Аз 20 март дар хатсайрҳои поездҳои барқии байнишаҳрии Тошканд ва вилояти Тошканд тарифҳои ягона ҷорӣ карда мешаванд

Мусофирон барои роҳкиро на аз рӯи шумораи истгоҳҳо (минтақаҳо), ки онҳо мегузаранд, тавре пештар буд, балки аз рӯи тарифи ягона вобаста аз хатсайр мепардозанд.

Масалан, тарифи ягона дар хатсайри «Тошканд – Бекобод – Тошканд» 12 000 сўм, «Тошканд — Хоҷикент — Тошканд» 10 000 сўмро ташкил медиҳад. Ба нархи билет хироҷи маҳаллӣ ба миқдори 3000 сӯм дохил мешавад.

Тавре дар ҶС «Узтемирйулйуловчи» қайд карданд, мусофироне, ки бо истифода аз корти ATTO барои билет пардохт кардаанд, ба маблағи 500 сӯм тахфиф хоҳанд гирифт.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: