Дар Шаҳрисабз бо иштироки ошпазҳои мамлакатҳои аъзои СҲИ фестивали гастрономӣ барпо гардид

25 апрел чорабинии байналмилалии “Шаҳрисабз – пойтахти сайёҳии Созмони ҳамкории иқтисодӣ" ба кор оғоз намуд.

Дар доираи он фестивали гастрономӣ бо иштироки ошпазҳои машҳур, ки аз кишварҳои узви СҲИ омадаанд, баргузор гардид.

Дар ин ҷашнвора беш аз 30 нафар устоҳо беҳтарин таомҳои миллии кишварҳои худ омода карда, дар майдончаи «Craftsmen's Center» -и майдони таърихӣ пешкаши иштирокчиёни чорабинӣ намуданд.

Котиби генералии СҲИ Хусрав Нозирӣ бо ҳамроҳии раиси Кумитаи сайёҳӣ Умид Шадиев аз “ошхонаҳо”-и махсусе, ки барои ошпазони ҳар кишвар сохта шудааст, дидан карда, бо равандҳои омода кардани таомҳо ошно шуда, онҳоро чашида, ба маҳорати ошпазии ширкаткунандагон баҳо дод.

Дар фестивали гастрономӣ ошпазҳо дар давоми рӯз на танҳо ба иштирокчиёни чорабинии байналмилалӣ, балки ба сокинони маҳаллӣ низ хизмат расониданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: