БЕҲТАРИНҲО ҲАМ САВОДИ КОФӣ НАДОРАНД

Як озмуни фаннӣ аз забон ва адабиёти тоҷик даҳҳо муҳассилони мактабҳои таълими умумиро дар ноҳияи Деҳқонбоди вилояти Қашқадарё гирдиҳам овард.

Як озмуни фаннӣ аз забон ва адабиёти тоҷик даҳҳо муҳассилони мактабҳои таълими умумиро дар ноҳияи Деҳқонбоди вилояти Қашқадарё гирдиҳам овард.
Намояндагони мактабҳои тоҷикии ноҳия дар мактаби рақами 69 ҷамъ омадаву вориди сабқат шуданд. Дониши онҳо аз рӯи як шарти озмун (саволҳои тест) санҷида шуд ва аз ҷониби доварон баҳогузорӣ гардид. Аммо узви ҳайати доварон Эшонқул Ҳамроев (омӯзгори мактаби рақами 87) бо нигаронии  бештар гуфт, ки дар ҷаҳорчӯби саволҳои тест фаро гирифтани озмуни фаннӣ аз забон ва адабиёти тоҷик имкони баҳогузориро ба дониши шогирдон маҳдуд месозад. Дар чунин сурат саводи назарии хонандагон имтиҳон мешавад, аммо дониши хаттӣ ва шифоҳии онҳо аз назарҳо дур мемонад, ки ба талаботи фанни забон ва адабиёт хилоф аст. 
Маълум гардид, ки солҳои қаблӣ дониши хаттии хонандагон низ санҷида мешуд ва ин боиси афзудани ҷаззобияти озмун мегардид. Аммо чаро дар озмунҳои ноҳиявӣ саводи хаттии хонандагон, луғатдонии онҳо, нутқи шифоҳии онҳо санҷидаву баҳогузорӣ намегардад? Эшонқул Ҳамроев гуфт, ки дар низомномаи  озмунҳои ноҳиявӣ аз фанни забон ва адабиёти тоҷик шартҳои дигаре ворид нашудаанд ва онҳо дар озмунҳои сатҳи вилояту ҷумҳурӣ сабт гардидаанд.
Ҳамин тавр, дар ноҳияи Деҳқонобод хонандагони синфҳои  9, 10 ва 11-уми мактабҳои таълимашон тоҷикӣ аз фанни забон ва адабиёти тоҷик дар озмун ширкат варзида, барои гирифтани се ҷойи асосӣ  мубориза бурданд. 
Баҳогузории доварон ба дониши шогирдони синфи 9 аз рӯи саволномаҳои тест ба тариқи зайл ҷамъбаст гардид: бо забти 35 хол хонандаи мактаби рақами 46 Азиза Қурбонова ба ҷои аввал, Қаҳҳорова Чирой аз мактаби рақами 87 (27,4 хол) зинаи дуюм ва Амонтурдиев Назарбек аз ҳамин мактаб (24,6 хол) ҷои сеюмро ишғол намуданд.
Дар байни хонандагони синфи 10 Ойбек Насриддинзода аз мактаби рақами 98 ба ҷои аввал сазовор дониста шуд ва ӯ 24,4 хол ҷамъоварӣ кард. Ду шогирди мактаби рақами 10 Гулшода Шодиева бо забти 24,2 хол дар зинаи дуюм ва Ҷӯраева Нозима бо гирифтани 22,4 хол дар зинаи сеюм қарор гирифтанд.
Хонандагони синфҳои 11 пас аз ҷамъбасти ҷавоб ба саволномаҳои тест ба чунин натиҷа расиданд: Асилбек Чоршанбиев шогирди мактаби рақами 8 (33,5 хол) ҷои аввал, Дурдона Дӯсанова хонандаи мактаби рақами 81 (32,7 хол) ҷои дуюм ва Ҷумъа Ашуров хонандаи мактаби рақами 10 (30 хол) мақоми сеюмро ишғол намуданд.
Бояд гуфт, дар саволномаҳо 30 савол дарҷ гардида, хонандагон дар сурати бехато ёфтани ҷавоби онҳо 100 холи максималӣ ҷамъ меоварданд. Аммо аз натиҷаи ҷамъбасти озмуни ноҳиявии забон ва адабиёти тоҷик дар байни макотиби тоҷикии ноҳияи Деҳқонобод ба чунин хулоса расидан мумкин аст, ки ғолибони озмун ҳадди ақалл ба 50 фоизи саволҳо ҷавоб наёфтаанд. Ин аз он далолат медиҳад, ки дараҷаи саводнокии шогирдон дар сатҳи паст қарор дорад ва мутаассифона, устодони фанҳои забон ва адабиёти тоҷик дар кори тадриси шогирдони худ саҳлангорӣ мекунанд. 
– Кам шудани соатҳои дарсии фанҳои забон ва адабиёти тоҷик ва аз ҳисоби он таълим додани фанни забонӣ русӣ ба он оварда расонидааст, ки хонандагони мактаб ба таври бояду шояд дониш намегиранд, – гуфт омӯзгори мактаби рақами 87-уми ноҳияи Деҳқонобод Тӯйчӣ Чориёров.
Эшонқул Ҳамроев – узви доварони озмун гуфт, бо чунин савод даргумон аст, ки ғолибони ноҳиявии озмуни фанни забон ва адабиёти тоҷик аз Деҳқонобод дар озмунҳои сатҳи вилоятиву ҷумҳурӣ ғолибият ба даст оваранд.

Шариф ХАЛИЛ, 
хабарнигори «Овози тоҷик» 
дар вилояти Қашқадарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: