ҶИҲАТИ КОҲИШ ДОДАНИ ИСТЕЪМОЛИ ОБ ВА БАЛАНД БАРДОШТАНИ ҲОСИЛНОКӢ

Дар сафоратхонаи Ӯзбекистон бо спикер оид ба масъалаҳои озуқавории Комиссияи Сенати Испания бобати кишоварзӣ, чорвопарварӣ ва озуқаворӣ Антонио Луэнго ва намояндагони ширкати «BioGreen Road» мулоқот ба амал омад.

Дар чаҳорчӯби музокирот масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкорӣ байни ду кишвар дар соҳаи идоракунии захираҳои об дар кишоварзӣ баррасӣ шуданд.
Дар рафти мулоқот сенатор Антонио Луэнго таъкид намуд, ки музофоти Мурсия, ки яке аз минтақаҳои хушки кишвар ба ҳисоб рафта, дар ин ҷо боришот кам мешавад ва хокаш санглох аст, мисли Ӯзбекистон бо мушкилии нарасидани захираҳои обӣ барои обёрии заминҳо рӯбарӯ мегардад.
Ба ин муносибат муаррифии технологияҳои ширкати испании «BioGreen Road» оиди ба тариқи макромолекулярӣ ба гел табдил додани об сурат гирифт. Ин технология имкон медиҳад, ки таҳшини намакро аз қаъри замин ба воситаи ҳосил кардани пуфакчаҳои намӣ  дур карда, онҳо ба сарфи обро бештар аз 50 фоиз  коҳиш дода, онро дар сатҳи қабати реша нигоҳ медоранд.
Ҳамин тариқ, дар музофоти камоби Мурсия дар режими муътадили обёрӣ сарфи об барои обёрии як гектар ба ҳисоби миёна 55 ҳазор мукааб метрро ташкил медиҳад. Ҳангоми истифодаи обёрии қатравӣ сарфи об то 4 ҳазор метри мукааб ва ҳангоми истифодаи технологияи «BioGreen» то 2 ҳазор метри мукааб кам мегардад.
Истифодаи ин технология дар ин музофот ҳангоми парвариши кабудӣ ва меваҷот дар шароити саҳроии ба шароити Ӯзбекистон шабеҳ низ ба афзоиши 10 фоизи ҳосилнокӣ ва бештар аз он мусоидат кардааст.
Дар натиҷаи мулоқот дар бораи ташкили сафари намояндагони ширкати «BioGreen Road» ба Ӯзбекистон дар ояндаи наздик тавофуқ ҳосил шуд.

ИА «Дунё»,
МАДРИД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: