ЗАБОН ОИНАИ МИЛЛАТ АСТ

Забон дар тамоми давраҳои рушди ҳаёти ҷамъиятӣ баҳри ташаккули маънавиёти инсон нақши муҳим бозидааст ва имрӯз ҳам ин вазифаи боифтихорро адо менамояд.

Аз ин ҷост, ки забон мақоми умумхалқӣ дорад ва барои аҳли ҷомеа баробар хизмат мекунад. Халқе, миллате бе забони ягонаву умумӣ вуҷуд дошта наметавонад ва беҳуда забонро пояи миллат нагуфтаанд. Адиби барҷастаи доғистонӣ Расул Ғамзатов ба ҳамин маънӣ сухани ҷолибе гуфтааст: «Агар донам, ки пагоҳ забони ман аз байн меравад, дар он сурат тайёрам, ки имрӯз бимирам».
Ҳатто дар китоби муқаддаси ниёгонамон – зардуштиён «Авасто» мақоми волову бузургии сухан таъкид шуда ва дар силсилаи сегонаи ахлоқ: пиндори нек – гуфтори нек – кирдори нек сухан дар марказ қарор гирифтааст.
Бо қарори анҷумани генералии ЮНЕСКО аз 17 ноябри соли 1999 инҷониб 21 феврал Рӯзи байналмиллалии забони модарӣ эълон гардида, ҳар сол чун рӯзи эҳтиром  ва арҷгузорӣ ба забони модарӣ ва мусоидат ба рангорангии бисёрзабонӣ ва гуногунфарҳангии забонҳои дунё ботантана ҷашн гирифта мешавад. 
Ба ин муносибат Кумитаи оид ба муносибатҳои байнимиллӣ ва алоқаҳои дӯстона бо мамлакатҳои хориҷӣ якҷо бо Марказҳои миллӣ-фарҳангии ҷумҳурӣ анҷумани фарҳангиву маърифатиро таҳти номи «Забон оинаи миллат аст» баргузор намуд. Сафирони давлатҳои хориҷӣ, забоншиносон, адибон, шоиру нависандагон, намояндагони марказҳои миллӣ-фарҳангии вилоятҳо ва донишҷӯён иштирокдорони чорабинӣ буданд. 
Раиси кумита Рустамбек Қурбонов ҳозиронро хайра мақдам гуфта, таъкид намуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи роҳбари давлат имрӯз тамоми миллатҳо – ӯзбек, тоҷик, рус, тотор, поляк, қазоқ, қирғиз ва ғайра дар сари як суфра ҷамъ омадаанд ва ҳар яке ҳуқуқи ба забони модарии худ ҳарф задан, гузарондани чорабиниҳои фарҳангӣ, нашри китоб, маҷаллаву рӯзномаҳо, таълим бо забони модарӣ дар мактабҳоро доранд. 
– «Забон донӣ – ҷаҳон донӣ» гуфтаанд бузургони мо. Дар Ӯзбекистони соҳибистиқлол бо воситаи забон, аз ҳама муҳимаш, дӯстӣ, кушодадилӣ ва сулҳу салоҳро тараннум месозем. Бо ташаббуси Президент дар Ӯзбекистон барои тарғибу ташвиқ, арҷгузорӣ ва эҳтироми забони миллатҳои гуногун тамоми шароит муҳайё карда шудааст. Забон амонати гузаштагон барои мост, ин амонатро мо бояд ба насли оянда бо асолаташ расонем. 
Шоир фармудааст:
Ҳар кас ба забони худ 
сухандон гардад,
Донистани сад забон-ш осон гардад, – гуфт дар баромади худ сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода.
Сафири Ҷумҳурии халқии Бангладеш, сафири Ҷумҳурии Белорус дар Ӯзбекистон, раисон ва намояндагони марказҳои милӣ-фарҳангии вилоятҳо доир ба ҷашни забон, ҳифз ва эътирофи он ҳарф заданд.
Дар чаҳорчӯбаи чорабинӣ тақдимоти китобҳои тозанашр («Фирдавсӣ», «Пайроҳаи илм», «Меҳрнома») баргузор шуд. 
Аз ҷониби намояндагони марказҳои миллӣ-фарҳангии ҷумҳурӣ шеъру суруд ба забони модарии худ иҷро гардид, ки аз он тараннуми дӯстӣ, кушодадилӣ ва сулҳу салоҳи халқҳои Ӯзбекистон эҳсос мегардид.

Саодат БЕКНАЗАРОВА, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик».            

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: