ҲОЛАТИ ТЕХНИКИИ МАНЗИЛҲОИ БИСЁРОШЁНА ОМӮХТА МЕШАВАД

Бо мақсади такмил додани низоми идоракунӣ ва истифодабарии бунёди манзилҳои бисёрошёна, ташаккул додани низоми самарабахши назорати техникии биноҳо, куллан беҳсозии таъминоти хидматҳои босифати манзиливу коммуналӣ, ҳамчунин, фаъолияти устувори ҷамоаҳои мулкдорони хусусии манзил фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, «Дар бораи чорабиниҳо доир ба такмил додани идораи низоми хидматрасонии манзиливу коммуналӣ» ва қарор «Дар бораи созмон додани фаъолияти Вазорати хидматрасонии манзиливу коммунали

Дар Маркази матбуоти миллии пойтахт бо ҳамкории Ширкати иттиҳодияи «Ӯзсаноатқурилишинвест» доир ба мавзӯи «Таҳлили корҳои иттиҳодия ва фаъолияти он» нишасти матбуотӣ баргузор шуд. 
Дар ҷамъомад роҳбари вазорати хидматрасонии манзиливу коммуналии ҷумҳурӣ Элёр Комилов оиди рафти иҷрои вазифаву супоришоти ҳукумат маълумот дод.
– Пеш аз ҳама гурӯҳи кориро иборат аз намояндагони ҳокимияти ноҳияҳо, ҷамоати шаҳрвандон ва фаъолони маҳалла ташкил карда, корро аз омӯхтани ҳолати техникии манзилҳои бисёрошёна оғоз намудем. Дар натиҷа азназаргузаронии объектҳои таъминоти гармӣ, канализатсия, таъминоти оби ошомиданӣ, муддат ва ҳаҷми кор муайян шуда, гурӯҳи корӣ ба иҷрои он  шурӯъ намуд, – мегӯяд ӯ.
Дар ҷамъомад роҳбари Инспексияи соҳаи назорати истифодаи бунёди манзилҳои бисёрошёнаи назди вазорат Баҳром Оллоберганов баромад карда гуфт, ки аз ҷониби инспексия ҳолати техникии 18770 манзил омӯхта шуда, ҳолати ғайриқонунии барпо намудани 11787 объекти сохтмонӣ аниқ гардид.
Тавсия дода шуд, ки онҳо ба тарзи ихтиёрӣ вайрон карда шаванд. Алҳол 9200 тои онҳо бартараф карда шуда, боқимонда дар асоси талабу тартибот бунёд мешаванд.
Таъкид гардид, ки дар биноҳои бисёрошёна ҳангоми таъмири дохилӣ набояд  ҷойи дару девор кӯчонда шавад, ба таври худ ба онҳо тағйирот ворид кунанд, ки ин пеш аз ҳама, ба бино ва аҳолӣ хавф дорад. Нисбати шахсоне, ки ба вайрон кардани дизайни муҳандисӣ ва зидди меъёрҳои шаҳрсозӣ рафтор кардаанд, чораҳои зарурӣ андешида мешавад. Ҳолатҳои аз ошёнаи якум ва зерхонаи бино ба таври ғайриқонунӣ истифода бурдани субъектҳои соҳибкорӣ аниқ гардида, аз рӯйи ин ҳолат ба идораҳои дахлдор хабар расондаанд.


Далер АЗИЗОВ,
хабарнигори
 «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: