ҲАМКОРӢ РАВНАҚ МЕЁБАД

Маҳз ба туфайли иқдоми нек ва сиёсати оқилона ва хирадмандонаи Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муносибатҳои дӯстонаи халқҳои ӯзбеку тоҷик, ки ин рӯзҳоро бошандагони ду кишвар дер интизор буданд, аз нав барқарор гардид.

Гузаргоҳҳое, ки солиён баста шуда буданд, кушода шуда мардуми ташнаи дидори хешу табор ба висоли якдигар расиданд.
Рушди ҳамкории дуҷониба нафақат дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, сармоявӣ, нақлиётиву коммуникатсионӣ, сайёҳӣ, фарҳангиву инсонпарварӣ, дар соҳаҳои илм низ, аз ҷумла байни таълимгоҳҳои олии Ӯзбекистону Тоҷикистон ҳамкориҳо ба роҳ монда шуд.
Дар Донишкадаи муҳандисиву технологияи Намангон мувофиқи шартнома бо таълимгоҳҳои олии Тоҷикистон ҳамкориҳои доимӣ ба роҳ монда шудааст.
Гурӯҳи донишҷӯён, профессорон ва омӯзгорони донишкадаамон ба Донишгоҳи технологияи Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Данғара, Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионии Кӯлоб сафар карданд ва бо фаъолияташон шинос шуда, бо донишҷӯён суҳбатҳо оростанд.
Соли гузашта гурӯҳи донишҷӯёни донишкадаамон дар фестивали Донишгоҳи давлатии Данғара, ки дар он донишҷӯёни мамлакатҳои дунё иштирок доштанд, ширкат варзиданд.
Моҳи декабри соли гузашта ду нафар дотсент – Лафиз Бобоев, Сайфулло Бобоев аз филиали Донишгоҳи технологияи Тоҷикистон дар Исфара ба таълимгоҳамон омада, ба донишҷӯён дарс гуфтанд ва машғулиятҳои амалиро ба роҳ монданд.
Аз 13 июни соли ҷорӣ гурӯҳи донишҷӯён ва омӯзгорони факултаамон ба таълимгоҳҳои олии Исфара ва Хуҷанд сафар мекунанд.
Ба қарибӣ бо таклифи Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мамлакатамон омад. Дар мулоқот бо вакилони воситаҳои ахбори оммавӣ сарвари давлатамон таъкид кард, ки  минбаъд барои ҷавонони Тоҷикистон дар таълимгоҳҳои мамлакатамон грантҳо ҷудо карда мешавад. Ин имконият медиҳад, ки дар оянда донишҷӯёни тоҷикистонӣ низ дар таълимгоҳҳои олии мамлакатамон таҳсил гиранд. Ин баробари дигар соҳаҳо дар таълимгоҳҳои олӣ низ саҳифаҳои рангин кушода, барои боз ҳам мустаҳкам кардани риштаҳои дӯстии азалии халқҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон мусоидат мекунад.

Авазбек ОБИДОВ,
декани факултаи технологияи муҳандисии Донишкадаи муҳандисиву технологияи Намангон. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: