ИД БОЛОИ ИД ОМАД

Дар арафаи Соли нави 2023 маросими ба истифода додани биноҳои баландошёнаи нав, ки дар ҳудуди ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Қӯрғонтеппаи ноҳияи Фарғона ва ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Лашкар»-и шаҳри Қувасой, ки он ҷо қисмҳои сарҳадбонӣ маскан гузидааст, баргузор гардид ва ба иди ҳақиқӣ табдил ёфт.

Дар ноҳияи Фарғона бо арзиши умумии 24 миллиарду 880 миллион сӯм бинои 3-ошёнаи маъмурӣ ва ду бинои истиқоматии 16 ҳуҷрадор бунёд гардида, ҳудуди он бо майдончаҳои варзишии кӯдакона ва майдончаҳои бозӣ ободу зебо гардонида шудаанд. Дар ҳудуди шаҳри Қувасой ба маблағи 8 миллиарду 310 миллион сӯм бинои 5 ошёнаи 48 ҳуҷрадор мавриди истифода қарор гирифт. Атрофи ин бино пурра кабудизор карда шудааст.
Ҳокими вилоят Хайрулло Бозоров дар маросими супоридани хонаҳои нави хидматӣ, ки  барои сарҳадбонон муқаррар шудааст, изҳор намуд, ки барои мардуми вилоят соли сипаришуда фараҳу шодӣ бахшидааст. Соли нав низ барои мардуми кишварамон соли пурфайзу баракат, сулҳу субот ва оромӣ хоҳад шуд. 
Ӯ соҳибони хонаҳои истиқоматиро бо бурёкӯбон ва Соли нав табрик намуд ва ба онҳо калиди хонаҳоро супурд.
– Аз рӯзҳои аввали ислоҳоте, ки бо ташаббуси Президент пиёда мегардад, ҳамчун самтҳои муҳимтарин ва афзалиятноки ислоҳоти куллии соҳаи сохтмони ҳарбӣ, таъмини низомиён бо манзил ва фароҳам овардани шароити мусоид барои дастгирии онҳо муайян карда шудаанд. Манзилҳои нави баистифодадодашуда маҳз ҷавобан ба ҳамин ислоҳот мебошад ва рӯҳияи шумо, сарҳадбононро боло мебардорад, ба нерӯи шумо нерӯ мебахшад, то ки шумо сарҳадҳои Ватани маҳбубамонро бо садоқат ва ватандӯстии бештар ҳифз кунед, – гуфт Хайрулло Бозоров.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик”.

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: