СИФАТИ МАҲСУЛОТ – ДАР МАРКАЗИ ДИҚҚАТ

Дар Маркази матбуоти миллӣ бо ширкати роҳбарияти Агентии «Ӯзстандарт» дар мавзӯи «Маркази озмоишҳои илмӣ ва назорати сифати Ӯзбекистон» нишасти матбуотӣ ба амал омад.

Дар Маркази матбуоти миллӣ бо ширкати роҳбарияти Агентии «Ӯзстандарт» дар мавзӯи «Маркази озмоишҳои илмӣ ва назорати сифати Ӯзбекистон» нишасти матбуотӣ ба амал омад.
Бояд гуфт, мақсад ва вазифаҳои корхонаи давлатии унитарии «UzTest» аз таҷдиди лабораторияҳо, навсозии доимии пойгоҳи озмоиш, бо ёрии ускунаҳои замонавӣ бинобар стандартҳои байналхалқӣ тағйир додани услубҳои санҷиш, ба дараҷаи байналхалқӣ аз аккредитатсия гузарондани лабораторияҳо, ба дараҷаи байналхалқӣ эътироф гардидани натиҷаҳоро таъмин кардан, баланд бардоштани сифати маҳсулот ва рақобатбардории онро таъмин кардан, афзоиш додани салоҳияти содиротии маҳсулот ва бозори дохилиро аз маҳсулоти бесифат ҳимоя кардан иборат аст. 
Дар 16 филиали ҳудудӣ, 32 лабораторияҳои озмоиш, 7 мақомоти сертификатсозии маҳсулот, бюроҳои кумак ба содироти маҳсулот, мақомотҳои ҷорӣ кардани низоми менеҷменти сифат ва сертификаткунонӣ, ки шомили КДУ «UzTest» мебошанд, ҳамагӣ 522 нафар мутахассисони баландмалака фаъолият доранд.
Барои таҷдид ва азнавкоркарди лабораторияҳо дар давоми солҳои 2018-2019 16,4 миллиард сӯм маблағ равона карда шудааст. Дар натиҷа 383 усулҳои озмоиши иловагӣ аз худ карда шуд, ки аз он 171-тоаш байналхалқӣ мебошад.
Лозим ба зикр аст, ки байни ширкати «Exporta»-и Чехия ва бонки UniСredit қарордод ба имзо расидааст. Айни замон дар полигони автомобили Пискент корҳои сохтмони лаборатория бурда мешавад.
Мувофиқ ба қарори ҳокими ноҳияи Пискент аз ҳудуди ҶШМ «Лолариқ»-и ноҳияи Пискент 20 га замин ҷудо карда шуда, корҳои зерин амалӣ мегарданд: топохаритаи майдони замин ташкил карда шуд ва корҳои ҷустуҷӯи геологӣ ба анҷом расид, корҳои бунёдкорӣ 80 фоиз иҷро шуданд, ба лаборатория ба миқдори 1,5 млн. евро ускунаҳои озмоишӣ оварда шуданд.
Дар натиҷа мувофиқи талабҳои стандарти байналхалқӣ ташкил гардидани лабораторияи баҳогузорӣ ба мутобиқшавии электромагнитии автомобилҳо, баланд бардоштани малакаи ходимон ва ба дараҷаи байналхалқӣ аз аккредитатсия гузарондани лаборатория муайян карда шудааст.
Бинобар маълумоти дастрас дар давоми 8 моҳи соли 2020 се навъи маҳсулот бо маблағи беш аз 907981900 млн. сӯм ба талабҳои ҳуҷҷатҳои меъёрӣ номувофиқ дониста шуд.

Х.ҲАМИДОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: