«ШУКРИ ХУДО, ФАРЗАНДОНАМ ОСЕБ НАДИДАНД»,

мегӯяд Муаззам Маҳмудоваи мирзоободӣ

Офати табиии обанбори Сардоба мардумро сахт андӯҳгин кард. Ман низ дугонаи деринаам, муаллима Муаззам Маҳмудоваро, ки дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Ҳақиқат»-и но-ҳияи Мирзоободи вилояти Сирдарё зиндагӣ мекунад, ба ёд овардам ва телефонӣ бошад ҳам, ӯро ҳолпурсӣ намудам. Баъди салому алейк муаллима бо як ҳаяҷон ва овози гиряолуд баён намуд:
– Соати 2-и шаб аз хоб хеста амалҳои рӯзаро ба ҷо овардам. Фарзандон ҳама дар хоби ширин. Ин рӯ - он рӯйи хонаҳоро саранҷом кардам. Тахминан соати 5-и саҳар буд, ки садоҳои баланди ҳамсояҳо шунида шуд. Посбонҳои маҳалла ҳамаро бедор карда фармон медоданд: «Зуд хезед, обхезӣ шуда истодааст, танҳо ду-се либос, пул ва шиносномаҳоятонро бо худ гиред, кифоя!»
Ҳама саросема пойлучу сарлуч аз хона баромадем. Моро ба мошинҳо савор карда, ба яке аз қисмҳои ҳарбии ноҳия оварданд. Овози таҳлукаомез, қию чуви мардум, гиряи кӯдакон ҳоло ҳам дар паси гӯшам. Чунин рӯзро ба душманам ҳам раво намебинам. Бобою момои пурдидаи мо «Худо аз балои қазо нигоҳ дорад!», гуфтаанд. Баъди се-чор рӯз шавҳарам бо ҳамроҳии писаронам ба ҳавлӣ рафтанд. Тамоми дороиямро об бурда буд, мондааш дар таги обу лой монд. Эҳ, хоҳарҷон ба гуфтан забонам намеравад. Ҷиҳози наварӯсам, ки ба хонадориаш ҳоло як сол нашудааст, таги обу лой монд. Шавҳарам танҳо гаҳвораи кӯдаконамро, ки дар болохона овезон буд, гирифта овард...
Оилаи Муаззам Маҳмудова яке аз оилаҳои намунавии маҳалла ба шумор меравад. Ҳамсараш Маҳмуд Маҳмудов Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, Муаззам Донишгоҳи давлатии Гулистонро хатм кардааст. Чор нафар фарзандро дар асоси шартнома дар донишгоҳҳо хононданд ва ҳоло онҳо соҳиби касбу кори гуногун мебошанд.
– Ба ҳодисаи табиат ғайр аз тан додан дигар илоҷ нест. Шукри Худо, фарзандон ва набераҳоям дар паҳлӯям, ба онҳо осеб нарасид, ҷонашон амон монд, – шукрона гуфт ҳамсуҳбатам.
– Имрӯзҳо аз тарафи ҳукумат, ташкилоту корхона, фермеру соҳибкорон, нафарони саховатпеша ба мо хӯрокворӣ, пӯшок, доруву дармон расида истодааст. Аз номи модарони осебдида ба роҳбари давлат, ба онҳое, ки дасти ёрӣ дароз карда истодаанд, миннатдорӣ баён мекунам. Президентамон моро таскин дода гуфтанд: «Ба шумо, азизон, ҳамдард ҳастам. Хонаву ҷо, чорво ва дигар анҷомҳои рӯзгорро омода месозем. Фақат босабру бардошт бошед».
Оре, аз қадимулайём халқи инсонпарвари мо саховатпеша буда душвориҳои ҷанг, заминларза, обхезӣ барин офатҳои табииро бо сабру таҳаммул ва ҳамҷиҳат паси сар кардааст. Дар боби саховату эҳсони «Ахлоқи Мӯҳсинӣ»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ гуфта шудааст: «Саховат сабаби некномӣ ва эҳсон мӯҷиби дӯсткомиву хуҷастафарҷомӣ аст. Ва ҳеҷ сифате одамиёнро беҳ аз ҷуду сахо нест. Искандар аз Арасту пурсид, ки саодати дунё дар чӣ чиз аст? Гуфт: «Дар ҷуду карам. Аммо саодат дар он аст, ки ҳар кӣ як ҳасана бар ёр дод, даҳ ҳасана каромат кунем».

Саодат БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».         

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: