БАРНОМАИ ДАСТГИРИИ ТАҲСИЛОТИ ЗАНОНУ ДУХТАРОН ТАҲИЯ МЕШАВАД

Ба туфайли эътибор ва ғамхории хоса ба бонувон дар кишварамон дар асоси тамоюли «Аз Стратегияи ҳаракат то Стратегияи рушд» хоҳарони диловару фидокори мо дар ободиву пешрафти Ватан саҳми арзанда гузошта истодаанд.

Хусусан, дар стратегияҳои иҷтимоию сиёсие, ки дар мамлакати мо амалӣ мегардад, иштироки пурраю баробари занону духтарон таъмин карда мешавад. Занону духтарон дар ҳамаи мақомоти давлатӣ бевосита иштирок доранд.
Инчунин, аз соли 2020 «Дафтари занон» барои кор бо занони ниёзманди кумаки иҷтимоӣ дар маҳалҳо таъсис дода шуд. То имрӯз ба наздик 900 ҳазор нафар занону духтарон кумакҳои иҷтимоию иқтисодӣ, тиббӣ, ҳуқуқӣ ва психологӣ расонида шудааст.
Бо мақсади ташаккули рӯйхати занони ба «Дафтари занон» дохилшуда ва ба таври мунтазам омӯзиш, таҳлил ва ҳалли мушкилот, эҳтиёҷ ва манфиатҳои онҳо Шӯрои ҷамъияти ҷумҳуриявии занону духтарон таъсис дода шуд.
Аз тарафи Шӯро барои бо маълумот ва малакаи касбӣ таъмин намудани бонувон, расондани кумаки ҳамаҷониба дар пайдо кардани кори муносиб, дастгирии соҳибкории онҳо як қатор чорабиниҳо амалӣ гардонда мешавад.
Ба харибӣ дар ҷамъомади видеоселекторӣ, ки таҳти роҳбарии Сарвари давлатамон баргузор шуд,  доир ба низоми дастгирии занону духтарон ва таҳкими мавқеи онҳо дар ҷомеа, вазифаҳо гузошта шудаанд, ки  корҳои дар ин самт амалигардида ба зинаи нав бардошта шаванд.
Аз ҷумла, Кумитаи давлатии оила ва занону духтарон таъсис дода шуд. Зимнан зикр гардид, ки барои пурра амалӣ намудани фаъолияти худ дар минтақаҳои кишвар, ваколатҳои идоракунии мустақили Фонди дастгирии бонувон ва фонди «Дафтари занон», инчунин 9 309 нафар мақомоти муовинони раис оид ба занону духтарон ва оила ба ихтиёри Кумита гузаронида мешавад. 
Инчунин, маълум шуд, ки бо мақсади таъмини ҳифзи иҷтимоии занон аз 1 сентябри соли 2022 ба заноне, ки расман дар бахши хусусӣ кор мекунанд, низоми пардохти давлатии нафақаи ҳомиладорӣ ҷорӣ карда мешавад. Барои ин аз буҷет соли ҷорӣ 200 миллиард сӯм ва дар соли 2023 1 триллиону 700 миллиард сӯм ҷудо карда мешавад.
Навгонии муҳими дигар ин аст, ки аз соли таҳсили оянда маблағи шартномавии духтарони дар магистратура таҳсилкунанда пурра аз ҳисоби буҷет фаро гирифта шуда, бори нахуст низоми кредити бефоиз ба муҳлати 7 сол барои пардохти шартномаҳои таълимӣ ҷорӣ карда мешавад.
Ин иқдом ба дили ҳазорон хонавода ва занону духтарон, ки дар он ҷо зиндагӣ мекунанд, шодӣ ва равшанӣ бахшид.
Сабаб дар он аст, ки имрӯз мутаассифона бештари занони дар оила ва ҷомеа ба таъқиб дучоршуда, заноне мебошанд, ки соҳиби маълумот намебошанд, дар зиндагӣ касби шахсии худро надоранд.
Акнун ҳар зану духтар, ки мехоҳад таҳсил кунад ва мутахассиси баркамол дар соҳаи мавриди таваҷҷуҳи худ шавад, имкони таҳсил ва ояндаи худро пайдо мекунад.
Инчунин, тарбияи модарони оянда ҳамчун як шахси бомаърифат, ҷаҳонбиниашон васеъ дар бунёди пояи сеюми Ренессанс, ки Ӯзбекистон дар ташаккули миллати бузург ба миён гузоштааст, нақши муҳим мебозад.
Хулоса, занони роҳбар ва кадрҳо на танҳо ба дарди ҳазорон нафар модарону хоҳарони мисли худашонро шунида, ҳал мекунанд, дар баробари ин нисбат ба ягон беадолатии ҷомеа бепарво нигоҳ карда намеистанд. Дастгирии мунтаззами онҳо дар роҳи фаровонии оила, пешрафти ҷомеа ва рушди кишвар қадами муҳим ба ҳисоб меравад.

Олтиной МАМИРОВА,
депутати Палатаи 
қонунгузории
Олий Маҷлис.   
ӮзА.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: