БЕМОРИРО РУСТ КУНӢ...

Дар хона субҳ сари дастурхон барои ношто нишастанӣ будам, ки садои занги дар баланд шуд.

Дар хона субҳ сари дастурхон барои ношто нишастанӣ будам, ки садои занги дар баланд шуд. Дарро кушодам. Пушти он ҳамсояамон – Фозилҷон меистод. Вай хабар дод, ки шаб ҳамсари Маннобака фавтидааст. Хонаи Маннобака дар ошёнаи якуми хонаи рӯ ба рӯи мост.
Ҷои фикр кардан набуд. Ношторо мавқуф гузоштаму тағйири либос намуда, рӯи ҳавлӣ баромадам. Дар саҳни ҳавлии хонаи ҳамсоя аллакай наздикони майит ҷомаи сиёҳ дар бар бо сари хам қатор меистоданд. Дар байнашон Маннобака низ буд.
Тибқи қоидаҳои карантин ду даст пеши бар ба Маннобака изҳори тасаллият намудам. Маълум шуд, ки завҷаи ӯ қариб понздаҳ рӯз боз дар бемористон бистарӣ будааст ва бо вуҷуди талошҳои зиёди духтурон шабонгоҳ риштаи ҳаёташ канда шудааст.
– Роҳи нафасаш шамол хӯрдааст, гуфта вайро ба бемористон хобондем. Гумон кардем, ки баъди муолиҷаҳои пай дар пай шифо хоҳад ёфт. Аммо бемории илтиҳоби шуш ба вай сироят намудааст. Камтар аз бемории қанд низ шикоят мекард. Ин ду беморӣ як шуда, оқибат ҳамсарамро аз мо ҷудо кард, – бо чашмони ашколуд гуфт Маннобака.
Ба гуфтаи ӯ ҳамсарашро мошини махсус ба ин ҷо меорад ва баъди адои намози ҷаноза ӯро ба хок месупоранд. Вақте ки ҳамсари Маннобакаро ба хонааш оварданд, пеш аз фаровардани ӯ аз мошин тақозо гардид, ки ҳеч кас наметавонад рӯи ӯро бубинад. Зеро эҳтимол вуҷуд дорад, ки беморӣ ба дигар пайвандони ӯ сироят кунад.
Баъди чанде намози ҷанозаи ӯ хонда шуд, бо теъдоди ками одамон майитро бурда ба қабр монданд. То ин замон дар чандин нишастҳои матбуотӣ ширкат кардаву перомуни пахши бемории коронавирус, роҳҳои ҷилавгирӣ аз он гузоришҳо таҳияву таълиф намудаам. Аммо бори аввал бевосита дар ҷанозаи шахсе ширкат кардам, ки аз сирояти ин вирус фавтида буд. Пайвандон дар ивази он ки шахси наздики худро аз даст дода буданд, боз наметавонистанд рӯйи ӯро бубинанд ва алвидоъ гӯянд. Шояд барои фарзандону шавҳар ғоибона хайрухуш кардан бо модар ё завҷа ҳолате бошад, ки гаронии онро танҳо вуҷуди онҳо эҳсос мекунад.
– Ҳоло мо дар шароите ба сар мебарем, ки вазъияти эпидемиологӣ дар саросари олам, аз ҷумла ҷумҳуриву вилояти мо ҳанӯз рӯ ба беҳбуд наовардааст. Саломатии одамон беш аз пеш бо хавфу хатар мувоҷеҳ мегардад. Бубинед, шояд дар масири таърих бори аввал аст, ки дар баробари беморони вазнин пизишкону парасторони шифохонаҳо, ки гирди беморон парвона мешуданд, бар асари сирояти бемории коронавирус ҷони худро бохтаву ба ҳалокат мерасанд, – гуфт бо таассуф духтури бемористони марказии ёрии таъҷилии вилояти Фарғона Шавкат Неъматов.
Вай афзуд, ки ин беморӣ тамоми соҳаҳои тандурустии дунёро ғофилгир кардааст. Зеро дар баъзе маворид духтурони босалоҳият низ дар барқарор намудани саломатии беморони мубталои ин вирус оҷиз мемонанд. Ба таъкиди Шавкат Неъматов ин дар миёни мардум ваҳму ҳароси бештарро барангехтааст ва ҳатто барои баъзеҳо аз ҳеч гуна сирояти беморӣ низ ба ташвиш афтодаанд.
– Фавти одамони сироятшуда ҳодисае нест, ки онро пинҳон дорему ба касе нагӯем. Натиҷа имрӯз ба ҳамаи мардуми олам маълум аст. Беморони зиёд бар асари беэҳтиётӣ ва саривақт муроҷиат накардан ба пизишкону мутахассисон аз бистари беморӣ дубора ба по намехезанд. Дар чунин ҳолатҳо ҳувайдост, ки тибби имрӯза дар пурра бартараф кардани ин беморӣ низ оҷизӣ мекашад, – мегӯяд пизишки бемористони марказии ёрии таъҷилии вилоят. — Барои ҳамин теъдоди одамони ба ин бемории хатарнок сироятшуда беш аз пеш меафзояд. Гузашта аз ин, теъдоди ба ҳалокатрасидагон низ ба ҷои коҳиш рӯ ба афзоиш овардааст. Бо вуҷуди мушкилоти зиёд, пизишкон барои расонидани кӯмакҳои фаврии тиббӣ ба беморони сироятшудаи ин вирус шабу рӯз саъй ва талош меварзанд.
Ногуфта намонад, ки чанде муқаддам вилояти Фарғона ба минтақаи сабз ворид шуда буд. Ҳама гумон доштанд, ки дар ин вилоят кайҳо аз пахш ва сирояти ин вирус ҷилавгирӣ шудааст. Ҳатто манбаъҳои расмӣ низ таъкид мекарданд, ки ин вилоят ягона дар водии Фарғона аст, ки дар ҷисми ягон нафар сирояти бемории коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Аммо воқеъияти ҳол акси инро нишон медиҳад.
Сардори садорати тандурустии вилоят Ҳусанҷон Мамаҷонов низ зимни суҳбат бо хабаргузориҳо баъзе хабарҳоро дар бораи он қотеъона рад намудааст, ки тибқи он дар вилояти Фарғона теъдоди сироятшудагони коронавирус хеле зиёд мешавад. Ба гуфтаи ӯ шабакаҳои иҷтимоӣ хабарҳои дурӯғ ва беасос нашр мекунанд.
Ҳусанҷон Мамаҷонов боз далел овардааст, ки дар фасли тирамоҳ байни мардум бемориҳои роҳи нафас ва шамолхӯрӣ зиёд мешаванд. Аммо ин бемориҳо ба пандемияи коронавирус рабте надоранд. Натиҷаҳои таҳлилу ташхисҳои тиббӣ, ки дар байни одамони ба бемориҳои роҳи нафас ва шамолхӯрда мубтало гузаронидаанд, набудани коронавирус дар узви онҳоро собит намуданд.
Баъдан дар бораи он бештар ҳарф мезаданд, ки дар бемористон беморони аз коронавирус сироятшуда бо тамоми дорувор ва таҷҳизоти зарурии тиббӣ таъмин мебошанд. Гап дар бораи кадом беморон меравад? Оё вилояти Фарғона дар радифи вилоятҳои минтақаи сабз қарор надорад?
Маълум шуд, ки барои бемористонҳои соири шаҳру ноҳияҳо ва маркази вилоят ба таври иловагӣ боз 25 дастгоҳи нафаскашии сунъии ИВЛ ва SPAP оварданд ва теъдоди ин дастгоҳҳоро ба 200 адад афзоиш додаанд.
Ғайр аз ин, муассисаҳои тиббии вилоят бо 764 дона консентратори ҳаво ва панҷ ҳазор дона оксиметрҳои набзсанҷӣ таъмин карда шуданд. 80 ҳазор тести экспресс харидорӣ ва ба вилоят оварда шуданд.
Манзури нигорандаи ин сатрҳо ҳамин аст, ки вируси бемории хатарноки коронавирус чизе нест, ки онро пӯшида нигаҳ дорӣ. Тавре ки дар урфият мегӯянд, “Бемориро руст кунӣ, табаш фош менамояд”. Чанд муддат вилояти Фарғона ба минтақаи сабз ворид карда шуд, вале маълумотҳои зиёд аз ҳақиқат дур будаанд. Ба ибораи дигар, дар айни ҳол шахсони зиёд аз ин беморӣ ҳалок шудаанд.
– Танҳо маълумоти имрӯза ҳаминро нишон медиҳад, ки 29 нафар беморони аз коронавирус фавтидаро ба мурдахона интиқол додаанд, – мегӯяд яке аз имомхатибони масҷиди  ҷомеи шаҳри Фарғона. – Имрӯз майити панҷумро дар ин қабристон дафн намуданд.
Дарвоқеъ, мо барои дафн кардани завҷаи ҳамсояамон – Маннобака ба яке аз қабристонҳои ин шаҳр рафтем. Ғайр аз он ки ин майит ба хок супурда шуд, дар паҳлӯи қабри ӯ боз чаҳор қабри дигарро кофта тайёр карда буданд.
Агар ба омори байналмилалӣ назар афканем, маълум мешавад, ки бештар аз 50 миллион шаҳрвандони кишварҳои гуногун ба КОВИД-19 сироят шудаанд. Наздики якуним миллион нафари онҳо аз ин беморӣ ҷон бохтаанд. Барои ҳамин ҳар як шаҳрванди кишвари моро лозим аст, ки ҳам худро ва ҳам атрофиёнашро эҳтиёт кунад.

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори 
“Овози тоҷик”.

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: