ТАВАҶҶӮҲ БА ТАЪЛИМИ ХАЛҚ ЯК РУКНИ СИЁСАТИ ДАВЛАТ АСТ

Зимни сафари вилояти Қашқадарё ба ёдам расид, ки чанде муқаддам рӯзномаи “Овози тоҷик” мақолаеро таҳти номи “Чаро нидои моро касе намешунавад?” мақолае дарҷ намуда буд.

Зимни сафари вилояти Қашқадарё ба ёдам расид, ки чанде муқаддам рӯзномаи “Овози тоҷик” мақолаеро таҳти номи “Чаро нидои моро касе намешунавад?” мақолае дарҷ намуда буд. Дар он гуфта мешуд, ки маҳаллаҳои Дуоба ва Мингкӯчари тобеи ҷамоати шаҳрвандони Ҳисораки ноҳияи Шаҳрисабз аз дусад хоҷагӣ иборат мебошанд. Сокинони он асосан аз мардуми тоҷиктабор иборатанд.

 Дар мақола ин нукта таъкид мешуд, ки фарзандони аҳолии ду маҳалла ба далели набудани муассисаҳои таълимӣ маҷбуранд, ки ба мактабҳои дуртар аз ин маҳаллаҳо рафта таҳсил кунанд. Аммо дар фасли зимистон равуо барои кӯдакон мушкилоти зиёд эҷод менамояд ва падару модарони онҳоро ба нигаронӣ рӯ ба рӯ месозад.

 Дар дилам азми рафтан ба ноҳияи Шаҳрисабз пайдо шуд. Ин бесабаб набуд, зеро аз мутасаддиёни ҳокимияти ноҳия ва шӯъбаи таълими халқ хостам бипурсам, ки дар муддати камтар аз як соли сипаришуда перомуни ин масъала оё дар маҳаллаҳои Дуоба ва Минкӯчари ҷамоати шаҳрвандони Ҳисорак ягон иқдом сурат гирифтааст ё на. 

 Масофаи байни шаҳрҳои Қаршӣ ва Шаҳрисабз 110 километрро ташкил мекардааст. Савори такси шудам ва сайру тамошокунон аз дохилу шафати ноҳияҳои Ғузор, Қамашӣ ва Чироқчи гузашта, тахминан баъди якуним соат ба Шаҳрисабз расидем. Бори аввал буд, ки ба ин шаҳр меомадам. Барои ҳамин кӯшиш мекардам, ки то расидан ба манзили ниҳоӣ кӯчаву хиёбонҳои сари роҳамро тамошо кунаму онро ҳарчи беҳтару бештар биомӯзам.

 Дарвоқеъ, аз маъхазҳои таърихӣ бароямон маълум аст, ки Шаҳрисабз яке аз шаҳрҳои қадимиву таърихии Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Он ҳанӯз дар асри ҳаштуми пеш аз мелод таъсис ёфтааст ва тайи ин муддати тӯлонӣ дар ривоҷи тамаддуну фарҳанги олам нақши муҳим бозидааст. Гуфта мешавад, ки қаблан мардуми он ба забони суғдӣ суҳбат мекардаанд ва аз замонҳои қадим то кунун он ҳамеша ҳамчун шаҳри шӯҳратёр ва бонуфуз ном баровардааст.

 Ман ба тамошои шаҳр машғул шуда, бехабар мондаам, ки ронандаи такси маро ба ҷойи тайинкардаам оварда расонидааст.

 -Ин ҷо ҳокимияти ноҳияи Шаҳрисабз аст,-гуфт ронанда ва маро водор намуд, ки дар назди бинои атрофаш панҷарадор пиёда шавам.

 Ҳокими ноҳия Исроил Амонов дар утоқи кориаш будааст. Аммо маълум мешуд, ки кормандони дигари ҳокимият дар ҷойи кори худ нестанд.  Баъди муаррифӣ ва арзи матлаб вай гуфт:

 -Мо барои ҷилавгирӣ аз пахши коронавирус биноро дезинфексия кардем. Ҳоло барои чанд соат ба кормандони ҳокимият рухсат дода шудааст. Ҳамин кор дар тамоми биноҳои идораҳои дигари ноҳия низ анҷом дода мешавад.

 Пас Исроил Амонов тугмачаро пахш намуд ва аз дастёри худ хост, ки барояш ноиби ӯ оид ба сиёсати ҷавонон, ривоҷи иҷтимоӣ ва корҳои маънавию маърифатӣ Бекзод Назаровро пайдо кунад.

 -Аз мақолае, ки дар рӯзномаи “Овози тоҷик” чоп шуда буд, огоҳ ҳастем. Ҳокими ноҳия 30 августи соли 2019 “Дар бораи пурра ба таҳсил ҷалб намудани кӯдакони синни мактабӣ” қарор содир намуд. Аллакай дар маҳаллаи Дуобаи ҷамоати шаҳрвандони Ҳисорак  филиали мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 76 ва дар маҳаллаи Минкӯчари ин ҷамоат филиали мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 80-ро ифтитоҳ намудем. Метавон гуфт, ки ба ин васила мо мушкилоти равуои фарзандони аҳолии ин маҳаллаҳоро дар фаслҳои гармову сармо ҳаллу фасл намудем,-гуфт Бекзод Назаров.

 Тавре ки ҳокими ноҳияи Шаҳрисабз боз тазаккур дод, пурра ба мактабҳои таҳсилоти умумӣ ҷалб намудани фарзандони аҳолии ин ноҳия чун тамоми мактабҳои саросари ҷумҳурӣ,  аз авлавиятҳои кори кормандони ҳокимият ва шӯъбаи таълими халқи ноҳияро ташкил медиҳад. Ҳамсуҳбати мо иброз намуд, ки дар қарори ҳокими ноҳия маҳз ҳамин масъала таъкиди худро ёфтааст.

 -Ҳар як ҳудуд ба директорони мактабҳо вобаста карда шудааст. Онҳо муваззафанд, ки ғайр аз ҷалби фарзандони аҳолии ин ҳудуд, ҳамчунин иштироки онҳо дар дарсу машғулиятҳоро мунтазам мониторинг карда раванд ва дар ин бора ба шӯъбаи таълими халқи ноҳия гузориш диҳанд,-изҳор кард Бекзод Назаров.

 Дар ноҳияи Шаҳрисабз 86 муассисаи таълимӣ фаъолият мекунад. Ин масканҳои таълиму тарбия дастикам 39 ҳазору 300 нафар донишомӯзонро фаро гирифтаанд. Аз ин шумор дар 2 мактаб-интернати махсус ва 2 мактаби ихтисосноки таълимоти ҳамагонӣ, 1 маркази кӯдакони “Авлоди баркамол” низ фарзандони мардум таълиму тарбия мегиранд ва ҳунару маҳорати худро дар маҳфилҳои гуногун такмил медиҳанд.

 -Мониторинги таъмини муассисаҳои таълимоти ҳамагонӣ маълум намуд, ки дар соли хониши 2019-2020 ҳамагӣ 12 нафар омӯзгорони фанҳои информатика, ҷуғрофия, забони русӣ, забони англисӣ, мусиқа, санъати тасвирӣ, таълими меҳнат ё технология ва таълими ибтидоӣ намерасанд. Ин ҳол дар сурати таъмини онҳо бо як ставкаи пурраи дарс мавриди назар гирифта шудааст,-мегӯяд сарпарасти шӯъбаи ҳимояи иҷтимоии маънавӣ ва ахлоқии шӯъбаи таълими халқи ноҳия Лутфулло Рустамов.

 Дар айни ҳол шӯъбаи таълими халқи ноҳияи Шаҳрисабз бар асоси панҷ ташаббуси Президенти мамлакат иҷрои чорабиниҳои хосеро таҳти татбиқ қарор додаанд. Гуфта мешавад, ки тибқи ташаббуси 1-ум дар тамоми муассисаҳои таълимоти ҳамагонии ноҳия аз рӯи фану машғулиятҳои мусиқа, рассомӣ ва адабиёт 234 маҳфил ташкил карда шуд.

 Мувофиқи ташаббуси 2-ум, ки “Фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷисмонан обутоб додани ҷавонон ва намоиш додани қобилияти варзишии онҳо” –ро мадди назар қарор додааст, 952 маҳфил роҳандозӣ гардидааст. Кӯдакону наврасон ва ҷавонон ба бозиҳои футбол, волейбол, намудҳои теннис, атлетикаи сабук, таэквандо, тӯби дастӣ, бадминтон ва шашкаву шоҳмот фаро гирифта шудаанд. Гуфта мешавад, ки теъдоди онҳо 34 ҳазору 700 нафарро ташкил менамояд.

 Ҳамчунин аз рӯи се ташаббуси дигар-“Ташкил намудани истифодаи босамари технологияҳои компютерӣ ва интернет дар байни аҳолӣ ва ҷавонон”, “Боло бурдани маънавияти аҳолӣ, хусусан ҷавонон, дар байни онҳо ба таври васеъ тарғиб намудани китобхонӣ” ва “Ташкил намудани таъмини занону духтарон ба кор” дар ноҳияи Шаҳрисабз корҳои  қобили мулоҳиза анҷом дода мешаванд. Ба таври мисол, ташкили 83 маҳфили истифодаи интернет ва компютер, роҳандозии маҳфилҳои “Китобдӯсти ҷавон”, “Китобхони ҷавон”, “Дӯзандагӣ” “Биссер”, “Зардӯзӣ”, “Буррандагӣ” ва ташкили ярмаркаҳои меҳнат аз шумори ин чорабиниҳо маҳсуб меёбанд.

 Дар баробари анҷоми ин корҳо доир ба ҳаёт ва фаъолияти алломаҳои бузурги илму маърифат борҳо чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор гардидаанд. Гузашта аз ин, пиёда намудани аксияи “Ман ба мактаби фарзандам китоб тӯҳфа мекунам” водор намудааст, ки аз ҳокими вилоят то одамони қаторӣ дар он фаъолона ширкат кунанд. Тибқи натиҷагириҳо ба мактабҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят ба маблағи 42 миллиону 882 ҳазору 500 сӯмина даҳҳо ҳазор адад китоб харидориву тақдим шудааст. Бешак, аз ин раванд муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонии ноҳияи Шаҳрисабз низ дар канор намондаанд.

Мирасрор АҲРОРОВ, хабарнигори “Овози тоҷик”. 

Қаршӣ-Шаҳрисабз-Тошканд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: