БОТИР ЗОКИРОВ ВА МУСИҚИИ ШАРҚ

Замоне суруди таърихии “Маро бибӯс” (шеъри Ҳайдари Рекобӣ) дар иҷрои Ботир Зокиров машҳур шуда буд.

Замоне  суруди таърихии “Маро бибӯс” (шеъри Ҳайдари Рекобӣ) дар иҷрои Ботир Зокиров машҳур шуда буд. Ӯ бо овози маҳин, оҳанги дилнишин, вале маҳзунона месуруд:
Маро  бибӯс, маро бибӯс,
Барои охирин бор.
Туро Худо нигаҳ дор,
Ки меравам ба сӯйи 
сарнавишт.
Баҳори мо гузашта,
 гузаштаҳо гузашта,
Манам ба ҷустуҷӯйи 
сарнавишт...
Оре, таронаҳо дар ҳар ҷо таваллуд мешаванд. Аммо баъзе аз онҳо дар ҷойҳои дигар ватан меёбанд.  “Тангои арабӣ” ҳам дар иҷрои ин ҳунарпешаи беназир, донишманди  санъати мусиқии Шарқ, асосгузори эстрадаи ӯзбек, Ҳунарпешаи халқии Ӯзбекистон Ботир Зокиров дар Шарқу Ғарб доман густурда буд. Имрӯз иҷрогарони ин суруд зиёданд, аммо нафаре мисли Ботир Зокиров бо маҳорати том ва аз дил хонда наметавонад. 
Соли 1996. Ман ба шуъбаи гуфторҳо барои Эрони радиои байналмилалии Тошканди Ширкати телевизион ва радиои Ӯзбекистон ба кор даромадам. Ин радио аз соли 1947 ба кор сар карда, солҳои истиқлол ба 16 забони Шарқ барномаҳо пахш менамуд. Яке аз шартҳои кор дар он таҳия намудани гуфтор барои ҳар як кишвари хориҷӣ ба забони он давлат, албатта бо назардошти робитаҳои иқтисодӣ ё  фарҳангӣ бо Ӯзбекистон буд.  Ман, ки мухлиси таронаҳои Ботир Зокиров будам,  ба таҳияи гуфторе дар бораи ӯ ва мусиқии Шарқ оғоз кардам. Гӯяндаи собиқадори шуъба шодравон Шавкатхонум Гударзӣ гуфтанд, ки  Ботир Зокиров барои тайёр кардани таронаҳои эронӣ, хусусан “Маро бибӯс” борҳо ба  ӯ, инчунин ба  корманди дигари бахши форсӣ Борис Брейва ва санъатшиноси маъруф Дилбар Рашидӣ дар масъалаи услуби забон ва талаффузи калимаҳо муроҷиат карда будааст. (Воқеан, ба яке аз қартаҳои овози Ботир Зокиров номи Дилбар Рашидӣ ҳамчун муҳаррир қайд шудааст. Дилбар Рашидӣ (руҳашон шод бод!) ҷияни Мутал Бурҳонов буданд. Шоир Абулқосим Лоҳутӣ, ки зуд-зуд меҳмони М.Бурҳонов мешуд,  бахшида ба ӯ “Дилбари мо” ном шеъре ҳам навиштааст). 
Барои тайёр кардани гуфтор китоби нависанда Ашӯралӣ Ҷӯраев бо номи “Юрак бӯронлари” ба ман хеле кор дод. (Ин китоб соли 2016 бознашр шуд). Сипас, ба  суҳбати донишманди адабиёти Шарқ Дилбар Рашидӣ шитофтам. Хонум Дилбар гуфтанд, ки Ботир Зокиров ба маъно ва талаффузи ҳар як калима эътибори ҷиддӣ медод. Ҳар калимаро борҳо такрор намуда, “ҳифз” менамуд. То  ба забони асл монанд нашавад, машқро давом медод.
Ҳамин зайл, гуфтори ман барои  шунавандагони шуъбаи форсии радио анҷом ёфт. Баъди пахши он аз Эрон номаҳо расиданд.  Ин чакидаест аз эътирофи ҳунари санъаткори беҳамто дар бобати иҷрои таронаҳои форсию тоҷикӣ. Баъдтар бо тадқиқи репертуари тоҷикии Ботир Зокиров ҷиддӣ машғул шудам.  Таронаҳои тоҷикии ӯ тақрибан 10-тоанд: “Эй сорбон”, “Муҳаббат омаду олам дигар шуд” (Оҳанги Зиёдулло Шаҳидӣ), “Хуршеди ман”, “Ҷудоӣ”, “Эй маҳтоб”  ва ғайраҳо.
Муаллифи суруди машҳури “Раъно” оҳангсози маъруф Икром Акбаров дар ёддоштҳояш нақл мекунад, ки таронаи “Эй сорбон” ҳангоми дар шифохонаи Маскав муолиҷа гирифтани ҳофиз офарида шудааст.  “Он рӯзҳо, – менависад  ӯ, – вай ба ҷарроҳии дуюм тайёрӣ медид. Аммо фақат боисрор “Биёед, кор кунем” мегуфт. Баъзан рӯзҳои шанбе ва якшанбе ба хонаам омада, таронаро барои сабти қарта тайёр мекардем. “Эй сорбон” ҳамин тавр тайёр шуд. Ӯ то ба мувофиқати пурраи ҳар як  калима ба оҳанг машқро бознамедошт”. Машраб Бобоев бесабаб нанавиштааст, ки “Намояндаи як миллат санъати миллати дигарро чун асл иҷро карданаш хеле мушкил. Аммо ҳангоми садо додани “Эй сорбон” дар иҷрои Ботир Зокиров машаққати биёбонро мекашид, агар фарангӣ хонад, армонҳоро фаромӯш намуда, ба рақс медаромад”...
Дӯстдорони санъат медонанд, ки сурудҳои ҳиндиву покистонӣ (урду) дар репертуари ӯ чӣ гуна нақши муҳим доштанд. Ӯ бо хоҳараш Луиза таронаи “Мечали, мечали”-ро бо маҳорати баланд иҷро кардааст. 
Аммо  мутахассисон ва мухлисон дар бораи  “Тангои арабӣ”-и вай бисёр ҳарф мезананд. Ин  суруд бори аввал  соли 1957 дар фестивали ҷавонон ва донишҷӯёни дунё садо додааст. Баъдтар дар Фаронса, Арабистони Саъудӣ ва дигар кишварҳо иҷро шудааст. Мегӯянд, ки яке аз ихлосмандони ин тарона кайҳоннаварди нахустини дунё Юрий Гагарин буд. Инчунин адиби бузурги турк Нозим Ҳикмат шайдои сурудаҳои вай будааст.  Таронаҳои туркиаш низ ба шуҳрати ӯ афзудаанд.
Хулоса, Ботир Зокиров на фақат  таронаҳои ӯзбекиро дар жанри эстрада ба дараҷаи баланд иҷро кард, дар айни вақт ӯ аз тарғибгарони фаъоли таронаҳои халқҳои дигари Шарқ ҳам будааст. Агар бо таъбири устод Ҷӯрабек Муродов  гӯем: “Ботир Зокиров  барои мо шарқона сурудан,  одоби  сарояндагӣ ва дӯстии бузургро  мерос гузошт”.
 Мутаассифона, имрӯз ин гуна муносибати масъулиятомезона, ҳангоми иҷрои сурудҳои халқҳои дигар дар фаъолияти овозхонҳои ҷавон чандон ҳис намешавад.  Баъзеи онҳо мазмуни  матни сурудро надониста, ҳар гунае, ки ба самъашон нишастааст,  иҷро мекунанд. Ва ин ҳол фақат  нисбати таронаҳои эстрадӣ мушоҳида намешавад.  Баъзан талқини маънои шеъру ғазал будани таронаро фаромӯш мекунанд.  Боре худ гувоҳ шудам, ки дар як “оши наҳор” овозхони номии ӯзбек  таронаи “Ушшоқи Содирхон”-ро  (ғазали Абдураҳмони Ҷомӣ) бо хатоҳои дағал мехонд, ки бахшиданӣ нест, чунончи, ба ҷойи ибораи зебои “сарви болоро” “сарви балоро” мегуфт...  
Оре, Ботир Зокиров мактаби ба худ хоси сарояндагӣ созмон дод. Сурудаҳои ӯ аз қалби на фақат мардуми ӯзбек, балки мардуми Шарқ ҷой гирифта, сазовори эътироф гардидаанд. Аз ин рӯ, бино ба қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон “Дар бораи васеъ ҷашн гирифтани 85-солагии таваллуди Ҳунарпешаи халқии Ӯзбекистон Ботир Зокиров”  аз 2-юми декабри соли 2020  гузаронидани тадбирҳо,  ташкили мактаби олӣ ба номи вай, осорхона ва дигар амалҳои хайр барои боз ҳам оммавӣ шудани мероси ӯ, хусусан, дар рӯҳи арзишҳои миллию умумиинсонӣ тарбия намудани ҷавонон  омили муҳиму таъсирбахш хоҳад шуд.

Шоқаҳҳор САЛИМОВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: