АҲАМИЯТИ КЛАСТЕР ДАР СОҲАИ ПАХТАКОРӢ

Солҳои охир аз тарафи сарвари давлатамон ҷорӣ кардани кластер натиҷаҳои дилхоҳ пайдо карда, хоҷагиҳои фермерӣ нақшаҳои ба зимма гирифтаашонро шарафмандона ба иҷро мерасонанд.

Солҳои охир аз тарафи сарвари давлатамон ҷорӣ кардани кластер натиҷаҳои дилхоҳ пайдо карда, хоҷагиҳои фермерӣ нақшаҳои ба зимма гирифтаашонро шарафмандона ба иҷро мерасонанд.
То ҷорӣ кардани кластер дар хоҷагии қишлоқ аз нарасидани сӯзишворӣ, нурии минералӣ, қисмҳои эҳтиётӣ барои техника муаммоҳо садди роҳ буданд. Маҳз ба туфайли амалӣ шудани кластер дар хоҷагии қишлоқ чунин мушкилиҳо бартараф мешаванд. 
Ҳоло дар назди фермерон бобати пахтасупорӣ нақшаи муайян пешниҳод нашуда бошад ҳам, хоҷагиҳои фермерӣ пахтаро манбаи асосии даромад шуморида, аз аввали баҳор барои рӯёнидани ҳосили фаровон бо ғайрати дучанд меҳнат мекунанд ва нақшаҳои ба зимма гирифтаашонро барзиёд ба иҷро мерасонанд.
Соли ҷорӣ 1849-то хоҷагии фермерии вилоят, айни замон 7-то корхонаи кластерии вилояти Намангон ба 63 ҳазору 406 гектар майдон тухмӣ пошида ва ба қоидаҳои агротехникӣ риоя карда, ҳосили фаровони пахтаи пешпаз рӯёниданд.
Барои  ҷамъоварии сари вақти пахта дар миқёси вилоят 1381-то отряд ташкил ёфта, зиёда аз 184 ҳазор нафар чинакчиён ҷалб шуданд.
Диловарони саҳрои вилоят аз ҳар як гектар 31,7 сентнерӣ, ба ҷои 201 ҳазору 250 тоннаи банақшагирифташуда 201 ҳазору 849 тонна «тиллои сафед» ҷамъ оварда, супоришоти ба зимма гирифтаашонро барзиёд иҷро карданд.
Қисми асосии ҳосил дар ноҳияҳои Учқӯрғон, Мингбулоқ ва Поп ба воситаи мошинҳои пахтачинӣ ғундошта шуд.
Дар бунёди хирмани вилоят ноҳияҳои Чортоқ, Мингбулоқ, Намангон, Тӯрақӯрғон, Норин, Поп низ саҳм гузоштанд.

А.МУРОДОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: