БЕМОРИҲОИ ГИПЕРТОНИЯ ВА АСОРАТИ ОН ДАР ВОҲАИ СУРХОН

Дар мақолаи мазкур дар хусуси ҷараёни касалии гепертония (баландшавии фишори хун) дар минтақаи Сурхондарё, усулҳои табобат, дараҷаи ривоҷёбии асорати он ва чораҳои пешгирӣ кардани он сухан меравад.

Дар ин самт барои пешгирӣ кардани асорати он таҳлилҳои асосноки илмӣ бурда шуд. Аз 124 нафар гирифтори ин беморӣ таҳлил гирифта, натиҷабардорӣ гардид.
Касалиҳои дил ва рагу хун, чуноне ки дар аксар мамлакатҳои дунё муаммои долузарб ҳисоб меёбад, дар кишвари мо низ мавқеи асосиро ишғол менамояд.
Дар айни замон дар миёни калонсолон гирифтори гипертония хеле зиёд буда, аз оқибату асорати он чандин касалии дигар низ пайдо мешавад. Дар миёни калонсолон танҳо гирифтори артериал-гипертензия (баландшавии фишор) тахминан 20-25 фоизро ташкил медиҳад. Яъне аз ҳар чор ёки панҷ нафар аҳолӣ аз баландшавии фишори хун азият мекашанд.
Маълум, ки шароити иқлими минтақаи Сурхон нисбати дигар ҷойҳои ҷумҳурӣ гарм ва хушк буда, ба организми инсон, алалхусус, гирифтори касалии гипертония таъсири калон дорад. Омилҳои хавфноки хурӯҷи гипертония – моилӣ ба ирсият, тарзи нодурусти хӯрокхӯрӣ, камҳаракатӣ, вазни зиёдатӣ, фишори рӯҳу асаб, номӯътадилии хоб, кашандагӣ, аз меъёр зиёд истеъмол намудани машруб, ҷараёнҳои экологӣ, касалиҳои эндокринологӣ, фарбеҳӣ, вайроншавии организм мебошанд.
Синдроми гипертензияи артериал (ҳама намудҳои баландшавии фишор), яъне ҳама ҳолатҳои баландшавии мунтазами фишори хун дар назар дошта шудааст. Чуноне ки дар боло қайд намудем, ривоҷи касалии мазкур ба насли инсон вобастагии қавӣ дорад. Агар аз падар ва ё модар яке гирифтори гипертония бошанд, ба фарзанд эҳтимоли 25 фоиз пайдо шудани ин беморӣ мавҷуд ва агар ҳар ду ба ин касалӣ мубтало бошанд, ба фарзанд эҳтимоли 50 фоиз пайдо шудани ин беморӣ ҳаст.
Дар зинаҳои маълуми бемории гипертония хуруҷи стенокардия (хуруҷи дил) мушоҳида шуданаш мумкин. Аз ҳисоби атеросклерози рагҳо (баста шудани рагҳои хунгарди дил) ва гипертрофияи (васеъшавии мушакҳо) меъдачаи чап гардиши хун дар рагҳои хунгузар вайрон мешавад. Дар беморони гипертония аввал хастагии ҷисмонӣ, баъдтар дар ҳолати оромӣ ҳам хурӯҷи стенокардия ва ҳолати нафаскашии душвор мушоҳида карда мешавад, ки ин аз ривоҷёбии норасоии меъдачаи чап далолат медиҳад.
Дар натиҷаи беҳад баланд бардошта шудани фишори хун рагҳои майнаи сар ҳам таранг шуда, гардиши хун вайрон мешавад ва ишемия (вайроншавии гардиши хун дар рагҳо) ба вуҷуд меояд. 
Хуллас, тадқиқоту таҳлилҳо нишон доданд, ки дар минтақаи Сурхон дар беморони гирифтори гипертония аз ҳама зиёд асорати зарарёбии системаи маркази асаб ба мушоҳида мерасад. Дар байни беморон номӯътадилии гардиши хун, астеноневротик (бадҷаҳлӣ) ва астенодепрессив (бефарқӣ) бештар ба назар мерасад. Дар ҷараёни зиндагӣ ва фаъолияти аксар беморони гирифтори гипертония таъсири гармӣ ва хушкии иқлими минтақа баръало ҳис карда мешавад. Дар байни занон нисбати мардон бемори гирифтори гипертония 59 фоиз зиёд бошад ҳам, лекин асорати он дар байни мардон нисбат ба занон зиёд ба мушоҳида мерасад. Барои пешгирӣ намудани ин ҳолати номатлуб дар муассисаҳои тиббии оилавӣ корҳои тарғиботиро боз ҳам бештар бурдан ба мақсад мувофиқ аст. 
Дар натиҷаи ташхис ва таҳлил аниқ гардид, ки аз 124 бемор 120 нафараш анамнези оилавӣ, яъне падару модар ва ё хешу табори наздикаш бо гипертензияи артериал ба дараҷаҳои гуногун мубтало шудаанд ва ё худ ба тартиби хӯрокхӯрӣ қатъӣ риоя накардаанд.
Аз ин бармеояд, ки ба ривоҷёбии касалии гипертония пеш аз ҳама хавфи асосӣ ба насл моил будани касалӣ мебошад ва тарзи хӯрокхӯрӣ низ аҳамияти муҳим касб мекунад. Ба ҷуз ин, муҳити экологиро ба инобат гирифта, дар ҷойҳо корҳои ташвиқотӣ-тарғиботиро бештар бурдан мувофиқи мақсад аст.

Илҳом САФАРОВ, 
роҳбари шуъбаи бемориҳои дил ва рагу хуни шуъбаи вилоятии Маркази илмӣ-амалии ихтисосонидашудаи кардиологияи Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: