АЗИЗИ ДИЛҲО

Хотираҳоям паҳну парешонанд.

 Намедонам чӣ сон онҳоро сарҷамъ кунам. Гӯӣ сар-сари ёлаҳои сабз аз тамошои сабзаҳои навруста масту махмурам. Менишинам, болои ин сабзаҳои махмалину даҳони халтаи хаёлҳоро воз мекунам. Аз дуриҳои дур, симои азизи шоир Шодӣ Карим пеши дидагонам хира-хира ҷилва мекунад. Нафасе аз кӯҳи болобаланди Чӯлбаҳр – манзиле, ки як замон шоири мо дар домани он гулу лола, чукриву ров чида, ғалтону хезон дар сангу сиххорҳо дармонда оҷилан бархоста, чун бод ба сӯи кулбаи паст медавиду медавид, пеши назар ҷилвагар шуд. 
Ӯ мисли дигарон айёми наврасию бачагияш дар домани ин кӯҳи сарбаланд гузаштаву сарбаландиро аз ин кӯҳи бовиқору солор омӯхтааст. Симои ин азизи дил, ин азизи аҳли қаламу алам, чун моҳи мунир пеши чашм падид меомад. 
Хотираҳо маро дунболгир мекунанд.
Метарсам, ки онҳо паҳну парешон шаванд...
Он солҳо хонандаи синфи ҳафтум будам. Овоза шуд, ки ба мактабамон омӯзгори нав омадааст. Овозаҳо ба ҳақиқат бадал гашт. Газгӯшт, гандумсимо буд. Мегуфтанд, ки сахтгиру серталаб аст, аз ин рӯ ҳама ҳамсабақҳо пеши худ дуо мекарданд, ки кош ин устод дар синфи онҳо дарс нагузарад. Муаллими сахтгирро роҳбари синфи онҳо муқаррар карданд. Воқеан, ӯ хеле сахтгиру серталаб буд, нисбати шогирдонаш. То дарсҳоро аз худ накунӣ, аз ӯ халосӣ надоштӣ. Устод аз таҳи дил, гӯё дар намоишномае нақш мебозида бошад, бо як эҳсосоти баланд бо завқу шавқе сабақ медод. Сабақҳои ӯ чун сурб ба гӯши шогирдон мерехтанд. Ҳамин тариқ хонандагон ба ӯ унс гирифтанд. 
Фасли нозанини сол буд. Рӯзе устод бо табъи болида рӯзномае ба даст, вориди синфхона шуд. Бо хушҳолӣ арз кард, ки дар рӯзнома шеъре бо сарлавҳаи «Сарбаландӣ» чоп шудааст. Хати хонову зебое дошт устоди мо. Вай мисраъҳои шеърро дар тахта навишта, дар анҷом номи муаллифашро низ иншо намуд: «Шодӣ Каримов, деҳаи Дарбанд». Сипас ба мо рӯ оварду гуфт: «Ин шеърро дар дафтар бехато навишта гиред. Ҳар яки шумо бояд онро аз ёд кунед. Дар дарси навбатӣ онро аз ҳар кадоматон мепурсам. Мо бо тааҷҷуб ба якдигар менигаристем, мазмун муаллиф кӣ бошад. Устод аз тааҷҷуби мо рамуз гирифта гуфт, ки ин шоир ҳамдиёри мост. Манзилу макони ӯ дараи Дарбанд, дар домани кӯҳи Чӯлбаҳр аст. Ҳамин сон мо шеъри шоир – Шодӣ Каримро аз бар карда будем. Дил мехост худи шоирро аз наздик бинем...
Баъдтар фаҳмидем, ки Шодӣ Карим ба донишгоҳ комёб нашуда, бо сад алам ба деҳа бармегардад. Бо қарори қатъӣ сабақҳоро дубора хонда, барои ба донишгоҳ дохил гаштан тайёрӣ мебинад. Азбаски дар замони мактабхонӣ ҳавою ҳаваси шеъру шоирӣ дар дилаш лона гузошта буд, ин шуғлро мунтазам идома медиҳад. Ҳамин шеъри «Сарбаландӣ»-ро ба рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» мефиристад. Шеър ба аҳли эҷоди ин рӯзнома писанд меояд ва чоп мешавад. 
Азбаски банда нисбати Шодӣ Карим ихлосу эътимоди зиёд доштам, ҳар боре, ки бо нависанда, шодравон Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳ рӯ ба рӯ оям, дар рафти суҳбат аз ӯ ёд мекардем. Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳ дар бораи дӯсташ ва чопи аввалин шеъри ӯ боре чунин нақлҳои ширинро ба мо қисса кард. 
– Ман он замон дар синфи даҳуми мактаби ба номи Ибни Сино мехондам. Дар айёми мактабхониам шеър машқ мекардам. Орзу доштам дар мактаби олии адабиёт хонам.
– Он солҳо мактаби мо ба рӯзномаву маҷаллаҳои Тоҷикистон обуна мешуд ва онро мунтазам дастрас мекард. Рӯзе хаткашон як даста рӯзномаву маҷаллаҳоро ба мактаб овард. Мо чанд нафар ҳамсинфон баъд аз танаффус дар берун суҳбат доштем, хаткашон бастаи рӯзномаву маҷаллаҳоро ба дасти ман дода, бозпас баргашт. Дар байни ин бастаи рӯзномаву маҷаллаҳо рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон»-ро гирифта, ба саҳифаи чаҳоруми он, ки шеъру ҳикояҳо дарҷ мешуд, чашм давондам. Чашмам ба сарлавҳаи шеъри «Сарбаландӣ» афтод, онро хондам, писандам омад. Дар анҷоми шеър «Шодӣ Каримов, деҳаи Дарбанд» навишта шуда буд. Ному насаби муаллиф шинос менамуд. Занг зада шуду ҳама ба синфхонаҳо ворид гаштанд. Соати навбатӣ дарси адабиёт буд. Чун муаллим Абдураҳим Усмонов ба синф ворид шуданд, ин шеърро ба он кас нишон дода, суроғаи Шодӣ Каримро пурсон шудам. Устод Абдураҳим Усмонов «о, ин шогирди худамон-ку» гуфт ва дар чеҳрааш хушнудии гарме гул кард. Пасон манзили Шодӣ Каримро пурсидам. Он кас гуфтанд, ки ба қарибии дараи Дарбанд воқеъ аст, падарашро Сафарқулбой мегӯянд, ҳама бошандагони ин ҷо он касро мешиносанд.
Рӯзе ин рӯзномаро ба даст гирифта ба манзили Шодӣ Карим омадам. Ӯ дар хона машғули мутолиа буд. Пас аз дуруду салому ҳолпурсӣ рӯзномаро ба дасташ додам. Ӯ рӯзномаро оҷилан ба даст гирифта, ба сатрҳои шеър ҳарисона чашм давонд. Чун сар аз рӯзнома бардошт, гуфтам, ки ин шеърро аз ёд кардаам ва бо овози баланд хондам. Чун қироати шеър ба охир расид, дидам, ки дар умқи дидагонаш ашк ҳалқа мезад. Ман ин ҳолати ӯро дида барояш чизе нагуфтам. Пасон гуфтам, ки ман низ орзуи ба донишгоҳи адабиёт хонданро дар дил мепарварам. Ҳангоми суҳбат ба Шодӣ Карим таъкид карда гуфтам, ки дар мактаби поён воқеъ дар деҳаи Сангчил, муаллими забардасте ба шогирдон дарс мегуфтааст. Мегӯянд, ки ӯ фориғтаҳсили донишгоҳи адабиёти Самарқанд будааст. 
Ҳамон рӯзҳо, ки дар мактаб устодамон аз ҳаёт ва фаъолияти Сайидои Насафӣ дарс мегузашт, ҳамон байти машҳури ин шоири шаҳирро хондам.
Бе мураббӣ зери гардун муътабар 
натвон шудан,
Моҳи навро рафта-рафта чарх 
оламгир кард. 
Ӯ ин гапи маро ба ҷону дил қабул кард. Рӯзи дигар мо барои ҷустуҷӯи Бойлар Боймаҳмадов ба деҳаи Сангчил омадем. Пурсида-пурсида манзили муаллимро пайдо кардем. Пас аз шиносоӣ устод бо як хурсандии меҳрангез Шодӣ Каримро ба оғӯш кашида, ӯро ба муносибати чопи аввалин шеъраш табрик гуфт. Устод иншоҳои моро хонда бо изҳори қаноатмандӣ таъкид кард, ки агар ба ҳамин тартиб тайёрии хешро идома диҳам, албатта, ба донишгоҳ дохил мешавам. 
  Мо ҳар ҳафта се бор пойи пиёда ба хонаи муаллим омада аз ӯ сабақ мегирифтем. 
– Ҳамин тариқ, – суханашро идома дода гуфта буд Аҳмадшоҳ, – мо бо кӯмаки ин устод ҳамон сол ба донишгоҳ дохил шудем.
Нависанда Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳ баъд аз хатми мактаби миёна бо шоир Шодӣ Карим ба як қарор омада, ҳарду кӯлвору ҷомадонҳо дар пушт озими шаҳри Душанбе мешаванд. Дар шафати донишкадаи омӯзгорӣ хонаеро ба иҷора қарор дода, тайёрии хешро идома медиҳанд. 
Тасодуфҳои чархи гардунро бинед, ки аз ин ду доништалаб яке шоир шуду дигаре ҳаҷвнигори ширинсухан.
Ҳаёту фаъолияти Шодӣ Карим ибратангез аст. Ӯ даъвои шеъру шоирӣ намекард. Замоне дар бахши очерк ва публисистикаи радиои Тоҷикистон ифои вазифа доштам. Нависанда Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳ тавассути телефон хоҳиш кард, ки нишонӣ (адрес)-и Шодӣ Каримро пайдо кунам. Ҷойи кори ӯро тавассути кормандони вазорати маориф пайдо карда, ба Аҳмадшоҳ расондам. Баъди ду рӯзи ин воқеа нависанда боз занг зада: – Агар ба дидори шоир Шодӣ Карим шарафёб шудан хоҳӣ, соати як дар боғи истироҳат ҳозир шав. Вақти қарордодӣ ба ҷойи таъйиншуда омадам. Бо Шодӣ Карим вохӯрдем ва се нафар зиёда аз ду соат суҳбат кардем. Дӯстони ҳамсабақ аз рӯзгори ширини навҷавонӣ нақлҳои ширине доштанд. Аҳмадшоҳ шеърҳои шоирро таъриф мекарду Шодӣ ҳаҷвияҳои ӯро. 
Пасон огоҳ шудам, ки Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳ муҳаррири масъули маҷмӯаи дастҷамъии «Чил қалам» будаасту чанд шеъри Шодӣ Каримро ҳам ба он дохил кардааст. Китоб аз чоп мебарояд. Дигарон ҳаққи қалами хешро аз хазинаи нашриёт мегиранд. Рӯзе сармуҳосиб мегӯяд, ки сол охир мешавад, бояд баъди як ҳафта ҳисоботи солро ҷамъбаст кунад. Оҷилан Шодӣ Каримро пайдо кунад, то ӯ ҳаққи қаламашро бигирад. Аз ин хотир Аҳмадшоҳ ба ноҳияи Регар рафта, шоирро ҳамроҳи хеш ба Душанбе меорад. Шоир ҳаққи қалами хешро аз нашриёт мегираду Аҳмадшоҳ аз ғурбати сармуҳосиб халос мегардад.
Шодӣ Карим чанд сол дар ноҳияи Регар омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик буд. Баъди дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ оғоз ёфтан ноилоҷ хонаву дари хешро гузошта, бо ҳамсару ҷигарбандонаш ба зодгоҳаш меояд, дар таълимгоҳи ба номи Рӯдакии ноҳияи Музработ фаъолияти хешро идома медиҳад. Пас аз оромиҳо ба манзили хеш, ба Регар меояд. Дарҳои хона возу аз ашёву анҷоми он дараке нест. Ҳамсояҳо мегӯянд, ки ҳамаро одамони силоҳбадаст ба яғмо бурданд.
Ҳар гоҳе бо кори идора ба ноҳияи Музработ оям, ба дидори Шодӣ Карим мешитофтам. Суҳбати мо зуд мепечид. Он солҳо ҳукумати ҷумҳурӣ шаҳрвандонеро, ки аз ҷумҳурии бародар омада буданд, ба қайди доимӣ намегирифт. Мардум сарсону саргардон, дари идораҳои давлатиро охӯрча мекарданд. Касе ба доди онҳо намерасид. Ин муаммо ба сари шоир низ омада, сарриштаи гиреҳи ин мушкилиҳоро дарёб намекард. 
Тибқи арзу доди сокинон дар наздикии манзили Шодӣ Карим аз ҳисоби заминҳои пахта ба шаҳрвандон замини наздиҳавлигӣ ҷудо карданӣ буданд. Мутасаддии ин корро ба дӯши раиси колхоз вогузошта буданд. Ман бо раис  хешӣ доштам. Ба назди раис омадам, буду шуди гапро ба ӯ фаҳмонидам. Ӯ ваъда дод, ки ба шоир замин ҷудо мекунанд, шоир ба назди ӯ ояд. Мани хушбовар ба ваъдаи ӯ бовар карда, шоирро дар ин бора огоҳ кардам. Рӯзи дигар чун шоир ба утоқи кории ӯ меояд «маро ба ҷамъомади ҳокимият хостанд» гӯён аз дар берун мешавад. Рӯзҳои дигар низ бо ҳар баҳона худро аз иҷрои ин кор канора мекашад. Ҳамин тариқ, шоир бе замин монд. 
Шоир Шодӣ Карим табиатан як марди фурӯтан, сермутолиа буду кам ҳарф мезад. Эҷодиёташ серқирра буд. Шеърҳояш пурмаъно буданд. Боре шодравон шоир Абдулло Раҳмон ба банда иброз кард, ки Шодӣ Карим шоирест, ки донишу биниши фарохе дорад. 
Солҳо сипарӣ мешаванд. Хотираҳо, меҳру садоқат, лутфу меҳрубонӣ, одамият боқӣ мемонад. Хӯйи хуб, фурӯтанӣ, шикастанафсӣ барои шоир воқеан ногузир аст. Шоир ба назарам савореро мемонад миёни чангу ғубори одамӣ бо фурӯтаниву хоксорӣ ва дурӣ аз ҳама гуна ғурурҳову ғаразҳо. Дар ҳақиқат, ҳамин шикастанафсиву фурӯтанӣ ба Шодӣ Карим мезебид. 
Соиби Табрезӣ, гӯё дар ҳаққи чунин инсонҳо, ки аз фурӯтанӣ азизи дилҳо гаштаанд, мефармояд:
Хоксорони ҷаҳонро ба ҳақорат 
манигар,
Ту чӣ донӣ, ки дар ин гард 
саворе бошад.
  
Нуралии РАҶАБ,
хабарнигори ҷамоатии 
«Овози тоҷик».

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: