АХТАРИ ТОБНОКИ ОСМОНИ ШЕЪР

Халқи туркман аз қадимулайём ҳамсоягони ҳамраъю ҳамдили мо мебошад.

Халқи туркман аз қадимулайём ҳамсоягони ҳамраъю ҳамдили мо мебошад. Моро таърих, фарҳанг ва суннатҳои умумӣ ба ҳам мепайванданд, ки асоси мустаҳками ҳамкории кишварҳоямон мебошанд. Ин аст, ки  бино бар даъвати Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо сафари давлатӣ ба мамлакатамон омадани Президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов ва ба имзо расидани Шартнома дар бораи ҳамкориҳои иқисодию фарҳангӣ дар китоби дӯстии халқҳоямон саҳифаҳои тоза кушода шуданд.
Вақте ба авроқи таърих назар меафканем, дӯстӣ ва ҳамкориҳои файзбахши адабиётҳоямонро эҳсос менамоем, дар он ном ва саҳми шоир ва мутафаккири бузург Махдумқулӣ – Фироқӣ бо эҳтиром ва эътирофи шоиста ба забон гирифта мешавад. Зотан асрҳост, ки туркманҳо ғазалиёти Алишер Навоӣ ва Бобурро бо муҳаббати зиёд дар забони асл мутолиа кунанд, ӯзбекону тоҷикон Махдумқулиро чун шоири худ қадр менамоянд ва дӯст медоранд. Шеърҳои ӯро дар иҷрои ҳофизони маъруф Комилҷон Отаниёзов ва Бобомурод Ҳамдамов бо завқ гӯш мекунанд. Имрӯз ҳамчун рамзи ин меҳру самимият  яке аз кӯчаҳои Тошканд ба номи Махдумқулӣ гузошта шуда, ба шарафи ӯ ёдгорӣ қад рост кардааст.  
Махдумқулӣ соли 1733 дар овули Ҳоҷиравшан, ки дар водии Гургон ва соҳили дарёчаи Атроқи ноҳияи Қароқалъаи имрӯзаи Туркманистон воқеъ аст, дар оилаи шоир ва олими намоён Давлатмамади Озодӣ ба дунё омадааст.  Падари шоираш, ки аз адабиёти классикии форс-тоҷик  хабардор буду таҳти таъсири «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ «Пандномаи Озодӣ» ном достони дидактикӣ офаридааст, оташи меҳру муҳаббатро нисбати адабиёти даҳанакии туркман ва адабиёти классикии форс-тоҷик дар дилу шуури писараш бармаҳал меафрӯзад. Барои такмили саводи ӯ муаллими хусусие бо номи Ниёзи Солеҳ пайдо мекунаду шароити хуби таълимро муҳайё месозад. Дар натиҷаи ин доираи дониш ва фаҳмиши Махдумқулӣ батадриҷ васеъ гашта, боиси қаноатмандии атрофиёнаш мегардад.
Падари донишманд ва ғамхор оташакҳои нахустини истеъдоди писарашро пай бурда, барои рахшонтар гардидани он, ӯро ба Бухорои илму адабпарвар роҳӣ менамояд. Ҷавони 14-солаи ташнаи илм бо як дунё орзуву ҳавас таҳсилро дар мадрасаи машҳури Кӯкалдош оғоз намуда, бо Нурӣ Козим ибни Боҳир ном ҷавони туркмани суриягӣ, ки аз Димишқ барои таҳсил омада буд, ошнову дӯст мегардад. Бухорои донишафзо, китобхонаҳои ғании ин шаҳри шариф, муҳити гарму ҷӯшони адабӣ ва дӯстии самимона бо Нурӣ Козим имкон медиҳанд, ки аввалин шеърҳояшро эҷод кунад. Аммо бадахлоқиҳое, ки дар мадраса авҷ гирифта буданд, ӯро маҷбур месозанд мадрасаро тарк намуда,  ҳамроҳи Нурӣ Козим ба сафари Афғонистон, Эрон ва Ҳиндустон барояд. Дӯстон баъди тақрибан якуним сол ба Самарқанд, ба умеди давом додани таҳсил меоянд. Аммо умеду ниятҳои онҳо ин ҷо амалӣ нагашта,  ҷониби водии Фарғона раҳсипор мегарданд. Бино бар фикри  олимони туркман Д.Аманеков ва К.Бейсов,  баъди саёҳати Андиҷону Марғелон, Қӯқанду Намангон ва Хуҷанд роҳи Хоразмро пеш мегиранд. Бо сарсониву саргардониҳои зиёд ба Хева расида, дар мадрасаи Шерғозӣ ба таҳсил шурӯъ мекунанд. Истеъдоди дурахшони Махдумқулӣ ба хусус дар соли дуввуми таҳсил ҳамаро қоил мекунад ва устоди ҳайратзадааш Полвон (шояд Муҳаммад Паҳлавон бошад?) ин  шогирди хушзеҳнашро ба ҷойи худ муаллим таъин менамояд. Умуман, айёми таҳсил дар мадрасаи Шерғозӣ аз беҳтарин давраҳои умри шоир буданд, ки тавсифи он дар шеъри «Шерғозии зебо»-и шоир ҳам ифодаи худро ёфтааст.
Махдумқулӣ ҳамчун шоири навпардоз ба адабиёти туркман ашъори рангину муаттаре эҳдо намуд, ки солҳои тӯлонӣ вирди забони мардум аст. Ин осор ҳамчун суруди рӯҳафзо шарики ғаму шодии мардум мебошад. Олими маъруфи шарқшинос Е.Бертелс шеърҳои ӯро «лаъли гуҳаррез ва дурахшон» номида, ҳанӯз дар аввали садаи гузашта диққати муҳаққиқони таърихи адабиётро ба он ҷалб карда буд. Устод Айнӣ дар яке аз мактубҳои худ ба Лоҳутӣ навишта буд: «Махдумқулӣ… шоири хубест. Асарҳои ӯ то инқилоб ба забони русӣ ва забонҳои аврупоӣ тарҷума шудаанд».
Воқеан, бино бар таъкиди олими робиташинос Валӣ Самад тарҷумаву шӯҳрати ҷаҳонӣ касб намудани шеъри Махдумқулӣ таърихи дароз дорад. Бино ба гуфти ин олим, бори нахуст сайёҳ ва адабиётшиноси поляк Александр Ходзко аз Махдумқулӣ дарак дода, се шеъри ӯро дар асл ва тарҷумаи англисиаш (соли 1842) дар Лондон ба таъб расондааст. Соли 1863 бошад, сайёҳ ва олими венгер Герман Вамберӣ (Арминий) дар либоси дарвеше пинҳонӣ ба минтақа омада, ба омӯхтани забон, таърих ва тарзи зиндагии халқи туркман мепардозад ва дар як вақт ба гирд овардану омӯхтани осори Махдумқулӣ муяссар мегардад. Ӯ соли 1879 шеърҳои шоирро дар асл ва тарҷумаи немисиаш  дар Лейпциг нашр менамояд. Соли 1904 баъди ҷустуҷӯйҳои зиёд шарқшинос И.Беляев девони комили шоирро аз зодгоҳи шоир дастрас менамояд. Соли 1907 аз рӯйи ҳамин бозёфт муҳаррири онвақтаи газетаи «Туркистон» Н. Остроумов мунтахаботи шоирро дар Тошканд ва олими тоҷики бухороӣ Абдураҳмони Ниёзӣ соли 1912  матни комили «Девон»-ро дар Аштархон ба табъ мерасонанд.
Имрӯз матни комили ашъори ӯ дар ду ҷилд ба забони туркманӣ ва даҳҳо тарҷумаҳои он ба чандин забони халқҳои Осиё ва Аврупо нашр ва паҳн шудаанд. Боиси заҳматҳои шоирон Муҳиддин Аминзода, Бобо Ҳоҷӣ, Ҳақназар Ғоиб, Муҳиддин Фарҳат, Ҳадиса, Аслам Адҳам ва дигарон шеъри ин шоири маъруфи туркман дастраси хонандагони тоҷик низ шудааст.   
Мавзӯи асосии эҷодиёти шоирро тараннуми ишқи пок ва сӯзу сози беназири он, панду ҳикматҳо,  ватанхоҳӣ ва муттаҳид намудани қабилаҳои парешони туркман, шикоят аз замона, ғаму андӯҳ аз марги бародарону фарзандон ташкил медиҳанд, ки аксар дар навъҳои адабии достон, ғазал,  чаҳорпораҳо (тошмаҳо), мусаддасу мухаммас  густариш ёфтаанд. Ӯ бо ашъори гуҳаррези худ  ҳамчун шоири навовар ба адабиёти нави туркман асос гузоштааст. 
Махдумқулӣ ба офаридаҳои адибони форс-тоҷик ихлоси баланд дошт. Ба хусус Фирдавсӣ, Хайём, Саъдӣ, Ҳофиз барин суханварони беназири онро қадру ситоиш менамуд. Ин аст, ки дар ашъори рангини ӯ таъсири файзбахши онҳо ба мушоҳида мерасад. Чунончи, ҳини хондани шеърҳои ватандӯстонаи шоир рӯҳ, ҷасорат ва хулосаҳои мантиқии Фирдавсӣ эҳсос мешаванд, ки аз дилбастагии муаллифаш ба ин шоири маъруф гувоҳӣ медиҳанд:
Ҳеҷ аст дусад буздил дар лаҳзаи даркорӣ,
Бар хасм зафар ёбад сарбози 
фидокоре.
Инчунин шоир андешаҳои фалсафии хешро баъзан хайёмона дар бораи қазову қадар, гузашти умр фикрҳои ҷолиби назарро ба миён мегузорад:
Он мурғи фараҳ, ки бахт номаш ҳаст,
Дирӯз, ки рахт то ба гардун баст,
Имрӯз параш чу аз қазо бишкаст,
Афтода миёни лойдон бошад…
 Силсилашеъри «Равӣ – рав амон» ба санъати саволу ҷавоб навишта шуда, шеърҳои ин навъи Камолу Ҳилолиро хотиррасон мекунанд. Онҳо равону гӯшнавоз буда, бори маънӣ мекашанд:
Гуфтам: «Рухи ту тобон»,
Гуфто ки: «Менглӣ ҷонон!».
Гуфтам: «Дилам пурармон»,
Гуфто: «Дили ту вайрон».
Гуфтам: «Бимирам акнун»,
Гуфто:  «Намир, амон мон!».
Гуфтам: «Ту тирмижгон»,
Гуфто: «Камони қошон?».
Гуфтам: «Ба рӯйи ту хол»,
Гуфто: «Ба ранги гулҳо».
Гуфтам: «Забон чу қумрӣ»,
Гуфт: «Андалеби гӯё».
Гуфтам: «Биё, хабар гир»,
Гуфт: «Одамон дар он ҷо». 
Гуфтам: «Чӣ сарви қомат!»,
Гуфто: «Бубин миёнро»…
Дар ашъори Махдумқулӣ тарғиби ахлоқи ҳамида ва тарбияи инсони боадабу маърифат ҷойгоҳи хос дорад. Дар аксар шеърҳои панду насиҳатии ӯ некиву накӯкорӣ тараннум ёфтаанд. Дар онҳо мардум ба олиҳиммативу бедордилӣ даъват мешаванд. Ҳикматномаҳои шоир аз таҷрибаи рӯзгор файзёб гаштаанду барҳақ дуруст будани гуфтаҳои зерини мутахассисони адабиёти туркманро гувоҳӣ медиҳанд: «Шеърҳои ҳайратангези Махдумқулӣ барои туркманҳо, баъди сураҳои Қуръон аз китобҳои хонданибоб мебошанд».
Дар байни  ҳикматномаҳои шоир ашъори ватанхоҳӣ ҳам назаррасанд, ки дар онҳо доманаҳои кӯҳи сабзу хуррами зодгоҳ, обу ҳавои диёри шоир бо меҳру садоқат тараннум ёфтаанд:
Нури чашмонам – гули хушбӯю тар,
Чашмаю кӯҳу ҷиболи туркман!...
Соярезу анбарафшон боғҳо,
Нору ноқа хушчаро дар роғҳо.
Булбулони даштӣ аз гул доғҳо,
Пурфараҳ ҳусну ҷамоли туркман.
Дар ин қабил ашъор Махдумқулӣ мисли шоирони номдори туркман Андалеб, Маъруфӣ, Сайидӣ, Зелилӣ ва Мулло Напас қабилаҳои парешону парокандаи туркманро ба муттаҳидӣ, мардумро ба ҳимояи Ватан, бародариву дӯстӣ даъват менамояд. Умри дубораи шоир дар шеърҳояш идома меёбад. Ному эҷодаш аз дили халқ маскану маъво гирифтаанд. Дар ин хусус худи ӯ гуфта буд:
Халқи худ аз чашми худ манмой дур,
Гавҳари гуфторро қадре шинос.

Абдусалом САМАДОВ,
номзади илмҳои филологӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: