«ҲУМО» – БОЗГАШТ БА БОЗӢ

Дар мавсими пешистодаи 2022-2023 клуби хоккейи ватанӣ – «Ҳумо» дар чемпионати Қазоқистон (Pro Hokey Ligasy) барои Ҷоми Қазоқистон зӯрозмоӣ мекунад.

Ҳоло бозингарони клуб таҳти роҳбарии сартренер Евгений Попихин ба мавсими нав омодагӣ мегиранд. Клуб чанде қабл аз Минск (Ҷумҳурии Белорус), ки он ҷо як силсила вохӯриҳо, аз ҷумла, бо клуби афсонавии ЦСКА-и Русия баргузор шуд, баргашт. Машқҳо таҳти назорат пайгирона сурат гирифтанд.
– Мо мухлисони ашаддии худро навмед намегардонем, – гуфт бозингари клуби «Ҳумо» Ҷавоҳир Расулов. – Бачаҳо рӯҳи болида доранд. Пас, ба ғалаба умед ҳаст. Фикр мекунам, мо комёб мегардем.
Бозии якуми хонагии гурӯҳ 11 сентябр дар майдони замонавии «Ҳумо Арена» алайҳи клуби «Homag»  ба вуқӯъ мепайвандад.

Аксбардор: Рашид ГАЛЕЕВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: