БАРОИ ВОҲИМА САБАБЕ НЕСТ

Ҳокими вилояти Сурхондарё Тӯра Боболов аз бозорҳои марказии деҳқонии шаҳри Тирмиз ва ноҳияҳо боздид ба амал оварда, бо чораҳое, ки бар муқобили бидуни асос боло бардоштани нархҳо истифода мешаванд, шинос шуд.

Ҳокими вилояти Сурхондарё Тӯра Боболов аз бозорҳои марказии деҳқонии шаҳри Тирмиз ва ноҳияҳо боздид ба амал оварда, бо чораҳое, ки бар муқобили бидуни асос боло бардоштани  нархҳо истифода мешаванд, шинос шуд. 
Ба роҳбарони ташкилоти масъул супориш дода шуд, ки вазъиятро дар бозорҳо таҳти назорати қатъӣ қарор диҳанд, нисбати бидуни  асос баланд бардоштани нархҳо чораҳои қатъӣ бинанд, ба «сарватманд» гардидани баъзе соҳибкорони бевиҷдон вобаста ба вазъияти фароҳамомада роҳ надиҳанд.
Ҳоким дар бозори марказии деҳқонии «Яшил дунё»-и шаҳри Тирмиз бо фурӯшандагону харидорон ҳамсӯҳбат шуд. Бинобар роҳ надодан ба воҳима, бидуни асос боло бардоштани нархи наво мубодилаи афкор ба амал омад. 
– Дар кишвари мо бобати бидуни талафот паси сар намудани касалии коронавирус тамоми чораҳо андешида мешаванд, – гуфт Тӯра Боболов. – Ман ин суханонро на барои дилбардории шумо, балки бо назардошти хабардорӣ аз вазъият мегӯям. Маҳсулоти изофавии хӯрокворӣ, доруворӣ ва молҳои дигарро харид накунед. Дар вилояти мо ҳаёти орому осуда идома дорад. Барои воҳима асосе нест. Фикр дар бораи он ки агар маҳсулотро дар ҳаҷми зиёд харид кунем, ин боиси баланд гардидани нархи наво мешавад, асосе надорад. Ягон бозор, дукони савдо ё худ нуқтаи хӯрокхурӣ пӯшида намешавад. Ҳамчунин ба бидуни асос ба баланд бардоштани нарх роҳ дода нахоҳад шуд.
Вазъият дар бозор ва мағозаҳо таҳти назорати доимии ҳокимияти вилоят қарор дорад. Дар маҳалҳо аз ҷумлаи кормандони департаменти назди прокуратура ва мақомоти андоз ситодҳои махсус ташкил гардидаанд. Дар маркази Тирмиз ва ноҳияҳо бозорҳои хӯрокворӣ амал мекунанд. Барои ин дар минтақа захираи зарурии хӯрокворӣ мавҷуд мебошад.

Холмӯъмин 
МАМАТРАИМОВ, 
хабарнигори ӮзА. 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: