Ғазали ваҳдат

Ғазали ваҳдат

Зодгоҳи Рустаму шоҳони Сосонӣ якест,
Шавкати «Шоҳнома»-ву фарҳанги 
эронӣ якест.

Арзиши хоки Бухорову Самарқанди азиз,
Назди мо бо гавҳару лаъли бадахшонӣ якест.

Мо агар чун шохаҳо дурем аз ҳам айб нест,
Решаи кӯлобию балхию теҳронӣ якест.

Аз дирафши Ковиён овози дигар мерасад,
Бозувони Коваву шамшери Сомонӣ якест.
Чист фарқи шеъри Ҳофиз бо суруди
 Мавлавӣ,
Мактаби ҳиндӣ, ироқию хуросонӣ якест.

Фарқи шеъри Бедилу Иқболу Соиб дар 
куҷост,
Рӯдакию ҳазрати Ҷомию Хоқонӣ якест.

Марзҳо дигар асоси дурии мо нестданд,
Эй бародар, асли моро нек медонӣ, якест.

Тоҷикӣ, ё порсӣ ё хеш пиндорӣ дарӣ,
Ин забони порсиро ҳар чӣ мехонӣ, якест.


АНДЕША ВА РОЗҲО 
                                
МЕТАФИЗИКА ВА ДИАЛЕКТИКА 

Адиби баркамоли тоҷик Саттор Турсун боре дар як суҳбат гуфта буд:
– Мавзӯи наву кӯҳна нест. Гап дар сари чи гуна навиштани онҳост. Ё гапам нодуруст?
Ба андешаи мо, дунё тағйир меёбад, замонҳо дигар мешаванд. Онҳо мавзӯоти нав ба навро барои аҳли санъат пешниҳод менамоянд. 

АСРОРИ АЗАЛРО НА ТУ ДОНИВУ НА МАН...

Бо даргузашти ёрони азизам, дил бичӯкад, дар дилам пайдо бишавад дард. Дӯстон, куҷо рафтед, чаро танҳо бо дидаи гирён бимондед маро? Бо мисраи Умари Хайём «Аҳволи мусофирон бигӯяд чун шуд?» Аҳволи мусофирони дунёи дигарро на нодон бидонаду на оқил. Асрори маргро ҳам то ҳол ягон фозил кашф накардааст.

ТАНҲО МЕҲР

Танҳо меҳр пайваст кунад одамонро бо ҳам. Меҳр, яъне дӯстӣ. Ба қавли Ҳофиз: «Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад». 
Агар сулҳу салоҳ, субот бошад,  метавон  ҳаллу фасл  кард ҳамаи масъалаҳои рӯзгори бани башарро, ба монанди даҳшатфканӣ, миллатгароӣ, исломгароӣ, низоъҳои миллӣ ва динӣ... Агар чунин замон фаро бирасад, меҳр дар дили мардумони дунё пойдор ва устувор бишавад, оламу одам ба ободӣ хоҳад расид. 
Кай одамон ба дарки ҳамин ҳақиқати оддӣ мерасида бошанд?..

Ӯктам ИБРОҲИМ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: