ШОҲАСАРҲОИ АДАБИЁТИ ӮЗБЕК БА ЗАБОНИ АРАБӢ ТАРҶУМА МЕШАВАНД

Ректори Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд Гулчеҳра Рихсиева дар Қоҳира бо ректори Донишгоҳи Айн-Шамси Миср Маҳмуд ал-Матинӣ мулоқот анҷом дод.

Зимни гуфтушунид ба роҳандозии ҳамкориҳои ду муассисаи таҳсилоти олӣ ва муайян намудани самтҳои пешомадноки он таваҷҷуҳи асосӣ дода шуд.
Ректор Маҳмуд ал-Матинӣ ба ташкили курсҳои кӯтоҳмуддати донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд, ташкили сафарҳо ба Ӯзбекистон ҷиҳати табодули таҷрибаи мутахассисони ин соҳа таваҷҷуҳ зоҳир намуд.
Ҷонибҳо мувофиқа намуданд, ки шоҳасарҳои адабиёти ӯзбекро ба забони арабӣ бо кумаки мутахассисони Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд ва олимони мисрӣ – профессори факултети забон ва адабиёти Донишгоҳи Айн-Шамс Магдӣ Маҳлуф, ки вай ба забони арабӣ китоби «Бобурнома»-ро тарҷума кардааст ва мудири кафедраи ҳамин факултет, доктори илмҳо Муҳаммад ал-Гибалӣ тарҷума кунанд.
Донишгоҳи Ал-Шамс, ки соли 1950 таъсис ёфтааст, яке аз бузургтарин муассисаҳои таҳсилоти олии Миср мебошад. Айни замон донишгоҳ дар қатори 800 муассисаи бонуфузи таҳсилоти олии ҷаҳон қарор дорад. Донишгоҳ 19 факултет ва як донишкада дорад. Дар донишгоҳ зиёда аз 10 ҳазор омӯзгор ба қариб 200 ҳазор донишҷӯйи маҳаллӣ ва хориҷӣ сабақ медиҳанд.

АИ «Дунё»,
шаҳри ҚОҲИРА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: