КАШФИЁТИ ҶАВОНОН ДАР РОБОТОТЕХНИКА

Дар Тошканд ҷашнвораи технологияи инноватсионӣ дар саноати мудофиа баргузор гардид.

Он дарак дод дар мамлакати мо чун дигар соҳаҳо робототехника рӯ ба ривоҷ аст ва дар ихтироъҳо техникҳои ҷавонамон, ки дар масканҳои таълимӣ мехонанд, фаъолона иштирок менамоянд.
Ғояҳое низ мавҷуд, ки як нафар не, чанд нафар ба он муаллифӣ намудаанд. Чунончи, як гурӯҳ донишҷӯёни пешқадами Институти муҳандисӣ-технологии Намангон роботомошин сохтанд, ки 45 килограмм вазн дорад. Робот масофавӣ идора гардида ва бореро, ки 80-100 килограмм вазн дорад, бе ҳеч душворӣ ба манзил бурда мерасонад. Кашфиёт нахуст дар технопарки муассисаи таълими олии зикршуда намоиш дода шуд. Баъд ихтироъкорон бо роботи худ дар ҷашнворае, ки қайд кардем, иштирок намуданд. Дар самти робототехника кашфиёти донишҷӯёни намангонӣ ҷои дувумро ишғол намуд. 
Навъе донишҷӯи ИМТН Шоҳрӯз Тошқулов маълум менамояд, дар ин рӯзҳо ихтироъкорони ҷавон корҳои такмилдиҳии роботро идома медиҳанд.

М. ШОДИЕВ, 
мухбири «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: