АЗ ТАЪРИХИ ПУРШАЪНИ МАДРАСА

Ба муносибати 500-солагии мадрасаи Мири Араб

Баъди шиносоӣ бо ҳуҷҷате, ки дар ҷараёни кори эҷодӣ вохӯрдам, фикру ақидаҳоям доир ба фаъолияти мактабу мадрасаҳои қадим тағйир ёфт. Ба хусус, вуҷуд доштани мадрасае мисли Мири Араб, ки дар олами Ислом машҳур аст, баробари фаъолияти мударрисони донишманд, ба масъалаҳои молиявии он низ эътибори зиёдеро талаб мекард.
Расмикунонии ҳуҷҷати мазкур ба соли 1052-и ҳиҷрӣ (соли 1642-и милодӣ) рост меояд. Ҳуҷҷат бо усули насхи хати арабӣ навишта шудааст. Аз сабаби дар ҷойи заҳ ва нам нигоҳ доштан, навиштаҷоти як тарафи он осеб дидааст. Ҳоло мувофиқи сураҳои Қуръони карим шумораи ҳуҷраҳои  мадрасаро 114-то мегӯянд, аммо дар ин ҳуҷҷат доир ба ҳуҷраҳо маълумот дода нашудааст.
Барои таъминоти моддии мадрасаи Мири Араб якчанд порча заминҳои мутааллиқи он мавҷуд буд, ки вақфдиҳанда доир ба он маълумот додааст: 120 қисм замини мавзеи Аспҷандаки амлоки  Сармиҷони ноҳияи Ғиждувон, 2206 қисм аз ноҳияи Шофиркон, якчанд қисм замин аз вилояти Кеш, Ғузор, як тими хурд, чандин дукон ва корвонсаройи дохилии шаҳри Бухоро вақфдиҳандаи мадраса буданд.
Ба мударрис, муфтӣ, имом, муаззин, ҳофиз (устоди илми қироат) ва дигар ходимони мадраса аз даромад ё худи ҳосили заминҳои номбаршуда маош тайин мешуд. Касоне, ки аз мулки вақф ҳақ мегирифтанду зидди шариат кор мекарданд, мутаваллӣ бо роҳи панду насиҳат ӯро аз ин роҳ бармегардонд. Мутаваллӣ соле як бор қонуну қоидаҳои муассисаро ба ходимон мефаҳмонд. Дар даҳ сол як маротиба бо донишмандон бахшида ба масъалаҳои фаъолияту тартиб ва қоидаҳои мадраса ҷамъомад мегузаронд. 
Дар ҳуҷҷат доир ба китобхонаи мадраса, ки аз китобҳои нодир ғанӣ буд, чизе гуфта нашудааст. 
***
Мадрасаи Мири Араб яке аз маъруфтарин муассисаи таълими динӣ ба шумор меравад. Рӯ ба рӯйи он масҷиди Калон ва поёнтар аз он минораи Калон ҷойгир шудааст. Ба дарвозаи он, ки фирӯзаранг аст, бо нақш ва навиштаҷоти арабӣ оро дода шудааст. Дар саҳни майдони васеи он фурӯши китоб ва туҳфаҳое, ки аз тарафи устоёни гулдасти маҳаллӣ сохта шудаанд, ба роҳ монда шудааст.
Қабри Саййид Абдуллоҳи Яманӣ, ки асосгузори мадраса аст, дар тарафи чапи он ҷойгир шудааст. Дар хилхонаи махсуси он қабрҳои зиёд мавҷуд буда, яке аз онҳо, ки бо сағонаи чӯбин коркард шудааст, ба Убайдуллохони Шайбонӣ тааллуқ дорад. Аз байни қабрҳо гузаред, дар як кунҷ «хонача»-еро мебинед. Хоначаро ба ҳуҷраҳо қиёс карда намешавад. Дар он як кас ба зӯрӣ меғунҷад. Хоначаро «чиллахона» мегуфтанд, ки дар он барои зарфмонӣ тоқча ва ба тарафи кӯча дарича дошту халос.
Мадрасаи Мири Араб дар даври Убайдуллохони Шайбонӣ соли 942-и ҳиҷрӣ (1535-1536 милодӣ)  аз тарафи Саййид Абдуллоҳи Яманӣ сохта шудааст.  
Саййид Абдуллоҳи Яманӣ дар 22-солагӣ барои донишомӯзӣ аз мавзеи Ал-Ҳазарамавти Яман ба Мовароуннаҳр меояд. Баъди тай кардани роҳи дуру дароз ба Самарқанд меояд ва ба хидмати Хоҷа Аҳрори Валӣ мерасад. Аз Хоҷа Аҳрор илмҳои зоҳириву ботинии дини исломро меомӯзад ва баъд бо таклифи ӯ ба Бухоро меравад. Дар Бухоро мустақилона машғули илму дониш шуда, мардумро ба роҳи ҳидоят даъват мекунад.
Дар манбаъҳои таърихӣ маълумотҳои зиёд вомехӯранд, ки онҳо дар бораи ба Абулғозӣ Убайдуллоҳи Баҳодурхони Шайбонӣ мурид ва рафиқ будани Саййид Абдуллоҳи Яманӣ мебошад. Ҳасанхоҷаи Нисорӣ доир ба муносибати дӯстонаи Убайдуллоҳи Шайбонӣ ва Абдуллоҳи Яманӣ, ки дар Аҷаму араб машҳур буд, навиштааст: «Баъди вафоти ҳазрати Шайбонӣ ҳамаи заминҳое, ки Мовароуннаҳр ба тасарруфи ин сулола буд, аз даст рафт. Бо шарофати Мири Араб – Саййид Абдуллоҳи Яманӣ Убайдуллоҳи Баҳодурхон бо се ҳазор аскари силоҳдораш бар зидди 60 ҳазор аскари рақиб ҷангид ва нисбати ояти 249-уми сураи Бақараи Қуръони карим («Гурӯҳи камшумор бо марҳамати Аллоҳ аз болои гурӯҳҳои сершумор ғолиб меоянд. Аллоҳ бо сабркунандагон мебошад») ба муваффақият ноил гашт ва мулки Мовароуннаҳрро аз нав гирифт».
Соли 1512-1513 Исмоили Сафавӣ бо Ёраҳмад ном сарлашкараш, ки бо лақаби Наҷмиддини Сонӣ машҳур буд, барои ба Бобурмирзо гирифта додани Мовароуннаҳр лашкари бешумори худро мефиристонад. Лашкар дар Насаф ба монеаи мардум дучор мешавад ва сарлашкар фармон медиҳад, ки мардум қатл карда шаванд. Азбаски душман беадад  ва соҳиби қувваи бузург буд, Убайдуллохон ноумед мегардад. Аммо бо дастгирӣ ва панду насиҳати Саййид Абдуллоҳ бори дувум муваффақиятро ба даст меорад. 
Убайдуллохони Шайбонӣ аз ин зафарҳо руҳбаланд гашта, ба Хуросон юриш мекунад. Дар ҷанг ғолиб шуда, бо туҳфаҳои зиёд ба Ватан бармегардад.
Ӯ хуб медонист, ки ба муваффақиятҳои ӯ Амир Абдуллоҳи Яманӣ саҳми бузург дорад. Аз ин сабаб, баъди баргаштан ба кишвар ба сифати миннатдорӣ ба ӯ тӯҳфаҳои зиёд инъом мекунад. Абдуллоҳи Яманӣ ба ин туҳфа аз маблағи худаш зам мекунад ва ҳамаи онро ба сохтани мадраса сарф менамояд.
Ҳамин тариқ, мадрасаи зебову бомуҳобот барпо мегардад. Дар баъзе манбаъҳо қайд шудааст, ки тарҳи мадрасаи Мири Арабро худи Абдуллоҳи Яманӣ кашидааст.
Оиди мадрасаи Мири Араб байни мардум ривояту афсонаҳои зиёд мавҷуданд. Яке аз чунин ривоятро ба шайх Абдулҳақ Ҷаҳрии Бухорӣ нисбат медиҳанд:«Вақте ки сохтмони мадраса давом мекард, ҳазрати Пайғамбар (с.а.в) аз олами ғайб дар поёни манораи Калони Бухоро пайдо шуданд. Пойи муборакашонро дар байни тоқҳои мадраса монда, гуфтанд: «Ин такягоҳи манора мебошад. Ин мадраса мунтазири камолёбии мардуми бешумор аст». Худи ҳамон вақт маро чеғ заданд. Ман «лаббай» гӯён ҳозир шудам. Пайғамбарамон (с.а.в) рӯ ба тарафи мадраса оварда гуфтанд: «Иморати бинокардаи фарзандам Мири Араб зебо ва дилбар аст». Ин суханони пайғамбар ду маъно дошт: якум дар донишомӯзӣ шуҳратёр гардидани мадраса бошад, дувумаш ишора ба зебоиву дилрабоии он буд».
Корҳои сохтмони мадраса қариб бист сол давом кард. Дар ҷое, ки чанд сол пеш ботлоқзор буд, бинои бошукӯҳ қад афрохт. Аммо ба муаллиф дидани ба сомон расидани сохтмони мадраса насиб накард. Назар ба маълумоти Носириддини Ҳанафӣ ӯ соли 932 (1525-1526-и милодӣ) вафот мекунад. Чи хеле ки қайд кардем, Абдуллоҳи Яманиро дар як кунҷи мадрасаи барпокардааш дафн мекунанд.
Дар кишварамон мадрасаҳои зиёд, ки мавҷуд аст. Аммо фақат мадрасаи Мири Араб аз рӯзи ба истифода супурда шуданаш то имрӯз фаъолият нишон медиҳад.
Аз дастнавис ва маълумотҳои зиёде, ки оид ба мадрасаи мазкур дар Бойгонии миллии Ӯзбекистон ва Донишкадаи шарқшиносии Тошканд нигоҳ дошта мешавад, муайян мегардад, ки то даври шӯро дар он натанҳо илмҳои динӣ, балки дунявӣ низ ба забонҳои форсӣ-тоҷикӣ, арабӣ ва туркӣ омӯзонида мешуд. Аз ҷумла, аз адабиёт «Ҳафт авранг»-и Абдураҳмони Ҷомӣ дар забони форсӣ-тоҷикӣ, аз таърих «Шайбонинома»-и Оллоҳмуроди Аннабой дар забони туркӣ, аз илми тасаввуф «Ҳуҷҷат аз-зокирин ли радди ал-мункирин»-и Муҳаммад Шариф ал-Алавӣ дар забони форсӣ-тоҷикӣ, аз фалсафа «Шарҳ ҳидоят ул-ҳикмат»-и Ҳусайн ал-Мибадӣ дар забони арабӣ, аз математика «Усул ул-ҳисоб», «Хулоса ул-ҳисоб» дар забони арабӣ, аз илми мантиқ «Ҳошия» низ дар забони арабӣ омӯзонида мешуд.
Пеш аз ба фаъолият оғоз кардани мадрасаи Мири Араб дар Бухорои шариф мадрасаҳои зиёде мавҷуд буданд, ки аз рӯи фаъолият ва мавқеашон ба тоифаҳо ҷудо карда мешуданд. Аз ҷумла, мадрасаҳои Абуҳафси Кабир, Калобод, Ғарибия (асри IX), Фарҷак, Абубакр ал-Фазл, (асри IX-X), Кулартегин, Хония, Масъудия, Хоҷа Булғор (асри XII-XIII), Охунди Хованд (асри XIV), Хоҷа Муҳаммад Порсо, Мирзо Улуғбек (асри XV) то инқилоби сотсиалистӣ фаъолият бурдаанд, ки баъзеи онҳо то ҳол нигоҳ дошта шудаанд.

Ғафурҷон РАЗЗОҚОВ,
мударриси мадрасаи 
Мири Араб,
имом-хатиби масҷиди ҷомеи Баҳоуддин Нақшбанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: