ

Боқӣ Раҳимзода, Мирсаид Миршакар, Аминҷон Шукӯҳӣ, Абдумалик Баҳорӣ, Меҳмон Бахтӣ барин адибонамон баробари иншои шеър як гӯшаи насри адабиёти моро обод карда бошанд, имрӯз шоирҳои номвар Гулрухсор ва Зулфияро чун нависанда низ мешиносем.

 Нависандаи боистеъдод Сироҷиддин Икромӣ дар рӯзҳои мо ин анъанаро давом дода, бо назм ва насри дилошӯб дар рушди адабиёти муосир саҳм мегузорад.
Вай нисбати ҳамсолонаш дертар ба майдони адабиёт ворид гашт. Вале дар понздаҳ-бист соли охир самаранок эҷод кард ва ба дӯстони ҳамқаламаш, ки сермаҳсуланд, «расида гирифт». Аз сафи адибони пештоз ҷой гирифт. «Ошёни меҳр» (2000), «Дар ҳасрати дидор» (2010), «Баъди борон» («Ирфон»), «Як қадам то варта» (2014), «Аз зулмот ба сафо» (2014), «Вақте ки насиб накард» (2015), «Боздошти муҳоҷир» (2018), «Подош» (2020) барин маҷмӯаҳои ашъор ва қиссаву ҳикоёташ аз тариқи нашриётҳои «Ирфон», «Бебок», «Адабиёти бачагона» ва «Адиб» ҷомаи табъ ба бар карданд. 
Чанде пеш маҷмӯаи тозаи ҳикояву қиссаҳояш бо унвони «Барфи хунолуд» аз чоп баромад ва дастудили хонандагони сершуморро гарм намуд. Навъе дар шиносномаи китоб қайд гардида, «навиштаҳо аз рӯзгори содаву пурҳиммати рустоиён, муносибати нозуки хонаводагӣ, бархӯрдҳои отифии инсонҳои муосир фароҳам омада, ахлоқи ҳамида ва арзишҳои волои инсониро талқин менамоянд».
Дар озмуни Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ду китоби ин адиб – «Боздошти мусофир» ва «Подош» (дар бахши наср) сазовори ҷои аввал гардидааст. 
Яке аз ҳикояҳои нависанда «Гуноҳи азим» бо ғоя, драматизми пурқувват ва ҷолибии сужети худ ҷудо шуда меистад. Қаҳрамонҳои марказӣ – паҳлавонҳои ду деҳа (Ёнакӯҳ ва Қалъабанд). На ҳама гӯштингирон, вақте  пушташон хок хӯрд, мард ва тандеҳанд. Мағлуб шуда монанд, алам мекашанд, ба хашм меоянд. Ҳол он ки мағлубият кори айб нест, ҳолатест, ки рӯзе ба сари ҳар ҷаҳонпаҳлавон омаданаш мумкин. Ҳикоя бо ин  байти ҳикматомези Саъдӣ ҷамъбаст ёфтааст:
Худое, ки болову паст офарид,
Забардасти ҳар даст даст 
офарид.
Қисмате аз асарҳои Сироҷиддин Икромӣ ба забонҳои русӣ ва англисӣ тарҷума шуда ва ӯ чун адиби хушқалам дар доираи байналхалқӣ низ шинохта шуд. Дар озмуни байналмилалии адабии «Евроосиё» аз рӯйи номинатсияи «Осори адабӣ» қиссаи ӯ «Аз зулмот ба сафо» соҳиби ҷоиза гардид (2015).
Сироҷиддин зодаи ноҳияи Рашт аст (адибони тоҷик Аҳлиддин Ҳисорӣ ва Муҳаммадраҳими Сайдар низ зодаи ин сарзамини суханпарвар). 
Сироҷиддин дар мактаби таълими умумии рақами сеюм ( – воқеъ дар деҳаи Қазноқ), таҳсил гирифтааст. Меҳри адабиёт ва эҷод ӯро ба Душанбе овард. Ҳамчун китобдор кор кард, ҳамзамон дар шуъбаи шабонаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон таҳсил намуд. Баъди маълумоти олӣ гирифтан низ китобдориро, баробари ҳамин эҷоди бадеиро давом намуд. Дар баробари сабақҳое, ки аз устодон гирифт, худомӯзӣ – ҳамнафасиаш  бо «фурӯғ-и субҳи доноӣ» ба сабзиши  истеъдоди ӯ мусоидат сохт. Вай ба дараҷаи китобшиноси пешбар, ходими калони илмӣ, мудири шуъба, муовини директори Хонаи китоби Тоҷикистон (собиқ Палатаи давлатии китоби ҷумҳурӣ) расид. Аз соли 2015 то соли 2020 ба ҳайси директори Корхонаи давлатии таъминот ва савдои «Китоб» фаъолият бурд. Баъд қисмат ӯро ба Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пайваст. Ҳоло мудири бахши наср дар ташкилоти адибон мебошад.
Сироҷиддин дар тарҷума низ таҷрибаи хос ва қалами расо дорад. Намунаи осори нависандагони рус Семён Винокур, Ксения Положаева, Олег Пугач, Татяна Лонской, Надежда Опескина, Михаил Попов, Александр Рубанов, Захар Прилепинро ба тоҷикӣ баргардондааст. Драмаи адиби турк Тунҷер Ҷуҷеноғлу «Бунбаст»-ро низ ба тоҷикӣ гардонд. Қиссаву ҳикояҳои адиби ӯзбек Нуралӣ Қобулро ҳам аз русӣ ба тоҷикӣ тарҷума намуд. 
Қисмате аз ҳикояҳои Сироҷиддинро мутарҷими хушсалиқа Абдуҷаббор Мӯъминов ба ӯзбекӣ гардонда ва ин айём барои чоп ба нашрҳои адабии Ӯзбекистон тавсия кардааст. 
Сироҷиддин хусусан дар тарҷумаи филмҳои бадеӣ (аз русӣ ба тоҷикӣ)  зиёд заҳмат мекашад. Баргардониши даҳ картина, аз ҷумла филмҳои бисёрқисматаи «Ҳамсари полис», «Рӯзноманигор», «Шоҳмотбоз» ва «Малика Марго» ба қалами ӯ тааллуқ дорад. 
Ӯ Аълочии матбуот ва фарҳанги Тоҷикистон, барандаи Мукофоти ба номи Лоҳутии Иттифоқи журналистон, соҳиби мукофоти давлатӣ – нишони «Хидмати шоиста» мебошад.       
Соли 2023 нависанда барои маҷмӯаи қисса ва ҳикояҳои «Барфи хунолуд» ба Ҷоизаи  адабии ба номи Садриддин Айнӣ сазовор шудааст.
Яке аз  чеҳраҳои насри муосири тоҷик Сироҷиддин Икромӣ шастро пур кард. Ба ӯ, ки дар авҷи камолоти эҷодист, саломатии бардавом мехоҳем.

Муҳаммадҷон ШОДӢ,
ш. ТОШКАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: