ҶУСТУҶӮҲО ДАР МИНТАҚАҲОИ ИННОВАТСИОНӢ ИДОМА ДОРАНД

Солҳои охир дар мамлакатамон ба истифода бурдан аз технологияҳои инноватсионӣ эътибори алоҳида дода мешавад.

Солҳои охир дар мамлакатамон ба истифода бурдан аз технологияҳои инноватсионӣ эътибори алоҳида дода мешавад. Беҳуда нест, ки яке аз панҷ ташаббуси муҳими роҳбари давлатамон ба ин самт нигаронида шудааст.
Бино бар фармоиши Президент аз 1 апрели соли ҷорӣ «Дар бораи такмил додани низоми идораи давлатӣ оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва инноватсионӣ» ноҳияи Сирдарё ба ҳайси минтақаи инноватсионӣ дохил гардида буд. Ба мақсади таъмини иҷрои фармоиши мазкур раёсати ҳудудии рушди инноватсионии вилояти Сирдарё бо ҳамкории ҶММ «Armo group company» лоиҳаи аз тариқи интернет омӯзондани ҷавонони бекор ба пул кор кардан ё фрилансериро омода кард. Истилоҳи «фрилансер» маънои мутахассисеро дорад, ки ба тарзи озод фаъолият мебарад. Дар натиҷаи ба амал татбиқ намудани лоиҳаи мазкур 15 ҷойи кори доимӣ ва зиёда аз 100 ҷойи кори масофавӣ ба вуҷуд оварда шуд.
Ба наздикӣ дар минтақаи инноватсионии Сирдарё маросими кушодашавии маҷмӯъи коворкинги  сеқабатаи ҶММ «Armo group company» баргузор шуд. Дар чорабинӣ ҳокими ноҳия Ботирҷон Мирзоқулов ва масъулони дигар иштирок карданд. Сардори раёсати минтақавии рушди инноватсионии вилояти Сирдарё Азимҷон Холов гуфт, ки дар бинои мазкур омӯзиши фрилансерҳо ва таъмин намудани онҳо бо кор тибқи талаботи рӯз ба роҳ монда мешавад. Дар корхонаи мазкур маҳсулоти тунука, профнастил ва асбобу анҷомҳои дигар истеҳсол карда мешавад.

Фурқат ТОШМАТОВ,
вилояти СИРДАРЁ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: