Дар Ӯзбекистон боҷҳо барои воридоти мошинҳои нави хориҷӣ ду баробар кам карда шуданд

Дар Ӯзбекистон боҷи гумрукӣ барои мошинҳои нави хориҷӣ ду баробар коҳиш ёфт.

Чораи мазкур дар қарори Президенти Ӯзбекистон “Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба рағбатноксозии рушди бозори дохилии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ” аз 21 феврали соли 2022 ба назар гирифта шудааст.

Мувофиқи ин санад, коҳиши мизони боҷи гумрукӣ танҳо ба моделҳои нави мошинҳое дахл дорад, ки аз рӯзи баровардани онҳо дар лаҳзаи убури марзи гумрукии Ӯзбекистон камтар аз 1 сол гузаштааст.

Ҳамин тариқ, тибқи қарор, боҷи гумрукӣ барои воридоти мошинҳо ба Ӯзбекистон дар ду марҳила коҳиш дода мешавад:

Аз замони имзои ин санад мизони гумрукӣ аз 30 фоиз то 15 фоиз поин оварда шуд. Ғайр аз ин, коэффитсиентҳои иловагии барои ҳар як сантиметри мукааб қувваи муҳаррики автомобил муқарраршуда низ ба ҳисоби миёна ду ва аз ин ҳам зиёд кам карда шуданд.

Аз 1 январи соли 2023 коэффитсиентҳои иловагӣ ду ва зиёда маротиба кам карда мешаванд. Боҷи гумрукӣ ба миқдори 15% тағир намеёбад.

Бинобар ҳисобҳои пешакӣ, бо ҷорӣ шудани меъёрҳои нави гумрукӣ арзиши умумии барасмиятдарории гумрукӣ аз 100 -120 фоиз то ба 40 -45 фоизи арзиши гумрукии мошин коҳиш хоҳад ёфт.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: