ДАР СУҲБАТИ ШОИРИ НОМВАР

ё худ таърихи як таронаи муассир

ё худ таърихи як таронаи муассир
Арафаи 9 майи солҳои ҳаштодуми қарни гузашта буд. Камина бо ҳамроҳии дӯстам, шоир ва таронанавис Холбой Ҷалил ба сӯйи Душанбешаҳр равон шудем.
Вақте ба шаҳри дӯстдоштаамон ворид гардидем, ҳамсафарам таклиф гузошт, ки аввал ба дидорбинии шоири хушбаён ва дӯсти беназираш устод Бозор Собир равем. Ҳарду суҳбаткунон ба манзили устод расидем. Ҳамсарашон моро гарму ҷӯшон пешвоз гирифт ва мо соҳиби хонаро пурсон шудем.
– Шояд шумо бехабар бошед. Дӯсти шумо соати 4 ё 5-и саҳар ба хоб мераванд. Соати 11-и рӯз аз хоб хеста нонушта мекунанд ва соати 1-и зуҳр ба ҷойи кор ҳозир мешаванд. Мо 30 сол инҷониб бо ҳам зиндагӣ дорем, аммо нашудааст, ки ин амалашонро рӯзе вайрон карда бошанд.
Тааҷҷуби мо афзуду бо ҳамсари устод хайрухуш намуда, ба тамошои шаҳр баромадем. Пас аз сайру гашт тахминан соати 2 ба ҷойи кори устод Бозор Собир ҳозир шудем. Устод моро бо чеҳраи шукуфон пешвоз гирифт. Сипас, ба Холбой Ҷалил рӯй оварда гуфт:
– Холбой! Ягон чиз дорӣ, биёр!
Акаи Холбой дар посухи ин пурсиши ногаҳонӣ хоксорона гуфт:
– Ҳамту, шуморо як хабар гирам гуфта омадам.
Аммо устод бори дигар хоҳиш кард. Пасон Холбой аз ҷайб як даста таронаҳои тозаи худро бароварда, ба устод дароз кард. Мо байни худ паст-паст суҳбат менамудему шоири шодравон он навиштаҳоро синчакорона аз назар мегузаронид.
Ниҳоят, устод сар аз коғаз бардошта бо овози нарм изҳор дошт:
– Рафиқон, гӯш доред. Холбой чӣ навиштааст?
Дарвоқеъ, он таронае буд, бахшида ба 9-уми май. Шоир бо овози баланд он таронаро ба ҳозирин қироат намуд, ки асли он чунин аст:
«Рӯзу шабҳо, миёни гармою сармо, зери пояи ҳайкал оташе месӯзад.
Модар бо қомати хамида, бо дастони ларзон ва чеҳраи пурожанг зери пояи ҳайкал истода, пайкари мармаринро нарм-нарм навозиш карда мегӯяд:
– Ба хонаат меҳмонӣ омадам, писарам. Дар оташдонат чӣ мепазӣ? Умрест, ки ба роҳат интизорам, кай ту меҳмони хонаи модари зор мешавӣ...
Бе ту хонаам холиву чароғи оташдонам хомӯш аст...»
Ҳеч аз хотирам намеравад. Ин эҷодкори нотакрор баъди хондани тарона ба ҳозирин рӯ оварда чунин гуфт:
– Бародарон! Баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ мисли ин тарона таронае тавлид наёфтааст. Ин баландтарин тарона аст, ки он ҳам бошад бо қалами Холбой Ҷалил навишта шудааст. Аҳсант!
Устод аз ҷой хеста Холбой Ҷалилро ба оғӯш гирифт ва барои эҷоди ин таронаи воло табрик гуфт.
Ман, ки худ шоҳиди ин воқеа будам, он лаҳзаҳо аз ҳамватану ҳаммаслаки чунин эҷодкор буданам вуҷудамро ҳисси ифтихор фаро гирифт.

Мусулмон ҒАФУРЗОДА, 
сокини маҳаллаи Боғи ободи ноҳияи Сариосиё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: