Президент аз корхонаҳои саноатӣ дидан кард

  • Президент аз корхонаҳои саноатӣ дидан кард
  • Президент аз корхонаҳои саноатӣ дидан кард
  • Президент аз корхонаҳои саноатӣ дидан кард
  • Президент аз корхонаҳои саноатӣ дидан кард
  • Президент аз корхонаҳои саноатӣ дидан кард
  • Президент аз корхонаҳои саноатӣ дидан кард
  • Президент аз корхонаҳои саноатӣ дидан кард
  • Президент аз корхонаҳои саноатӣ дидан кард
  • Президент аз корхонаҳои саноатӣ дидан кард

Президент Шавкат Мирзиёев 2 август бо фаъолияти корхонаҳои минтақаи озоди иқтисодии «Ангрен» шинос шуд.

Минтақаи иқтисодӣ, ки соли 2012 таъсис ёфтааст, солҳои охир васеъ гардид. Имрӯз он шаҳри Ангрен, ноҳияи Оҳангарон, шаҳри Бекободро фаро мегирад. Алҳол дар ин минтақа 76 корхона фаъолият мекунад, ки дар онҳо беш аз 11 ҳазор нафар кор мекунанд.

Корхонаи арзишаш 23 миллион доллари ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Premier elektrotech” аз ҷумлаи онҳост. Корхонаи мазкур моҳи декабри соли гузашта ба кор даромад, ки тавони истеҳсоли 100 000 мошини ҷомашӯӣ ва 200 000 яхдон, инчунин содироти маҳсулот ба маблағи як миллион долларро дорад. Дар ин ҷо 350 кас кор мекунанд.

Ҳоло навбати якуми лоиҳа ба охир расид, барои васеъ кардани истеҳсолот кор давом дорад. Навбати дуюм дар моҳи декабри соли ҷорӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, дар он 450 ҷойи корӣ таъсис дода мешавад.

Корхона инчунин дигар асбобу анҷоми рӯзгор, аз ҷумла телевизору кондитсионер истеҳсол мекунад. Ин маҳсулоти рақобатпазир ба кишварҳои ИДМ содир мешавад.

Сарвари давлат қайд кард, ки Оҳангарон дорои инфрасохтори тайёри саноатӣ буда, барои ҷалби сармояи хориҷӣ заминаи хубе мебошад. Бо мақсади зиёд кардани шумораи ин гуна корхонаҳо таклиф ба миён гузошта шуд, ки минтақаи саноати электротехникӣ ташкил карда шавад.

Панҷ сол пеш дар мавзеи заводи қубурҳои металлии Оҳангарон замини бекорхобида буд. Дар соли 2018 кор дар сохтмони маҷмааи саноатӣ оғоз ёфт. Барои ин лоиҳа ба маблағи 49 миллион доллар таҷҳизот аз Туркия ворид шудааст. Иқтидорҳои истеҳсоли 205 ҳазор тонна маснуоти металлӣ дар як сол ба вуҷуд омада, 250 нафар бо кор таъмин гардиданд. Дар 6 моҳи соли ҷорӣ ба маблағи қариб 4 миллион доллар маҳсулот содир шудааст.

Корхонаи  “Silk plast quality” қодир аст, ки дар як сол 13 ҳазор тонна қубур ва арматураи полимерӣ истеҳсол намояд. 78 нафар бо кор таъмин карда шудаанд.

Сарвари давлат дар ин ҷо бо намоишгоҳи маҳсулоте, ки дар минтақаи озоди иқтисодии “Ангрен” истеҳсол мешавад, шинос шуд. Оид ба ташаккули лоиҳаҳои нав, зиёд намудани ҷойҳои корӣ супоришҳо дода шуданд.

Дар минтақаи озоди иқтисодӣ корҳо оид ба 42 лоиҳаи дигар оғоз гардида, дар натиҷа беш аз 5 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода мешавад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: