СИТОРАИ ДУРАХШОНИ ОСМОНИ САНЪАТ

Ман аз овони ҷавонӣ сурудҳои Ҳунарпешаи мардумии Ӯзбекистон, зиндаёд Ботир Зокировро, ки ба барномааш дар баробари сурудҳои ӯзбекӣ, сурудҳои ҳиндӣ, арабӣ, туркӣ, тоҷикӣ, франсавӣ, русӣ ва ғайра ворид шуда буданд, бо шӯру ҳаяҷон гӯш мекардам.

 Овози соҳир, ҳаракатҳои мавзун, артистизми олӣ дошт.  
Сурудро ба ғазали Саъдии Шерозӣ «Эй сорбон» бисёр ҳофизон ба шеваи худ сурудаанд, аммо Ботир Зокиров онро бо сӯзи дил, нолаи ҷонгудоз ба иҷро расонидааст, ки аз дигар ҳофизон фарқ дорад.  
Солҳо мегузаштанд. Ҳангоме ки барномаи телевизионии «Чашми дил»-ро, ки аз устохонаи Арбоби шоистаи санъати Ӯзбекистон, мусаввири театри драмаи вилояти Самарқанд зиндаёд Даврон Сафозода ба навор мегирифтем, дар он ҷо ангораҳои зиёдро,  ки дар онҳо лаҳзаҳои нотакрори умри поягузори санъати эстрадаи ӯзбек Ботир Зокиров ба тасвир омадаанд, дидам.  Театр нақша дошт, ки  балети «Шефтаи туям»-ро ба саҳна гузорад.  
Устод Даврон Сафозода зимни суҳбат гуфта буд:
– Мо бо Ботир Зокиров дар Донишкадаи театр ва рассомии Тошканд таҳсил кардаем. Вай дар факултаи режиссёрӣ, ман дар факултаи рассомӣ мехондам. Дар Тошканд хонаи иҷора доштам, ки ба он ҳар сари чанд вақт шодравон, Ҳунарпешаи мардумии Ӯзбекистон Эргаш Каримов, офарандаи образҳои ду нобиға – Абуабдулло Рӯдакӣ  ва Абуалӣ ибни Сино,  актёри тоҷик Марат Орифов, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Бурҳон Раҷабов, инчунин, Ботир Зокиров меомаданд.  Албатта, дар он айём ҳама донишҷӯ будем.  
Ман фурсатро ғанимат дониста, ба устод Даврон Сафозода гуфтам, ки видеосужетеро аз рӯзгори Ботир Зокиров таҳия кунем. Ӯ розӣ шуд. Мо ангораҳоро ба навор бардоштем.  Аз видеофилме, ки фарзанди Ботир Зокиров – актёри хушсалиқа Бахтиёр Зокиров ба навор бардоштааст, сурудҳои санъаткор: «Маро бибӯс», «Эй сорбон», «Ҳабиба»  мавриди истифода қарор гирифтанд.  
Афсӯс, ки балет аз рӯзгори Ботир Зокиров, ба сабаби бемории коргардони он – Микаэл Хачатуров, ба рӯйи саҳна наомад.  
Ҳикоятҳои Даврон Сафозода аз фаъолияти эҷодии Ботир Зокиров кумак карданд, ки тамошогарон аз санъати нотакрори ҳофиз ва сарнавишти талху фоҷиавии вай огоҳ шаванд.  
Хуб, чаро сарнавишти санъаткор талх ва фоҷиаомез буд ва дар роҳи вай садду монеаҳо эҷод карданд?
Тавре ки дар суҳбат Даврон Сафозода зикр карда буд, Ботир Зокиров аз дигарон бо хушмаданиятӣ, озодалибосӣ, артистизми модарзод, росткорӣ фарқ мекард. Вай тоқати дидани беадолатӣ, ноинсофӣ, хушомадгӯйи надошт.  
Роҳи эҷодии Ботир Зокиров аз солҳои донишҷӯйӣ дар дастаи эстрадии «Ёшлик» оғоз ёфтааст.  Қадамҳои нахустини вай дар олами санъат маҳз бо ҳамин «Ёшлик» алоқаманд мебошад.  
Дастаи эстрадии «Ёшлик» соли 1957 дар фестивали ҷаҳонии ҷавонон дар Маскав ширкат дошт.  Суруди «Ӯзбекистон – диёри ман», ки онро Ботир Зокиров бо хоҳараш Луиза иҷро кард, шӯру шаафе дар миёни иштирокдорон барпо кард.  Ин комёбии нахустини эҷодии Ботир Зокиров буд.  Соли 1958 дар заминаи «Ёшлик» Оркестри давлатии эстрадаи Ӯзбекистон созмон дода шуд.  
Ботир Зокиров дар конфронси нависандаҳои Осиё ва Африқо (шаҳри Тошканд, сентябри соли 1958) ба сурудхонӣ комёб гардид. Сипас, дар Даҳаи адабиёт ва санъати Ӯзбекистон дар Маскав (соли 1959) суруди «Тангои арабӣ»-ро, ки оҳангсозаш Дориш-ал-Алтош буд, коркарди бастакори машҳури вақт Ян Френкел садо дод.  Ин пирӯзии беамсоли Ботир Зокиров буд. Пас аз иҷрои суруд вай ҳазорҳо мухлисони гуногунзабонро пайдо кард.  Мухлисон дар ҳар як консерташ сурудани «Тангои арабӣ»-ро хоҳиш мекарданд.  
Пас аз бозгашт аз Маскав ба таври ногаҳонӣ роҳбар ва дирижёри оркестр Алберт Малахов аз дунё даргузашт.  Ботир Зокиров роҳбари бадеии оркестр гардид. Ӯ барои рангин кардани барномаи оркестр заҳмат мекашид.  Ҳар як шеър, оҳангро борҳо санҷида, сипас ба барнома ворид мекард. Оркестр дар муддати кӯтоҳ дар Маскав, Санкт-Петербург ва дигар шаҳрҳои Иттиҳоди Шӯравӣ консертҳо намоиш дода, шуҳрат пайдо кард.  
Аммо ҳасудон ва нотавонбинон оркестр, комёбиҳои онро нодида мегирифтанд,  ба пешравии кораш монеъ мешуданд. Бо таъбири Ботир Зокиров: «соҳибмансабони санъат» барномаи оркестрро тасдиқ намекарданд.  
Ҳамаи ин ба саломатии Зокирови бемор беасар намемонд. Вай бемории шуш дошт.  Беморӣ бар асари асабонишавии пайваста хурӯҷ мекард.  Вайро такрор ҷарроҳӣ мекарданд, моҳҳо, солҳо дар бемористонҳои Маскав,  санаторияҳои Қрим табобат меёфт, ба беморӣ таслим намегардид. Ӯ ба даст мӯйқалам гирифта, мусаввараҳо меофарид. Оре, Ботир Зокиров на танҳо ҳофиз, балки мусаввир, оҳангсоз, шоир, адиб ҳам буд.  
Ӯ дар дафтари хотироташ навишта буд: «Се соли бемории сахт ва сукут. Шушро пайваста машқ кунонидан лозим.  Шарт! Шарт! Ман боз бармегардам! Ҳаёт… ҳар лаҳзаи он зебост ва нотакрор. Бисёр мехоҳам, ки суруд бихонам!»
Вайро боз ба мизи ҷарроҳӣ хобонданд. Ҷарроҳӣ 8 соат давом кард. Ин дафъа ҳам иродаи санъаткор пирӯз гашт. 
Пас аз ду соли ҷарроҳӣ вай бори нахуст бо сафари ҳунарӣ ба Маскав омад.  
Боз овози соҳир, нолаҳои ҷонгудози ҳофиз мухлисонро афсун кард.  Гулдурроси кафкӯбиҳо қатъ намегардид. Саҳна аз дастагулҳо пур шуда буд.  Пас аз консерт Ботирро табибон ҳалқавор печонда гирифта, мегуфтанд: – «Чаро суруд хондӣ? Ту инсонӣ ё сеҳргар... Наход, ки ин худи ту бошӣ, Ботир?!»
Аз нақлҳои модари санъаткор Шоиста Саидова:
«То солҳои охир яке аз апаҳое, ки роҳбари мафкура ва ҳизб буд, ба мо бисёр зулму тааддӣ кард. Ҳамон апа дар солҳое, ки дар комсомол кор мекард, дар роҳи Ботир садду монеаҳои зиёд гузошт.  Ба гастролҳо нафиристода, баъзе консертҳояшро бозмедошт. Ҳатто «Мюзикл холл»-ро, ки Ботир бо ҳазор азобу машаққат ташкил кард, тавонист пароканда созад.
Умуман, дар байни фарзандонам Ботир дигар хел буд. Ӯ ҳам дар ҳаёт ва ҳам дар санъат худро дареғ надоштааст. Агар бемор шавад, ба ман маълум намекард. Бачаякам шаш бор ҷарроҳӣ шуда бошад ҳам, ягон дафъа шиква накардааст, нанолидааст. Ба дигарон зориву тавалло кардан, сар фуровардан ва хушомад гуфтанро дӯст намедошт. Барои ҳамин соҳибмансабоне, ки дар идораҳои санъат кор мекарданд, вайро бисёр азият медоданд. Ботирҷонам дар эстрадаи ӯзбек инқилобгар буд. Муҳимаш, вай дар ин мубориза пирӯз гардид».
Оре, чуноне ки хоҳари санъаткор Луиза Зокирова гуфтааст, бино ба амри яке аз котибони собиқи КМ ҲК Ӯзбекистон  «Мюзикл-хол» барҳам хӯрд.  
Ботир Зокиров ҳанӯз умед аз дунё нагусаста буд. Вай барномаи рангини консертиро бо унвони «Монологи Шарқ» барои саҳна омода мекард. Аммо ин дафъа аҷали масхарабоз санъаткори бузургро аз байни миллионҳо мухлисонаш рабуд.
Ботир Зокиров дар байни санъаткорони шӯравӣ нахустин санъаткоре буд, ки ду маротиба дар саҳнаи «Олимпия»-и Париж,  ки дар он ситораҳои эстрадаи ҷаҳон Эдит Пиаф, Шарл Азнаур, Жак Брел, Мирей Мате суруд хондаанд, ҳунарнамоӣ кардааст.  
Бисёр санъаткороне, ки шуҳрати ҷаҳонӣ доштанд, аз ҷумла, Тамарахонум, Иосиф Кобзон, Ҷурабек Муродов, Михаил Улянов дар шаъни санъаткори нотакрор суханҳои нек гуфтаанд.  
Аз ҷумла, Ҷурабек Муродов гуфтааст: «Санъаткори бузург Ботир Зокиров нафақат фарзанди азиз, ҳофизи маҳбуби халқи ӯзбек, балки мардуми тоҷик ҳам буд. Ӯ овозхони нотакрорест, ки Шарқи моро бо сӯзу гудоз тараннум кардааст.  Ҳангоме ки бо сафари ҳунарӣ ба мамлакатҳои бисёри ҷаҳон меравам, мардум бо пазмонӣ вайро суроғ мекунанд.  Ин бахтест, ки ба ҳамаи санъаткорон насиб намекунад.  Ботир Зокиров ба мо сурудҳои шарқиёна, маданият ва дӯстиро ба мерос гузошт».  

Ӯктам ИБРОҲИМ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: