Мақолаҳои охирин

Президенти Ӯзбекистон ҷонибдори рушди минбаъдаи шарикии ҳамаҷониба бо Арабистони Саудӣ мебошад

Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 15 апрел вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ, шоҳзода Файсал бин Фарҳон Ол Саудро, ки дар чаҳорчӯби барномаи мулоқоти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои арабии Халиҷи Форс дар кишвари мо қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.

Президенти Ўзбекистон рушди босуръати ҳамкориҳои мутақобилан судмандро бо Қатар бо қаноатмандӣ қайд намуд

Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 15 апрел ҳайати Давлати Қатарро таҳти сарварии Сарвазир, вазири корҳои хориҷӣ Шайх Муҳаммад бин Абдулраҳмон Ол Сонӣ ба ҳузур пазируфт.

Президенти Ӯзбекистон аҳамияти густариши минбаъдаи ҳамкориҳои бисёрҷонибаро бо Туркманистон таъкид кард

Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 15 апрел муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон, вазири корҳои хориҷӣ Рашид Мередовро, ки дар чаҳорчӯби барномаи ҷаласаи дуюми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Муколамаи стратегии «Осиёи Марказӣ - Шӯрои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷи Форс» дар кишвари мо қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.

Миёни мактабҳои олии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон беш аз 50 санад ба имзо расид

Имрӯз дар шаҳри Тошканд Анҷумани дуюми ректорони донишгоҳҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори худ шурӯъ кард, ки аз ҷониби Вазорати маориф, илм ва инноватсия дар заминаи Донишгоҳи давлатии иқтисодиёти Тошканд 15-16 апрели соли равон баргузор мешавад.

Олимони ИМА ҷигарро бевосита дар организми инсон парвариш карданд

Мутахассисони ширкати LyGenesis аз ИМА бори аввал дар таърих оид ба парвариши ҷигари навро бевосита дар бадани инсон таҷрибаи бомуваффақият анҷом доданд. Хабари дахлдори матбуот дар Nature нашр шудааст.

Дар Тошканд ҷаласаи дуюми вазирони корҳои хориҷии Муколамаи стратегии «Осиёи Марказӣ - Шӯрои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷи Форс» оғоз шуд

Имрӯз, 15 апрел дар Тошканд ҷаласаи дуюми вазирони корҳои хориҷии Муколамаи стратегии «Осиёи Марказӣ - Шӯрои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷи Форс» оғоз шуд.

Роҳбари Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон бо вазири корҳои хориҷии Баҳрайн мулоқот анҷом дод

Имрӯз, 15 апрели соли 2024 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Бахтиёр Саидов бо вазири корҳои хориҷии Баҳрайн Абдуллатиф бин Рашид Ал-Заянӣ мулоқот анҷом дод.

МУБОРАКБОДИҲОИ САМИМӢ

Ба муносибати моҳи барои тамоми уммати мусулмон муқаддаси Рамазон ва фаро расидани иди сайиди Рамазон ба унвони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ, арбобони бонуфузи ҷамъиятӣ ва динӣ муборакбодиҳои самимӣ мерасанд.

РОҲБАРОНИ ӮЗБЕКИСТОН ВА ТУРКИЯ БА МУНОСИБАТИ ИДИ РАМАЗОН ЯКДИГАРРО САМИМОНА ТАБРИК КАРДАНД

Дар рафти мулоқоти телефонӣ 9 апрел Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Таййип Эрдоған ба муносибати иди барои тамоми уммати мусулмон мубораки Рамазон якдигарро табрик карданд.

Ҷавобҳо ба дархостҳои зуд-зуд пурсидашаванда