ПАДАР, ҲАР КӢ ҲАМ БОШӢ, АЗ САРИ МО МАРАВ!

Падар ҳар рӯз ба хона маст меомад.

 Ҳамсарашро дашномҳои гӯшношунид мекард. Ҳарчанд дили Далер ба модараш месӯхт, аммо ҳеч коре аз дасташ намеомад. Хоҳару додараш бошанд, бо шеваи худ падарро накӯҳиш карда, як навъ норозигӣ эълон карда буданд. Ҳафтаҳо бо падар ногап шуда, худро аз ӯ канор мегирифтанд. Вале Далер чун ҳарвақта, гӯё ҳодисае рух надода бошад, хидмати падарро ба ҷо меовард, ба ҳавлӣ дарояд, ба пешвоз мебаромад, аз ҷо мехесту салом медод, ба дасташ об мерехт, гапашро ба замин намегузошт.
Дар яке аз чунин рӯзҳо мард ширмаст ба хона омад ва пурсид: «Медонам, ки аз бадмастиву ранҷҳои расондаам огоҳӣ, дилат дард мекунад. Лек чаро ҳамоно меҳрубону дилсӯзӣ, мисли хоҳару додарат аз ман дурӣ намеҷӯӣ?!»
Писарак посух дод: «Ҳамсинфи ман Шаҳзод падар надорад. Вақте баъзе бачаҳо ӯро «сағира» мегӯянд, бо алам гиря мекунад. Азоби бепадариро аз ӯ шунида, дилам ба ӯ бештар месӯхтагӣ шуд. Аз ин сабаб, падарҷон, маст ҳам шавӣ, ҷангу ҷанҷол ҳам бардорӣ, дили моро озор ҳам диҳӣ, зинда бош! Дашном бидеҳу дар сари мо бимон...»
Баъди ин суханони Далер, ки тоза ба 13 қадам мондаст, дили мард сахт такон хӯрд. Гӯё торсакие хӯрда бошад, дар як лаҳза ҳушёр шуд. Саршори аламу хорӣ дил ба касе накушода, ашки ногаҳонӣ зуд аз чашмаш тоза кард. Пеши худ савганд ёд кард, ки дигар наменӯшад. Ва ҳамин тавр ҳам кард.

Бузургмеҳри БАҲОДУР.   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: