БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ КООПЕРАТСИЯ БАРОИ БАРОМАДАН БА БОЗОРҲОИ КИШВАРҲОИ СЕЮМ

Ӯзбекистон бо стенди миллии худ дар Намоишгоҳи сеюми байналмилалии чарм, пашм, пойафзор ва лавозимоти Elite Line-2022, ки дар шаҳри Алмаато (Қазоқистон) кушода шуд, иштирок мекунад.

Имсол намоишгоҳ зиёда аз 500 фирма – истеҳсолкунандагони маснуоти чарму пойафзори 540 мамлакати ҷаҳонро гирд овард. Платформаи Elite Line-2022 ба мутахассисон ва иштирокчиён имкон медиҳад, ки динамика ва тамоюли рушди бозори чарм, пашм, пойафзор ва лавозимотро ҳамаҷониба таҳлил намуда, намунаҳои беҳтарини маҳсулотро намоиш дода, бо коркардҳои беҳтарини технологӣ шинос шуда, байни истеҳсолгарон, таҳвилкунандагони масолеҳ ва истеъмолкунандагони охирин гуфтушуниди конструктивӣ муқаррар карда, шартномаҳои ба ҳам муфид ба имзо расонанд.
Дар стенди Ӯзбекистон 25 корхонаи ватанӣ, ки ба таркиби Ассотсиатсияи «Ӯзчармсаноат» дохил мешаванд, намоиш дода шуданд. Маҳсулоти ин ширкатҳо, пойафзорҳои моделӣ, варзишӣ, махсус, маснуоти чармин дар намояндагони ташкилотҳои савдо ва истеъмолкунандагон мароқи калон пайдо намуд.
Дар доираи намоишгоҳ бо бузургтарин ритейлерҳои Қазоқистон барои ба бозори дохилӣ интиқол додани маснуоти чарми Ӯзбекистон, инчунин имкони ба роҳ мондани ҳамкориҳои саноатӣ бо истеҳсолкунандагони Қазоқистон барои ворид шудан ба бозорҳои кишварҳои сеюм бо маҳсулоти муштараки истеҳсолшуда гуфтушунидҳо гузаронда мешаванд.

АИ «Дунё»,
шаҳри АЛМААТО.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: