Маҷмааи Афросиёб мизбон буд

  • Маҷмааи Афросиёб мизбон буд
  • Маҷмааи Афросиёб мизбон буд
  • Маҷмааи Афросиёб мизбон буд
  • Маҷмааи Афросиёб мизбон буд
  • Маҷмааи Афросиёб мизбон буд
  • Маҷмааи Афросиёб мизбон буд
  • Маҷмааи Афросиёб мизбон буд

Маҷмааи «Афросиёб»-и шаҳри Фарғона мизбони маросими идона дар сатҳи вилоятро бар ӯҳда дошт.

Маҷмааи «Афросиёб»-и шаҳри Фарғона мизбони маросими идона дар сатҳи вилоятро бар ӯҳда дошт. Дар ин ҷо барои намояндагони илму фан, варзиш, таълм, фарҳангу маънавият ҳокимияти вилоят чорабинии идона доир намуд. Дар маросим ҳокими вилоят Хайрулло Бозоров, инчунин роҳбарони идораҳо, аҳли ҷомеа ва вакилони васоити ахбори омма ширкат варзиданд.
Ҳокими вилоят ҳозиринро бо дастовардҳои соли сипаришуда ва фарорасии Соли нави мелодӣ самимона табрик гуфт. Ба гуфтаи ӯ Президенти мамлакат ҳанӯз дар ҷамъомади пешазинтихоботии худ барои ин вилоят амалӣ шудани корҳои  бузургро ба миён гузоштааст. Барои ҳамин дар Фарғона соли оянда нақшаҳои мушаххас ба амал бароварда мешаванд.
 Хайрулло Бозоров бо таваҷҷуҳ ба натиҷаҳои дар давоми сол бадастомада, ки соҳаҳои илм, варзиш, таълим, фарҳангу маънавиётро фаро фаро мегиранд, қайд намуд, ки ба ин пешрафтҳо набояд иктифо ва қаноат кард. Вай таъкид намуд, ки  истифода аз таҷрибаи давлатхои пешрафта ба зарурати ногузир табдил ёфтааст.  
Пас аз он беш аз панҷоҳ нафар фарғонагиҳое, ки дар соли 2021 дар соҳаҳои гуногун ба комёбиҳои назаррас ноил гардидаанд ва дар баланд бардоштани нуфузу шарафи вилоят саҳм гузоштаанд, инчунин дар ҳаёти ҷамъиятӣ фаъолона иштирок намудаанд, бо мукофотҳо сарфароз гардиданд.
 Гуфта мешавад, миёни ғолибон қаҳрамони Бозиҳои Паралимпии Токио оид ба дискпартоӣ Моҳигул Ҳамдамова, Достон Отаболаев-аввалин узбекистонӣ, ки унвони қаҳрамони ҷаҳон оид ба каратэ WKF-ро ба даст овардааст,  Илҳом Мӯъминҷонов-сармураббии ПФК «Нефтчӣ», ки ба Суперлига роҳхат гирифтааст, барандаи медали байналмилалии Аҳмад ал-Физғонӣ Севинч Каримова ва устодаш Саида Сулаймонова, барандаи марҳилаи ниҳоии Ҷоизаи миллии «Устоз-2021» Улуғбек Мамаҷонов, роҳбари Маркази маънавиёт ва маърифати ноҳияи Бувайда Орзигул Тоҷиева , ихтироъкори ҷавон Зиёдулло Бутахонов ва ҷамоаҳои театрҳои Мақом ва театри мусиқӣ-драмавии вилоят ва дигар намояндагони боистеъдод ва соҳиби  муваффақиятхо шомил мебошанд.
 Ҷоизаи “UZ Football Awards”-и Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон, ки дирӯз дар шаҳри Тошканд баргузор шуд, ба ҳокими вилоят Хайрулло Бозоров ҷоизаи “Барои рушди футбол”супурда шуд Ин ҷоизаро барои хизматҳояш дар рушду густариши футбол  соҳиб гаштааст.  
Барномаи консертӣ бо иштироки Отабек Муҳаммадзоҳид, Илҳом Иброҳимов ва дигар ҳунармандони маъруфи вилоят ба иштирокчиёни чорабинӣ шавқу ҳаваси боз ҳам бештар бахшид.
Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик”.
Вилояти ФАРҒОНА.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: