ШИФОКОРИ ОЗАР – МУШОВИРИ САРДОРИ САДОРАТИ ТАНДУРУСТИИ ВИЛОЯТ

Доктори илмҳои тиб Рошад Шолан аз уролог-ҷарроҳони маъруфи Озарбойҷон муаррифӣ шудааст.

 Вай тавассути ҷарроҳӣ, трансплантатсия ё интиқоли узви як инсон ба инсони дигар ба ҷони беморони зиёд марҳам бахшидааст. Зимни мулоқоти ҳокими вилоят Хайрулло Бозоров бо ин шифокори маъруф, ки бо иштироки як гурӯҳ мутахассисони соҳаи мазкур ба вуқӯъ пайваст, масъалаи мушовири сардори Садорати нигаҳдории тандурустии вилоят таъин намудани ӯ баррасӣ гардид. 
– Аз моҳи июни соли 2022 дар сохтори тандурустии вилояти мо шифокорон аз таҷрибаҳои Рошад Шолан баҳраманд мешаванд. Вай барои боло бурдани сифати хидматрасонии тиббӣ ба беморон ва рафъи бемориҳои урологӣ бо онҳо аз наздик ҳамкорӣ карда меояд. Ин саҳми ӯ баёнгари он аст, ки соҳаи тандурустии вилоят ба кумаки вай барин уролог-ҷарроҳ ниёз дорад. Барои ҳамин тасмим гирифтем, ки ҷаноби Рошад Шоланро мушовири сардори Садорати нигаҳдории тандурустии вилоят таъин кунем, – гуфт Хайрулло Бозоров.
Дар ин мулоқот ба он нукта низ таъкид варзиданд, ки амалиёти кӯчондани гурдаи як инсон ба инсони дигар дар солҳои охир ба яке аз масъалаҳои муҳим табдил ёфтааст. Фароҳам овардани чунин шароит дар вилоят ҳатман мусоидат хоҳад кард, ки як идда беморони ба дарди гурда мубталошуда аз азият наҷот хоҳанд ёфт. 
Дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба интиқол ё трансплантатсияи узвҳову бофтаҳои инсон аз моҳи майи соли гузашта қонунан иҷозат дода шудааст. Президент Шавкат Мирзиёев 11 майи соли 2022 қонун дар бораи трансплантатсияи узв ва бофтаҳои инсонро имзо кард ва он аз ҳамон рӯз эътибор пайдо кард. 
Тибқи қонун, трансплантатсияи узвҳо ва (ё) бофтаҳои донори зинда ё ҷасади инсон танҳо дар сурате татбиқ карда мешавад, ки агар дигар амалиёти ҷарроҳӣ ё амалиёти дигари нигоҳ доштани ҳаёт ё барқарорсозии саломатии инсон вуҷуд надошта бошад. Барои трансплантатсия розигии хаттии ретсипиент (шахси ба узв ё бофтаи ӯ трансплантатсияшаванда) зарур аст. Инчунин розигии хаттии нотариалии донор барои гирифтани узвҳо ё бофтаҳо аз ҷасади ӯ ҳатмист. Бе розигӣ ахзи он ғайриқонунӣ хонда мешавад.
– Ба шумо маълум аст, ки амалиёти аз роҳи ҷарроҳӣ интиқол додани узви як инсон ба инсони дигар кори хеле мураккаб мебошад. Аммо итминон дорам, ки дар вилояти шумо минбаъд ҳамтоёни ман роҳҳои чунин амалиётро давра ба давра аз худ хоҳанд кард ва барои таври мустақил анҷом додани ин амалиёт аз такмили ихтисос хоҳанд гузашт, – гуфт Рошад Шолан.
Ба гуфтаи ҷарроҳи озарӣ то ин замон ба трансплантатсияи гурдаи кӯдакон ва калонсолон  дар мамолики хориҷӣ машғул мешуданд ва он мушкилоти зиёди худро низ дошт. Акнун ин амалиёт бевосита дар иштироки мутахассисони маҳаллӣ дар бемористонҳои вилоят анҷом дода хоҳад шуд. 
– Ин мутахассисон ба василаи иштироки худ малакаву маҳораташонро такмил медиҳанд ва омодаам, ки ҳар гуна кумакҳои заруриро дар ин самт барояшон расонам, – тазаккур дод Рошад Шолан.
Қарор аст, ки зери раҳбарии уролог-ҷарроҳи маъруфи Озарбойҷон дар Маркази урологияи вилоят ва муассисаҳои тиббие, ки бевосита барои ба муолиҷаи бемориҳои урологӣ машғуланд, мониторинг ба роҳ монда мешавад. Он бар асоси муроҷиати беморони мубталои дарди гурда ба вуқӯъ мепайвандад.
Ин хабар ҳатман дар дили беморони дарди гурда шӯълаи умедро фурӯзон хоҳад намуд. Зеро тайи солҳои охир ба теъдоди зиёд ҳамватанони мо дар ивази маблағҳои калон ба Ҳиндустон ва кишварҳои аврупоӣ сафар мекунанд ва худро ҷарроҳӣ карда бармегарданд. Ҳувайдост, ки баъзе амалиёти ҷарроҳӣ муваффақона мебарояд ва баъзеи он бо фавти бемор ба анҷом мерасад. Дар ин миён бемордорон бо харҷи пули зиёд талош ба харҷ медиҳанд, ки беморашон аз дарди гурда зудтар наҷот ёбад ва ба ҳаёт баргардад.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: