РАҚОБАТБАРДОР ВА ЭКСПОРТБОБ

Дар корхонаи тобеи ҶММ «Top Quality Brand»-и ноҳияи Ангори вилояти Сурхондарё аз ашёи хоми пӯст маҳсулоти рақобатбардор кор карда бароварда мешавад.

 Корхона 4 гектарро фаро гирифта, дар давраи аввал 210 ҷойи кор ташкил карда шуд. Коргоҳ бо қувваи пурра ба фаъолият сар кунад, ин рақам ба 400-то мерасад. Маҳсулоти чармии дар ин ҷо ба коркард фарогирифташуда ба Озарбойҷон, Ҳиндустон, Португалия, Италия ва Русия барин кишварҳо экспорт карда мешавад. Ҳаҷми экспорти солона 15 миллион доллар, миқдори даромад ба давлат 4 миллиард сӯмро ташкил менамояд. Дар корхона соле 1,2 миллион квадрат метр чарми тайёр, 450 ҳазор ҷуфт пойафзор, 250 ҳазор дона маҳсулоти атторӣ, 5 ҳазор тонна желатин омода карда мешавад. Пӯсти чорво, ки то ин вақт ё ба партов табдил ёфта ё арзон фурӯхта мешуд, акнун дар худи ҳудуд коркард мегардад. Муҳимаш, аҳолӣ пӯсти чорвои худро фурӯхта, соҳиби даромад мешавад.
Дар сурат: дар корхонаи тобеи ҶММ «Top Quality Brand»-и ноҳияи Ангори вилояти Сурхондарё.
Суратгир: Ҷ. ҚӮЗИМУРОДОВ (ӮзА).

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: