ҲАСРАТИ ПИРАМАРД

Пирамард дар сари манзили навканда бо овози баланд нола мекард.

Гиряи ӯ барои ҳамсараш буд, ки панҷоҳ соли умрашонро якҷо гузаронданд. 
Пас аз ба гӯр гузоштан, наздикону пайвандон бо навбат ба манзил хок партофтанд, ба ҷуз пирамард. Ӯ дар канор истода, ҳамоно мегирист. Мулло ба фотиҳа хондан оғоз кард, ӯ дуояшро қариб тамом карда буд, ки фарёди пирамард боз баланд шуд: «Оҳ ҳамсарам... оҳ азизам... туро беҳад дӯст медоштам».
Чунин бо алам гиристани пирамард дар сари гӯри ҳамсараш барои ҳозирон воқеаи нодир буд. Мардум оҳиста-оҳиста гӯристонро тарк карданд, аммо пирамард аз қабри ҳамсараш чашм намеканд. Наздаш омада, ӯро тасаллӣ дода, гуфтанд: «Он чи ки аз дилат мегузарад, мефаҳмем, вале зиндагӣ давом дорад, хез меравем».
– Ҳамсарамро беҳад дӯст медоштам, – боз бо алам гуфт пирамард, – вале инро боре ҳам ба ӯ нагуфтаам.

Таҳияи Р. МУРОДОВА

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: