ШЕФТАИ ОСОРИ НАВОӢ

Аз он ки Алишери Навоӣ ба рушди адабиёт, забон ва фарҳанги ӯзбек саҳми беназир гузоштааст, мояи ифтихорамон мебошад.

Аз он ки Алишери Навоӣ ба рушди адабиёт, забон ва фарҳанги ӯзбек саҳми беназир гузоштааст, мояи ифтихорамон мебошад. Дар адабиётшиносӣ эҷодиёти Навоӣ бештар мавриди тадқиқу таҳқиқ қарор гирифтааст. Дар байни онҳо хидматҳои В. Абдуллоев, Ҳ. Сулаймон, Н. Маллаев. А. Ҳаитметов, С. Ғаниева ва хусусан академик Азиз Қайюмов, ки ҳоло аҳли илм наваду панҷумин солгарди зодрӯзи равоншодро ба некӣ ёд мекунанд, хеле назаррас аст. Устод, баъди ба майдони адабиёт қадам ниҳодан, ҷараёни корҳои табъу нашри осори Навоиро таҳти назар гирифт. Ӯ аз он ки забони форсиро хуб медонист, баробари Порсо Шамсиев ва дигар олимони форсидон дар тарҷумаи таҳтуллафзии девони Фонӣ ба забони ӯзбекӣ фаъол ширкат ҷуст. Бахшида ба «Хамса»-и Алишер Навоӣ — «Ҳайрат-ул-аброр», «Фарҳод ва Ширин», «Лайлӣ ва Маҷнун», «Сабъаи сайёр» ва «Садди Искандарӣ» рисолаи илмию таҳлилии худро (иборат аз панҷ китоб) таълиф намуд.
Ба сабаби он ки хидматҳои бузурги навоишинос ба ҳамагон маълум аст, бо қисман ба забон овардани таълифоти ӯ иктифо мекунем. Аксарият рӯйи эътибор намегардонданд, вале Азиз Қайюмов такрор таъкид менамуд, ки барои тадқиқу таҳқиқи осори Навоӣ «Панҷ ганҷ»-и Низомӣ, Деҳлавӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ манбаи асосӣ маҳсуб меёбанд. Ҷонибдори он буд, ки бояд осори Абдураҳмони Ҷомию Алишер Навоӣ дар якҷоягӣ нашр шаванд, ин ду бузурги илму адабро аз якдигар наметавон ҷудо кард. Худи ӯ пештар аз дигарон рисолаи илмию оммавие доир ба Ҷомӣ ва Навоӣ таълиф намуд. 
Инҷониб бо устод соли 1979 шинос шуда будам. Баъди бо шеърҳоям ошноӣ пайдо кардан, ӯ дархост намуд, ки достони «Юсуф ва Зулайхо»-и Абдураҳмони Ҷомиро ба забони ӯзбекӣ баргардонам. Гуфтанд, ки бино ба нақша он бояд соли 1981 ба дасти нашр расад. Он ҳангом устод бори вазифаи директории Пажӯҳишгоҳи ба номи Ҳ. Сулаймонро бар дӯш дошт. Дар он рӯзгор нашри китобҳои теъдодашон зиёд таҳти номи «Силсилаи классикони Шарқ» ба зиммаи пажӯҳишгоҳи мазкур буд. Камина ҳар рӯз тарҷумаро пеши устод мехондаму ӯ ба матни мавриди тарҷума чашм давонда, таҳрир ворид менамуд. Ин дарси нахустини ман дар боби тарҷума буд. Китоб рӯйи чопро дид. Баъд ӯ пешниҳод намуд, ки достонҳои «Лайлӣ ва Маҷнун» ва «Саломон ва Абсол»-ро тарҷума кунам. Ба ивазаш ба сифати ходими илмӣ маош мегирифтам. 
Баъди ду соли ҳамкории эҷодӣ фаъолияти кориам дар дигар ҷо оғоз ёфт. Вале ба шарофати таъсири устод достонҳои «Хусрав ва Ширин» ва «Лайлӣ ва Маҷнун»-и шоири классики форс-тоҷик Низомии Ганҷавиро ба забони ӯзбекӣ баргардонда, тавассути нашриёти «Ал-Ҳудо»-и Эрон соли 2005 ба дасти чоп расондам. Устод ба ҳар ду китоб пешсухан навишта, тавассути телефон чанд бор таъкид намуд, ки достонҳои боқимондаи Низомиро низ турҷума кунам. Нахостам сухани устод ба замин монад. Биноан, «Хамса»-и Низомиро пурра тарҷума карда, нашр кунондам. Устод арзи сипос намуд ва илова кард, ки достонҳои боқимондаи Абдураҳмони Ҷомиро низ ба забони ӯзбекӣ баргардонам. Ин дархост низ амалӣ гардид. Сипас бо илқои ӯ ба тарҷумаи девони ғазалҳои Камоли Хуҷандӣ камар бастам. Устод сифати ғазалҳоро аз назар гузаронда, дар омади гап гуфт: «Акнун як кори дигар мекунед. Агар «Хамса»-и Амир Хусрави Деҳлавиро низ тарҷума кунед, барои навоишиносони оянда се манбаъи муътамад омода мегардид». Ин корро низ анҷом додам.
Вақте устод романи шеърии инҷониб «Амир Темур»-ро хонда баромаданд, барои он тақризе омода карданд. Сипас, манбаъҳои даркориро пешниҳод намуда, маслиҳат доданд, ки дар бораи Мирзо Улуғбек ва Ҷомӣ ва Навоӣ достон бинависам. Ҳайати ҷашнии Амир Темур, баъди як сол, романи шеъриро ба чоп тавсия намуд.
Рӯзе ба устод гуфтам, ки як дӯстам «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолуддини Балхиро ба забони ӯзбекӣ баргардондааст, бори муҳарририи онро ба дӯш мегирифтед... Ҳанӯз суханам ба охир нарасида, изҳор доштанд: «Олимҷон, ман бо «Маснавӣ» сарукор надорам». Дертар ба ёдам расид, вақте ба тарҷумаи девони Ҳофиз шурӯъ карда будам, ба ҷуз аз як китоби бо ҳуруфи форсӣ чопшудаи шоирро пешниҳод намудан, ҳарфе нагуфтанд. Ҳангоми тарҷумаи «Чор китоб» низ ба устод муроҷиат накардаам.  
Дертар идрок намудам, ки устод танҳо манбаъҳоеро тарҷума кунонда будааст, ки ба навоишиносӣ иртибот дорад. Яъне ӯ, пеш аз он ки мухлиси адабиёти форсӣ бошад, шефтаи эҷодиёти Навоӣ будааст. Устод басе хоста будааст, ки насли оянда аз осор ва зиндагиномаи Алишер Навоӣ вуқуфи бештаре дошта бошад, тадқиқгарон дар ин росто ковишҳои арзанда анҷом диҳанд.

Олимҷон БӮРИЕВ,
шоир ва тарҷумон.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: