БОЗДИД АЗ ФАРҒОНА

Сафар дар Ватан

Бо таклифи ҳокими вилояти Фарғона, тарбиягирандагони хонаи меҳрубонии рақами 26-уми шаҳри Намангон ба вилояти Фарғона саёҳат карданд. Онҳоро дар зиёратгоҳи «Каптарли мазор» таҳти сарварии ҷонишини ҳокими шаҳри Марғилон Тӯланбой БЕКЗАРОВ вакилони ҳокимияти вилоят самимона пешвоз гирифтанд. Шиносоӣ бо маълумот дар бораи чиллахонаи Бурҳониддин Марғинонӣ ба меҳмонон писанд омад.
Шароитҳои фароҳамовардашуда дар «Боғи эҷодкорон», ки ҳудудаш 7 гектар буда, аттраксионҳо ҳам дорад, «Боғи собиқадорҳо», экспонатҳои осорхонаи Эркин Воҳидов ҷолиби диққат буданд. Ба тарбиягирандагон аз тарафи роҳбари осорхона Мамлакат Ҳайдарова доир ба ҳаёт ва фаъолияти эҷодии шоир Эркин Воҳидов маълумот дода шуд. Дар он мушоира баргузор гардид. Тарбиягирандагон ба осорхона маҳсулоти ҳунармандии худро туҳфа карданд.
Дар «Маркази ҳунармандон»-и Марғилон аз ришта қолинҳо, матоъҳои хонатлас ва адраси миллӣ истеҳсол мешаванд. Ҷараёни тамошои кори бофандаи шинохта Маъмура Мадраҳимова, суҳбат бо коргардон Иброҳим Султонов барои тарбиягирандагон хеле хотирмон буд.
Дар шаҳри Фарғона меҳмононро намояндагони ҳокимияти вилоят Шаҳноза Ӯринова, Фирӯза Мамасолиева, ҷонишини ҳокими шаҳри Фарғона оид ба масъалаҳои ҷавонон Фарҳод Абдилазов, раиси Шӯрои Иттифоқи ҷавонони шаҳри Фарғона Давлатбек Бабаев истиқбол карданд.
Боздиди навбатии сайёҳони хонаи меҳрубонӣ аз «Водий тулпорлари от копмлекси» буд. Суҳбат бо ҳокими шаҳри Қувасой Равшан Раҳимҷонов ва роҳбари марказ Асқаралӣ Узоқҷонов хеле ҷолиби диққат гузашт. Ҳокими шаҳри Қувасой ба тарбиягирандагон зиёда аз 80 китоб туҳфа кард. Тамошои «Боғи ҳайвонот», ки ба он Турсуналипаҳлавон сарварӣ мекунад, ба сайёҳони хонаи меҳрубонӣ шодиву сурур бахшид.
Вохӯрӣ бо ҳокими шаҳри Фарғона Ҳамидҷон Ҳабибиддинов низ басо шавқовару ҷолиб буд ва ба меҳмонон таассуроти неку фаромӯшношуданӣ гузошт.

Дилором АБДУРАҲИМОВА,
директори хонаи меҳрубонии рақами 26-уми шаҳри Намангон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: