Баҳодур РАҲМОНОВ:

РӮЗНОМА БОЯД ҲАМҚАДАМУ ҲАМНАФАСИ ЗАМОН БОШАД

Инак, сӣ сол боз нашрияи Шӯрои намояндагони халқ ва ҳокимияти вилояти Самарқанд – “Овози Самарқанд” чоп мешавад.  15-уми январи соли равон дар Маркази ҷавонони Самарқанд ҷашни  30-солагии рӯзнома ба нақша гирифта шудааст. Мо ба ҳамин муносибат бо сармуҳаррири рӯзнома, доктори фалсафа Баҳодур РАҲМОНОВ суҳбат ороста, ба чанд пурсиши худ посух гирифтем.
– Алҳол рӯзномаи «Овози Самарқанд» ба сифати оинаи ҷамъият ҳамрозу ҳамдарди мардуми вилоят аст, – мегӯяд Баҳодур Убайдуллоевич. – Он пайваста барои баррасӣ ва ҳаллу фасли мушкилоту муаммоҳои ҷомеа, инъикос кардани дастовардҳои аҳли вилоят мекӯшад. 1-уми январи соли 1990 орзуи деринтизори аҳли фарҳанги Самарқанд ҷомаи амал пӯшид, яъне шумораи аввалини рӯзнома чоп шуд. Дар замони бозсозиҳо ва истиқлолият бо ташаббусу кӯшиши як гурӯҳ маърифатпарварони Самарқанд нашрияи нав ба майдон омад. Воқеан, ин минбари озоди тоҷикон ва тоҷикзабонони вилоят дар муддати кӯтоҳ байни мардум эътибору маҳбубият пайдо кард. Сармуҳаррири аввалин – журналист ва нависанда Нор Остонзода дар давоми фаъолияти ҳафтсолаи худ барои аз лиҳози мазмуну муҳтаво беҳтар гардидани рӯзнома ва ташаккул додани муҳити адабии эҷодӣ, ба пой рост шудани «тифли фарҳангӣ» саҳмгузорӣ намуд. Дар саҳифаҳои рӯзнома баробари мақолаҳои танқидӣ, таҳлилӣ ва илмии олимони шинохта, адибон, омӯзгорони ботаҷриба ва зиёиён маҳсули хомаи мардуми оддӣ – намояндагони касбу кори гуногун низ мунтазам чоп мешуданд ва ин анъана то ҳол идома дорад. 
Моҳи октябри соли 1998 ба нашрия номзади фанҳои филологӣ, рӯзноманигори ботаҷриба Ғафурҷон Маҳмудов сармуҳаррир таъин гардид. Замон пеш мерафт ва рушди мамлакат дар назди кормандони он масъалаи ҳамнафасу ҳамқадами замон буданро пеш мегузошт. Ғ.Маҳмудов марди масъулиятшиносу ӯҳдабаро буд, барои беҳсозии вазъи иқтисодии рӯзнома талош кард ва дар фурсати кӯтоҳ аз ӯҳдаи ин кор баромад. Саҳифаҳои рӯзнома рангоранг шуданд, миқдори муштариёни он афзуд. Аз чопи қӯрғошимӣ ба тарзи саҳифабандии компутерӣ гузаштани рӯзнома, дар асоси қарори ҳокими вилоят ба таври мутантан таҷлил шудани 10-солагии таъсисёбии «Овози Самарқанд», ташкил кардани саҳифаҳои махсус аз ин ҷумлаи комёбиҳои даврони сармуҳарририи ӯст. Яке аз воқеоти муҳиме, ки амалӣ гардид, бо формати нав, дар андозаи А-2 саҳифабандӣ ва ранга чоп шудани саҳифаҳои рӯзнома мебошад. Ғафурҷон Маҳмудов дар назди таҳририят мактаби рӯзноманигоронро ташкил кард, ки ҳоло шогирдони ин мактаби маҳорат дар сохтори матбуот фаъолияти босамар доранд, ҳатто нашри рӯзномаву маҷаллаҳои хусусии худро ба роҳ мондаанд. Соли 2011, пас аз вафоти Ғ.Маҳмудов, ба «Овози Самарқанд» рӯзноманигор, яке аз шогирдони «Мактаби эҷодкорони ҷавон» Озодҷон Хидиров (Ҳамидзода) сармуҳаррир таъин гардид. Бо сарварии ӯ соли 2015 дар ҳаёти рӯзнома ҳодисаи деринтизори аҳли фарҳанги Самарқанд рух дод: чопи ҳафтае ду маротибаи рӯзнома ба роҳ монда шуд. 
– Ва баъд Шумо сардабир таъин гардидед... 
– Оре, ба амри тақдир алҳол дар зимма вазифаи пурмасъул, вале шарафманди роҳбарӣ ба рӯзномаро дорам. Ростӣ, ман пас аз муҳаррир шудан дарк кардам, ки ин вазифа аз кас ҳам хабарнигору таҳиягар, ҳам роҳбару соҳибкор буданро тақозо мекардааст. Ҳамчун роҳбар, пеш аз ҳама, ба масъалаи ҷобаҷогузории кормандон ва мустаҳкам намудани пойгоҳи моддию техникии таҳририят эътибор дода, рӯзноманигорони ботаҷриба ва баробари ин ҷавонро ҷамъ кардем. Фаъолияти сайти расмии рӯзнома ба роҳ монда шуд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифа ва шабакаҳои рӯзнома ташкил гардид. 
Дар назди таҳририят «Мактаби маҳорати журналистони ҷавон»-ро аз нав ташкил кардем, ки 12 нафар ҷавонон дар ин мактаб соҳиби донишҳои назариву амалии рӯзноманигорӣ гардида, сертификат гирифтанд, рӯзномаи махсуси «Навқалам» интишор ёфт. Таҳти рукни «Китобхонаи «Овози Самарқанд» нашри китобҳоро ба роҳ мондем ва аввалин асар бо номи «Саодати дӯстӣ», иборат аз намунаҳои тарҷумаи шеърҳои шоирони муосири адабиёти ӯзбек рӯйи чопро дид, ки дар озмуни «Энг улуғ, энг азиз!» дар номгӯйи «Асарҳои бадеии шоиру нависандагон» сазовори ҷойи дувум гардид. Комёбии назарраси рӯзнома дар соли 2018 соҳиби ҷоизаи озмуни байналмилалии XIII миллии «Қалами тиллоӣ» шудани он аст. 
Инчунин, дар анҷоми сол озмуни «Сайқали Замин» гузаронида, соли 2018 дар назди рӯзнома бо ёрии сарпарастон фаъолияти шабакаи иҷтимоӣ ва торномаи ovozi.uz ба роҳ монда шуд. 
– Соли гузашта рӯзнома чӣ тадбирҳоро гузаронд? 
– Соли 2019 таҳририят анъанаи чопи китобҳоро давом дода, таҳти рукни «Китобхонаи «Овози Самарқанд» китобҳои «Айнишиносӣ дар Самарқанд» – «Самарқандда Айнийшунослик»-ро бо ҳамкории Музей-мамнӯъгоҳи давлатии Самарқанд ва маҷмӯаи насрнависон бо номи «30 гуфтор аз сӣ тор»-ро якҷо бо Маркази миллию мадании тоҷикон ва тоҷикзабонони Самарқанд чоп кард. Алҳол таҳти сарварии Президенти мамлакат ба масъалаҳои таъмин сохтани ҳамдилӣ ва ошкоргӯии байнимиллӣ дар ҷомеа, мустаҳкам намудани муҳити дӯстӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳи муҳаббат ва садоқат ба Ватан, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва умумиинсонӣ, инкишоф додани робитаҳои маданиву маърифатӣ бо кишварҳои хориҷӣ эътибори алоҳида дода мешавад. Бо ташаббуси ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов ба мақсади мустаҳкам кардани пойгоҳи моддию техникии таҳририят туҳфа шудани таҷҳизоти корӣ, технологияҳои нави ахбору коммуникатсионӣ ба маблағи 180 миллион сӯмина ва тақдим гардидани мошини хидматӣ самараи ҳамин сиёсати оқилона аст. 
Моҳи сентябри соли ҷорӣ дар маҷмӯаи варзишии «Афросиёб»-и шаҳри Самарқанд бо мақсади таъмини иҷрои яке аз панҷ ташаббуси муҳими сарвари давлат, ки ба фароҳам овардани шароити зарурӣ барои тарбияи ҷисмонии ҷавонон, намоён кардани қобилияти варзишии онҳо равона карда шудааст, оид ба навъи фудокан каратэ-до мусобиқаи ҷумҳуриявӣ, дар доираи иқдоми «Ҳаётатро шукуфон кун!» марафони пиёдагардии экологӣ гузаронида шуданд. 
Ҳоло муштариёни рӯзнома хабар ва мақолаҳои рӯзноманигорони ботаҷриба Бахтиёр Ҷумъа, Тошқул Азимзода, Раҳматулло Шарифзода, Толиб Юнусзода, Ҷамшед Обидов, Фозил Шукуров, Дилрабо Насимова, Наврӯз Бобоаҳмадов, Фаридун Юлдошев, Ситора Раҳмонбердиева, Ҳошимҷон Қучқоров, Умед Фарҳодзода ва дигаронро бо завқ мутолиа мекунанд. Чанде пеш қарори ҳокими вилоят дар бораи таҷлили 30-солагии таъсиси рӯзномаи «Овози Самарқанд» қабул гардид. Бояд гуфт, ки истиқболи 30-юмин солгарди таъсиси рӯзнома тадбири маъмулӣ нест. Мақсад аз он баррасии таърихи сисола, бурду бохти таҳририят, тарғибу ташвиқи рӯзнома дар байни мардум, боз ҳам маъруф ва маҳбуби ҳамагон кардани «Овози Самарқанд» ва тараннум намудани дӯстии халқҳо мебошад. 
– Дар соли 2020 чӣ нақшаҳо доред? 
– Анҷоми сол ин баҳонае барои сарҳисоби соли куҳан аст, то бурду бохти худро дар давоми сол таҳлил кунем. Шукр, ки соли 2019 барои ҷамоаи рӯзнома пурсамар буд. Мо дар соли 2020-ум низ нақшаҳои зиёд дорем. Ҳоли ҳозир музди меҳнати кормандон 20 дар сад зиёд карда шуд, дар давоми сол боз бештар кардани он дар назар аст. Чопи китобҳои «30 номаи рӯзнома» ва «Овози Самарқанд: дирӯз ва имрӯз» ба нақша гирифта шудааст. 
– Таманноҳои Шумо... 
– Аз фурсат истифода бурда, дар арафаи ҷашни 30-солагии таъсисёбии рӯзнома ба онҳое, ки то имрӯз бо ҷамоаи таҳририят ҳамкорӣ доштанд, ҳамдаму ҳамроҳ буданд ва ҳамеша дар дил меҳри «Овози Самарқанд»-ро парварда, баҳри тарғибу ташвиқи ин оинаи фарҳанги бузург заҳмат кашидаанд, миннатдорӣ изҳор менамоем.

Суҳбаторо
З. ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: