ТИРМИЗ – МАРКАЗИ ТАМАДДУНИ БАШАРӢ

Шаҳри бостонии Тирмиз аз қадим маркази тамаддуни башарӣ буда, олимону муфассирон, муҳаддисону мутакаллимон, орифону обидон, зоҳидону ровиён, шоирону нотиқон, воизону кошифон ва абармардони хирадро ба воя расонидааст.

Шаҳри бостонии Тирмиз аз қадим маркази тамаддуни башарӣ буда, олимону муфассирон, муҳаддисону мутакаллимон, орифону обидон, зоҳидону ровиён, шоирону нотиқон, воизону кошифон ва абармардони хирадро ба воя расонидааст. Алалхусус Имом Тирмизӣ, Ҳаким Тирмизӣ, Абӯбакр Варроқи Тирмизӣ, Абулмузаффар Тирмизӣ, Адиб Собири Тирмизӣ, Сайид Бурҳониддин Муҳаққиқи Тирмизӣ, Хоҷа Самандари Тирмизӣ ва дигар фузалову удабо мақоми хосе дар ривоҷёбии илму фан доранд. 
Башаргароӣ, тарғиби ахлоқи ҳамида, Худошиносӣ ва худшиносӣ ҳадафи аслии онҳо буда, тавассути мероси гаронбаҳои худ оламро тасхир намудаанд. Мероси илмии олимони Тирмиз то ҳол маврида пажӯҳиши олимону ховаршиносони олам қарор дорад. Шахсияти нотакрори Имом Тирмизӣ ва Ҳаким Тирмизӣ дар шинохти маърифати Ислом ва тамаддуни башар роли муҳим мебозад. Ҷаҳони имрӯз бо чунин шахсиятҳои бузург ифтихор дорад. Аксари мусулмонони олам мероси онҳоро дастуруламали зиндагии худ кардаанд. Чӣ дар илми динӣ ва чӣ дар илми дунявӣ онҳо дастболо буданд. 
Имрӯз бо ташаббуси роҳбари соҳибхирад Шавкат Мирзиёев барои омӯхтани осори бухориёну насафиён, тирмизиёну самарқандиён роҳи нав кушода шуд. Аз ҷумла марказҳои байналхалқӣ мисли Маркази байналхалқии илмӣ-тадқиқотии Имом Бухорӣ, Маркази байналхалқии илмӣ-тадқиқотии Имом Тирмизӣ, Академияи байналхалқии исломии Ӯзбекистон, Мактаби ҳадисшиносӣ, Мактаби тасаввуфшиносӣ ва дигар муассисаҳои илмӣ барои омӯзиши ҳаёт ва фаъолияти  симоҳои бузурги олимони Шарқ камари ҳиммат бастаанд. 
Аз олимони тирмизишинос Мирзо Кенҷабек, Иброҳим Усмонов, Рамазон Абдуллоев, Аҳмад Абдуллоев, Ҷалолиддин Мирзоев, Бобоназар Муртазоев ва  дигар олимону тадқиқочиён саҳми хосе дар  ин ҷода доранд.
То ҳол оиди аксар намояндагоне, ки ҳаёт ва фаъолияташон дар шаҳри бостонии Тирмиз сипарӣ шудааст, маълумот надорем. Бисёрии онҳо дар саҳфаҳои манбаъҳои қадим номаълум ва номакшуф мондаанд.  Барои шинохти ҳаёт ва фаъолияти онҳо хизмати олими чирадаст Мирзо Кенҷабек  лоиқи таҳсин аст. Ӯ дар китоби «Тирмизиҳои бузург» ному насаб ва фаъолияти илмиву адабии намояндагони муҳити Тирмиз ва Чағониёнро баён намудааст. Дар ин китоб оиди 90 нафар авлиё ва уламо сухан рондааст. Ба ғайр аз ин олими ҷавон ва сермаҳсул Ҷӯрабек Чутматов дар китоби «Қалъаҳои безаволи Тирмиз ё худ таърихи Тирмиз» оиди 130 нафар намояндагони илму адаб, олимону муҳаддисон, муфассирону муҳаққиқон, орифону зоҳидони аҳли Тирмиз маълумоти мукаммал додааст.  
Дар ин рӯйхат номи садҳо намояндагони илму фан ва абармардони хирад зикр гардидааст, ки аксари онҳоро мо намешиносем. Тирмизро таърихнигорон беҳуда “Мадинат ур-риҷол”  нагуфтаанд. Дар ҳар гӯшаву канори шаҳр қадамҷо ва марқади онҳо ба мо ёдгор мондааст. Олимон чунин ақида доранд, ки намояндагони муҳити илмӣ-адабии Тирмиз зиёда 200 нафар мебошанд. Ҳоло дар феҳристи «Дастнависҳои асарҳои олимони тирмизӣ дар фондҳои ҷаҳонӣ» 1419 дастхати манбаъҳои илмиву адабии олимону шоирони Тирмиз зикр гардидааст. Дар тамоми китобхонаҳои машҳури олам ҷой гирифтани манбаъҳои аҷдодамон боиси ифтихор аст. Мувофиқи маълумоти феҳристи фавқ нусхаи “Ғазалиёт”-и  Миршариф Соат Тирмизӣ, нусхаи “Солнома”-и Ҳаким Тирмизӣ, нусхаи “Девон”-и Шиҳобиддин Адиб Собир ибни Исмоил Тирмизӣ ва нусхаи “Наврӯзнома ва солнома”, ки ба Ҳаким Тирмизӣ нисбат дода шудааст, дар хазинаи Академияи фанҳои Тоҷикистон нигоҳ дошта мешавад. Шаҳри Тирмизро бо чунин намоядагони бузурги илму фан ва осори гаронбаҳояшон яке аз марказҳои тамаддуни башарӣ гуфтан ҳақиқати таърихӣ дорад.

Каромиддин ҶОНМАҲМАТОВ,
ходими илмии Маркази байналхалқии илмӣ-тадқиқотии ба номи 
Имом Тирмизӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: